Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 миллион сомонӣ. Ҷузъиёти боздошти як мансабдор дар Суғд

Парванда барои дуздии миллионҳо сомонӣ дар Гулистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Як мансабдори баландпояро дар шаҳри Гулистон дастгир кардаанд. Ойбек Обидзода ба тасарруфи қариб 13 миллион сомонӣ, ҳудуди якуним миллион доллар, пули буҷа гумонзад аст. Боздошти ӯ ду моҳ пеш сурат гирифта, мақомот нав ба хабарнигорон ҷузъиёт доданд.

Сафар Салимзода, раиси Идораи зидди фасод дар вилояти Суғд, гуфт, алайҳи Ойбек Обдизода бо чор банди қонун парванда боз кардаанд.

“Дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Мебинем, месанҷем, кӯшиш мекунем, ки маблағи буҷа пурра ба давлат барқарор карда шавад. Қисми зиёди маблағ барқарор шуда, қисми дигараш мондааст. Фикр мекунам, рӯзҳои наздик пули боқимонда пурра ба давлат барқарор карда мешавад.”

Мавқеи боздоштшуда ё наздикону вакили мудофеаш ба иттиҳом дастрас нест.

Ба иттилои расмӣ, ки тасдиқаш феълан аз манобеи мустақил имконпазир нест, Ойбек Обидзода то ин дам 9 миллион сомонӣ пули буҷаро ба давлат бозгардондааст.

Илҳом Пӯлодзода, шаҳрдори Гулистон, дар як нишасти хабарӣ дар моҳи июли имсол будани чунин мушкилро тасдиқ кард: “Дар куҷое кор ҳаст, камбудӣ ҳаст. Он шахсони масъуле, ки ба ҳамин корҳо роҳ додаанд, аз тарафи Агентӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.”

Дар шаш моҳи аввали имсол ин танҳо мавриди азхудкунии пули буҷа дар минтақаҳои вилояти Суғд набудааст. Масъулони Идораи мубориза бо фасоди молӣ дар вилояти Суғд бе овардани ному тафсилот гуфтанд, чандин мавриди дигарро дар шаҳрҳои Конибодому Исфараву Хуҷанд ва ноҳияҳои дигар сабт карда, сабабгоронро ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Бори аввал нест, ки баъзе аз мансабдорон дар Тоҷикистон ба ришвагирӣ ва қаллобиву тасарруфи пули буҷа дар Тоҷикистон дастгир мешаванд.

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ки бо гумони азхудкунии садҳо миллион сомонии буҷа дастгир шуда буд, пурра аз ҷавобгарӣ озод гаштааст.

Аз ин пеш Додгоҳи шаҳри Душанбе панҷ мансабдори дигари Фурудгоҳи байнулмилалии пойтахтро, ки бо айни иттиҳом дастгир шуда буданд, баъди пардохти ҷарима озод кард.

Раҳоии онҳо баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе онро иҷрои одилонаи қонун ва баъзеи дигар бесобиқа ва зидди усули адлия номиданд.

Ҳоло нигоҳҳо ба қазияи Ойбек Обидзода нигаронда шудааст, ки бо чӣ ба поён хоҳад расид. Парвандае, ки ба 13 миллион сомонӣ, муодили тақрибан якуним миллион доллар пули буҷа, пайванд дорад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG