Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина ошкор кардааст, ки Русия танҳо дар нуҳ моҳи охир бо ваъдаву фиреб ё зӯр 1400 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро барои иштирок дар ҷанги зидди ин кишвар ҷалб кардааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, хостааст, президенти Украина Владимир Зеленскийро ба гуфтушунид барои поён додан ба ҷанги васеъмиқёси Русия алайҳи Украина ҳамроҳ накунанд. Вай рӯзи 19-уми октябр дар изҳороте азми Зеленскийро барои расидан ба созиши сулҳ зери шубҳа гузошт.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Вашингтон талошҳоро барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина идома хоҳад дод. Ӯ ҳангоми мулоқот бо ҳамтоёнаш аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳушдор дод, ки хатари густариши низоъ берун аз марзҳои Русия ва Украина вуҷуд дорад.
Мансабдорони Украина қарори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро барои татбиқ накардани таҳримҳои наву фарогир алайҳи Русия сахт танқид карда, гуфтанд, ин тасмим “ба кишвари таҷовузгар паёми нодуруст мефиристад” ва “танҳо ба русҳо кумак мекунад”.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо барномаи густурдаи дипломатӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла бо ҳайате аз раҳбарони ширкатҳои тиҷорӣ, ба Осиёи Марказӣ меравад. Минтақаи иборат аз панҷ кишвар, ки солҳо боз зери нуфузи афзояндаи Русия ва Чин қарор дорад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои харидани силоҳу муҳиммот ҳарчи бештар ба Ҳинду Чин, Туркия ва Аврупо рӯй оварда, кӯшиш доранд, ки вобастагии худро дар ин замина аз Русия кам кунанд.
Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки дар ҳамлаи нави Ҳусиҳо ба фурудгоҳи шаҳри Риёз 1 нафар кушта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Хабарнигорони бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нусхаи санадеро аз моҳи августи 2026 ба даст овардаанд, ки дар он теъдод ва навъи силоҳҳои мавриди ниёзи Русия барои ҳамла ба зербунёдҳои ҳаётии Украина, аз ҷумла истгоҳҳои барқу об ва гармӣ навишта шудааст.
Ёфтҳои бештар