Пирӯзии Ҳизби демократ дар интихоботи миёндавраии Амрико тавозун (баланс)-и қудратро дар Конгресс дигар карда, ба ин ҳизб имкони бештари назорат ва таъсиргузорӣ ба қабули қонунҳо ва сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида нисбат ба Русия, Украина ва Эронро фароҳам хоҳад овард.
Бино ба пешбинии чанд созмони муътабари хабарӣ дар Амрико, мавҷи пирӯзии демократҳо дар интихоботи 3-юми ноябр метавонад назоратро ба Сенат ва Маҷлиси Намояндагон аз дасти Ҷумҳурихоҳони ҷонибдори Доналд Трамп бигирад.
"Бо демократҳо кор хоҳем кард"
Ин пирӯзӣ мувозинати қудратро дар Конгресс ба таври чашмрас тағйир дода, ба демократҳо барои назорат ба дахлу харҷ, кори ҳукумат ва пешниҳодҳои президент салоҳияту нуфузи бештар медиҳад.
Ба навиштаи The New York Times, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, омодааст, натиҷаҳои интихоботро бипазирад ва бо демократҳо ҳамкорӣ кунад. Вай афзудааст, “мо бо демократҳо кор хоҳем кард ва мунтазири ҳамкорӣ бо онҳо хоҳем буд. Эҳтимол ба як созише мерасем.”
Трамп салоҳиятҳои густардаи худро дар бахши дипломатия ва амалиёти низомӣ нигоҳ медорад, дар ҳоле ки мухолифати ҷумҳурихоҳон ва ҳаққи ветои президент низ метавонад кӯшишҳоро барои табдил додани пирӯзии демократҳо ба тағйирот дар қонунгузорӣ маҳдуд кунад. Худи ӯ гуфт: "Бубинед, ман салоҳият дорам вето кунам. Ҳарчанд фикр мекунам, зарурате пеш нахоҳад омад. Вале зарур шуд, тавре дар гузашта баъзе президентҳо истифода бурдаанд, вето мекунам."
Ин интихобот замоне баргузор шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ҳамчунон бо Эрон дар ҳоли ҷанг ҳастанд; ҳамлаи густардаи Русия ба Украина идома дорад; бархӯрди Вашингтон бо Маскав ҳамчунон мояи ихтилоф миёни ду ҳизб дар Амрикост.
Чораи берунрафт аз ҷанг
Озмоиш ё имтиҳони зудрас дар сиёсати хориҷӣ барои аъзои нави Конгресс метавонад масъалаи ҷанг бо Эрон бошад. Демократҳо дар шиорҳои интихоботии худ поён додан ба ин низоъро таъкид мекарданд, ки сабаби болоравии нархи энержӣ ва ноустувории иқтисодӣ гаштааст.
Назорат ба Сенат ва Маҷлиси Намояндагон тавоноии демократҳоро барои зери назар гирифтани ҳукумат, зиддият ба афзоиши хароҷоти низомӣ ва талош барои маҳдуд кардани амалиёти ҳарбӣ тақвият хоҳад дод.
Даниа Арайсӣ, раҳбари барнома ва таҳлилгари аршади Пажӯҳишгоҳи New Lines, ба Радиои Озодӣ гуфт, натиҷаҳои интихобот метавонанд Трампро ба ҷустуҷӯйи роҳҳои дипломатии берунрафт аз ҷанг маҷбур кунанд.
“Натиҷаҳои интихобот, бавижа пирӯзии демократҳо дар Маҷлиси намояндагон ва Сенат, қатъан маъмурияти Трампро водор хоҳанд кард, ки барои баромадан аз ҷанг, хусусан бо истифода аз дипломатия ва музокирот, роҳбурд (стратегия) таҳия кунад,” – шарҳ дод ӯ.
Арайсӣ афзуд, демократҳо метавонанд пеши сармоягузории иловагиро ба низоъ гирифта, пас аз шурӯи кори Конгресси нав дар моҳи январи соли 2027 тасмимҳои ҳукуматро таҳқиқ кунанд.
Ин таҳлилгар афзуд, бо назардошти коҳиши тавоноии сиёсии Трамп барои идомаи маъракаи низомӣ, Теҳрон низ дар музокирот шароити беҳтареро талаб хоҳад кард. "Ин ҳамчунон маънои онро дорад, ки ҷониби Эрон барои созиши иловагӣ зери фишор нахоҳад монд," – афзуд ӯ.
Пирӯзӣ ҳаст, таъсираш чӣ?
Бисёре аз таҳлилгарон ҳамзамон ҳушдор додаанд, ки ҳатто бо вуҷуди пирӯзии чашмраси демократҳо, таъсири он ҳанӯз ба ҳеч ваҷҳ тасдиқшуда нест. Доналд Трамп ҳамчунон сарфармондеҳ боқӣ мемонад ва салоҳияти назаррасеро ба амалиёти низомӣ ва дипломатия нигоҳ медорад.
Аксар ҷумҳурихоҳон маъракаи зидди Эронро барои муқобила бо таҳдидҳои ҳастаӣ ва минтақаӣ зарур дониста, аз он пуштибонӣ кардаанд ва эҳтимол ба кӯшиши демократҳо барои маҳдуд кардани маблағгузорӣ дар ин замина муқовимат хоҳанд кард.
Бо вуҷуди ин пайомадҳои иқтисодии низоъ бо Эрон барои маъмурияти Трамп ба як мушкили сиёсӣ табдил ёфтаанд. Болоравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ, ки қисман аз бесуботӣ дар тангии Ҳурмуз вобаста аст, ба демократҳо мадад кард, ин масъаларо ба меҳвари маъракаи интихоботӣ табдил диҳанд.
Конгресси нав ҳамчунин метавонад назоратро ба Пентагон ва вазири дифоъ ё ҷанг Пит Ҳегсет сахттар кунад, дар ҳоле ки гуфтушунид бар сари маблағгузорӣ метавонад сабаби даъвои бештари Конгресс бо Кохи Сафед шавад.
Дар ҳамин ҳол, барои Киев, ки беш аз чаҳор сол боз дар мубориза бо нерӯҳои таҷовузгари Русия ба ҳимояти Амрико такя задааст, натиҷаҳо ҳам номуайянӣ ва ҳам итминони хотир медиҳанд. Чанде аз пуштибонҳои саршиноси Украина дар Конгресс аз мақомҳои худ канор мераванд, аз ҷумла Дон Бейкон, намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва мунтақиди шадидлаҳни Русия, ки барои пуштибонӣ аз Киев борҳо бо ҳизби худ ва Кохи Сафед вориди баҳсу ихтилоф шудааст.
“Ман ҷумҳурихоҳе аз мактаби пешинаи Рейган ҳастам ва ҳамлаи Русияро ба Украина буҳрони муҳимтарине медонам, ки ҷаҳони озод бо он рӯбарӯст,” -- гуфт Бейкон рӯзи 3-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. "Ман умед дорам, мо Конгресси 120-умеро интихоб мекунем, ки дар пуштибонӣ аз дӯсту ҳампаймони мо дасти қавитар дошта бошад,” – афзуд ӯ.
Бархӯрд бо Русия ва ҳимоят аз Украина
Қонунгузорони дигари ҷумҳурихоҳ ба мисли раҳбари пешини аксарият дар Сенат Митч Макконнелл, сенаторҳо Том Тиллис, Билл Кэссиди ва Ҷон Корнин, инчунин, намоянда Майкл Маккол мақомҳои худро тарк мекунанд. Рафтани онҳо чанд садои қавиеро, ки хоҳони бархӯрди сахттар бо Маскав буданд, хомӯш мекунад.
Бо вуҷуди ин, созмонҳои украинӣ ва амрикоӣ мегӯянд, бовар доранд, ки ҳомиёни Киев ҳамчунон дар ду ҳизб дар Амрико боқӣ хоҳанд монд. “Ҳарчанд мо дар ин давраи интихобот пуштибонҳои нерӯманди Украинаро аз даст медиҳем, аммо бовар дорем, ки Украина ҳамчунон аз тарафи намояндагони ду ҳизб аз пуштибонии назаррас баҳравар хоҳад буд,” -- гуфт Майкл Савкив, раиси созмони мустақили Кумитаи Украина дар Конгресси Амрико.
Савкив назорати Конгрессро ба боздошта шудани бастаи охири таҳримҳо алайҳи Русия аз ҷониби маъмурияти Трамп; созиш дар мавриди сӯзишвории дизелӣ; афзоиши ёриҳои амниятӣ ба Украина ва тамдиди мақоми паноҳандагони украиниро аз авлавиятҳои кори Конгресси нав номид.
“Иёлоти Муттаҳида бояд барои онҳое, ки зери таҷовузи хориҷӣ мавриди зулм қарор мегиранд ё мутеъ карда мешаванд, ҳамчунон пешвои ҷаҳон боқӣ монад. Мо уҳдадорем, бо онҳое, ки дубора ё нав интихоб шуданд, кор карда, масъалаҳои муҳимро пеш барем,” – афзуд ӯ.
Ду ёвари аршади як узви ҷумҳурихоҳи Сенат дар умури сиёсати хориҷӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, интихобот метавонад фишори Конгрессро барои ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди Русия бештар кунад. Онҳо ба тарҳи қонуни таҳримҳо ишора карданд, ки бо сенатори пешин ва аз ҳомиёни Украина Линдси Грэм пайванд дорад. Хоҳари ӯ дар интихобот шикаст хӯрд.
Аз ин рӯ Конгрессе, ки зери назорати демократҳо қарор дорад, метавонад талошҳои Доналд Трампро барои пеш бурдани равобити муносиб бо Маскав печидатар кунад, бахусус агар маъмурияти ӯ ба сабуктар кардани бештари таҳримҳо талош намояд.
Аммо қонунгузорон бо маҳдудиятҳо низ рӯбарӯянд. Ҳаққи ветои Трамп ва мухолифати ҷумҳурихоҳон метавонад талошҳоро барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав ё маҷбур кардани маъмурият ба ёриҳои бештари низомӣ ба Украина маҳдуд кунад.
Назорати демократҳо ба Сенат низ ба ин ҳизб барои назорати барнома ё ҷадвали кори қонунгузорӣ, таҳқиқи кумитаҳо ва тасдиқи номзадҳо ба мақомҳои иҷроияву додгоҳӣ нуфузи бештар хоҳад дод. Интизор меравад, сенатори демократ Чак Шумер соли 2027 дубора ба мақоми раҳбари аксарияти ҳизбаш дар Сенат баргардад.
Гуфтугӯ