Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ эътироф карданд, ки ҳамла ба корхонаҳои нафтии Русия ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон “бевосита таъсир расондааст”. Онҳо дар ин маврид аз ибораи “нооромиҳои сиёсӣ” низ истифода карданд, аммо шарҳ надоданд.
Ба зидди 45 корманди “Шабакаҳои тақсими барқ” дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, беш аз 260 тани дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Раиси Оҷонси назорат дар соҳаи энержӣ гуфт, ин афрод ба дуздӣ ва изофанависӣ ба маблағи зиёда аз 37 миллион сомонӣ гумонзад ҳастанд.
Ҳамлаҳои паҳподии Украина ба полоишгоҳҳо ва ё корхонаҳои коркарди нафти Русия боис шудааст, ки маводи сӯхт – бензину солярка дар Тоҷикистон гарон шавад. Солярка ба иловаи гаронӣ камчин низ шудааст.
Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Тоҷикистон рӯзи 11 июл хабар дод, ки бо гумони изофанависӣ ба суратҳисобҳои барқи беморхонаву мактабҳои ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар вилояти Хатлон Эшмуродов А.Ф., муҳосиби шуъбаи фурӯши шабакаҳои барқи ноҳияро дастгир кардааст.
Дар Тоҷикистон ҷустуҷӯи конҳои нави маъдану минералҳои нодир ва омӯзиши онҳо зиёд шудааст. Намояндагони Саридораи геология дар нишасти хабарӣ гуфтанд, даҳҳо ширкати дохилӣ ва хориҷӣ ба коркарди маъдану минералҳои нодири Тоҷикистон машғуланд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе, ки раёсаташро писари раисҷумҳури Тоҷикистон бар уҳда дорад, баъди беш аз як соли баҳсу нигарониҳо, хостааст, ситондани 100 сомонӣ "ҳаққи ҳаррӯза" аз ронандагони таксӣ дар пойтахт бозбинӣ шавад.
Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ, ба ҷуз Русия бо чанд кишвари дигар гуфтугӯ доранд. Баъди ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия, дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ якбора боло рафт.
Дар пайи муваққатан манъ шудани содироти сӯзишвории ҳавопаймо аз Русия, мақомоти Тоҷикистон талош доранд аз кишварҳои дигар маводи сӯхт ворид кунанд. То ин вақт Тоҷикистон сӯзишвории мавриди ниёзаш, аз ҷумла барои ҳавопаймоҳоро аз Русия мегирифт.
Муҳаммадзариф бинокор аст ва дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия, дар сохтмоне якҷоя бо коргарони литвонӣ ва русу беларусу узбек кор мекунад. Ҳашт сол пеш аз Тоҷикистон омадааст.
Ёфтҳои бештар