Қурби рубли Русия рӯзи 3-юми октябр дар бозорҳои пули ин кишвар поин рафта, аз марраи рамзии 100 рубл дар муқобили як доллари Амрико пасттар шуд.
Мусобиқаи даҳуми байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо рӯзҳои 4-5-уми октябри имсол дар ноҳияи Данғара доир мегардад.
Мақомоти Украина гуфтанд, ки Русия дар 24 соати гузашта бо дрону тӯпхона иншооти муҳими иҷтимоиро дар ҷануби ин кишвар нишон гирифтааст.
Ойбек Смадияров, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, вуҷуди рӯйхати "шахсони номатлуб"-ро дар ин кишвар тасдиқ кард. Вай гуфт, онҳое ба рӯйхат дохил мешаванд, ки нисбат ба Қазоқистон бадгӯӣ мекунанд.
Вазорати мудофиаи Туркия гуфт, нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ба маконҳои Ҳизби Коргарии Курдистон дар шимоли Ироқ зарба задаанд.
Духтари 24-солаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ноиби сарвазири ин кишвар таъйин мешавад. Пешниҳод аз тарафи раиси порлумон дар ҷаласаи васеи ҳукумат садо дод. Қодиров аз пешниҳод ҷонибдорӣ кард.
Раисони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон баъд аз изҳороти баҳсбарангези Қамчибек Тошиев дар бораи сарҳад гуфтугӯ ва бино ба баъзе аз хабарҳо ба як санади ниҳоии ҳалли мушкилоти марзӣ имзо кардаанд. Мулоқот рӯзи 2-юми октябр дар ҳудуди вилояти Бодканд гузашт.
Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Перми Русия гуфтанд, маъмурони пулис рӯзи 29-уми сентябр онҳоро дар бозори мева латукӯб ва таҳқир кардаанд. Шикоятҳои ба ин монанд аз Маскав ҳам расид. Мақомот вазъиятро шарҳ надодаанд.
“Мавҷи муҳоҷирони иҷборӣ аз Қаробоғи Куҳӣ ба Арманистон дар рӯзҳои гузашта коҳиш ёфта, ин раванд ба интиҳои мантиқӣ расидааст", -- гуфт Назел Багдасарян, сухангӯи сарвазири Арманистон рӯзи якуми октябр.
Дар пайи сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Хуҷанд 4 дӯкон ба коми оташ рафтааст.
Ёфтҳои бештар