Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр 35-умин солгарди истиқлоли хешро таҷлил кард. Дар ин муддат, ба мушкилоти зиёде ҳам дучор шудааст ва дастовардҳое низ доштааст. Радиои Озодӣ аз се коршинос, яке дар дохил ва ду нафар аз Аврупову Амрико хост, ҷиддитарин мушкилоту дастовардҳои кишварро бигӯянд.