Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бораи Озодӣ

Дар бораи "Озодӣ"

Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Радиои Озодӣ бахше аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аст, ки бо сармоягузории Конгресс ва тавассути Оҷонси Суханпарокании Байналмилалии Амрико (USAGM) кор мекунад. Вале мақомоти давлатии Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла USAGM, ҳақ надоранд, ба мазмуни гузоришҳои он дахолат кунанд.

Рисолати Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тарғиби арзишҳои демократӣ бо пешниҳоди ахбори дақиқу бидуни сензура ва баҳсҳои ошкор дар кишварҳоест, ки озодии баён зери хатар монда, пахши маълумоти бардурӯғ фарогир шудааст. Радиои Озодӣ аз фишор намеҳаросад, дар бораи ҳодисаҳо бодалел гузориш медиҳад.

РАО/РО талош мекунад, ба баландтарин меъёрҳои журналистикаи объективӣ ҷавобгӯ бошад ва хабару маълумотро бе тарс аз фишор ё талоши таъсиррасонӣ пешкаш кунад.

МАЪЛУМОТ

XS
SM
MD
LG