Мерос Тасжарғанов моҳи август бо умеди кори беҳтар ва дарёфти 90 ҳазор рубли русӣ, муодили ҳазор доллар, моҳона ба шаҳри Курски Русия рафт. Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар як корхонаи истеҳсоли гӯшт фаъолият дошт, аммо як рӯз аз онҷо маҷбурӣ ба маркази ҷалби одамон ба артиши Русия бурда шуд.