Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси Назарбоев аз Трамп барои ҳимоят аз тамомияти арзии Қазоқистон


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсулон Назарбоев аз ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп барои пуштибонӣ аз тамомияи арзии Қазоқистон, сипосгузорӣ кардааст. Руасои ҷумҳури Амрико ва Қазоқистон ҳамчунин дар робита ба амнияти минтақавӣ, масоили иқтисодӣ ва равобити дуҷониба, сӯҳбат кардаанд.

Дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигорон Нурсултон Назарбоев Доналд Трампро ба муносибати як соли маъмурияташ ба унвони президенти Амрико табрик гуфтааст. Раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, ки "Қазоқистон ҳамеша бо Амрико робитаҳои нек дошт ва мо аз Амрико барои пуштибонӣ аз истиқлолият ва тамомияи арзии Қазоқистон, сипосгузорӣ мекунем."

Дар Қазоқистон, ки аксарияти аҳолии онро қазоқҳо ташкил медиҳанд, шумораи қобили мулоҳизаи аҳолиро русзабонҳо ташкил медиҳанд ва аксарияти онҳо дар қисмати шарқии Қазоқистон дар марз бо Русия ба сар мебаранд.

Назарбоев дар ин бора тавзеҳи зиёд надод. Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон аз сиёсатҳои Русия дар баробари кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба вижа пас аз ишғоли Қрим аз сӯи Маскав, нигарон мебошанд. Нимҷазираи Қрим дар моҳи марти соли 2014 ба Русия ҳамроҳ карда шуд ва танишҳоеро миёни Маскав ва Ғарб ба миён овард.

Дар Қазоқистон, ки аксарияти аҳолии онро қазоқҳо ташкил медиҳанд, шумораи қобили мулоҳизаи аҳолиро русзабонҳо ташкил медиҳанд ва аксарияти онҳо дар қисмати шарқии Қазоқистон дар марз бо Русия ба сар мебаранд.

Трамп панҷумин президенти Амрико аст, ки Нурсултон Назарбоев дар 26 соли сари қудрат будани худ аз замони касби истиқлол аз Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамкорӣ мекунад. Дар ин марҳила Назарбоев тавонист, ки кишварашро ба як қудрати иқтисодии минтақавӣ табдил дода, сармояи хориҷии қобили таваҷҷӯҳеро барои истихроҷи манбаъҳои табиӣ, дар дараҷаи аввал газ, ҷазб намояд. Майдонҳои Тенгиз ва Кашаған дар Баҳри Каспий бузургтарин манбаъҳои кашфшудаи нафтӣ мебошанд.

Аммо Назарбоев ҳама нерӯҳои мухолифи худро аз байн бурд ва ҳоло барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар хеле душвор аст, ки мустақилона фаъолият кунанд. Назарбоев ҳоло 77-сола аст ва яке аз дарозумртатин раҳбарон дар кишварҳои Шӯравии собиқ мебошад ва солҳои ахир пурсишҳо дар бораи кӣ ҷойгузини вай хоҳад шуд, зиёд садо медиҳанд.

Дар изҳороти худ дар Қасри Сафед, прездент Доналд Трамп Қазоқистонро "қавӣ, озод ва мустақил" хонд ва афзуд, ки ин кишвар "дӯст ва шарики стратегӣ"-и Амрико мебошад. Вай ҳамчунин аз Назарбоев барои кӯмак барои убури таҷҳизоти низомии Амрико ва низомиёнион кишвар ба Афғонистон аз қаламрави Қазоқистон, сипосгузор кардааст.

Назарбоев ҳамзамон бо дарназардошти мавқеияти кишвараш байни ду абарқудрат -- Русия ва Чин аз Амрико хост, ки ба талошҳояш дар чаҳочӯбаи гурӯҳи C5+1 идома диҳад. Ин тарҳ дар замони маъмурияти президенти қаблии ИМА Барак Обама рӯи даст гирифта шуд ва ҳадафи он ҳамкориҳои амиқ бо Қазоқистон ва чаҳор кишвари дигари Осиёи Миёна -- Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон мебошад.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, ки кишвараш ба таври физикӣ ҳамсояи Русия мебошад ва аз наздик равобити Амрико ва Русияро дунболагирӣ мекунад. Нурсултон Назарбоев ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш барои харидоани ҳавопаймоҳои бештари "Боинг" ба тавофуқ расидааст. Миёни хабарнигорон ва президенти Қазоқистон суоли ҷавобе сурат нагирифт.

Қабл аз ин мулоқот, Кохи Сафед гуфта буд, ки интизор меравад ду роҳбар дар бораи вазъияти амниятӣ дар Афғонистон низ сӯҳбат кунанд. Хабаргузории расмии Қазоқистон -- Kazinform гуфт, ки Трамп ва Назарбоев ҳамчунин равобит бо Русия, бӯҳрони Сурия ва ҳамчунин ҳамкориҳои тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Қазоқистон дар ҳоли ҳозир раҳбарии давраии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро ба ӯҳда дорад. Рӯзи 14-уми январ намояндаи доимии Қазоқистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Кобул бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот кард. Ба ин ҳайат сафири Амрико дар СММ Никки Ҳейли ва дипломатҳо аз Чин, Русия ва Бритониё шомил буданд.

Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, ки Нурсултон Назарбоев рӯзи 18-уми январ дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ширкат мекунад ва дар робита ба манъи густариши силоҳи ҳастаӣ суханронӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG