Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам афв нашуданд

Абдухалил Холиқзода, муқоваи "Ҳаводиси рӯзгори ман" ва Абдуқодири Рустам
Абдухалил Холиқзода, муқоваи "Ҳаводиси рӯзгори ман" ва Абдуқодири Рустам

Нависанда ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдуқодири Рустам ва соҳибкор Абдухалил Холиқзода, ки барои нашри китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" якумӣ ба 4,5 ва дувумӣ ба 6,5 сол зиндон маҳкум шудаанд, ба Қонуни афви бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон шомил нашуданд.

Ду вакили мудофеъ рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳарду зиёии тоҷик, ки бар асоси қисми 2-и моддаи 189, яъне “барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)” маҳкум шудаанд, шомили қонуни нави афв нашудаанд. Ҳуқуқдон Нусратулло Мирзоев низ гуфт, ҳатто аз муҳлати ҳукми онҳо кам карда намешавад.

Ба ин тартиб, интизор меравад, Абдуқодири Рустами 68 ва Абдухалил Холиқзодаи 62-сола бо адои пурраи ҳукм, аввалӣ дар соли 2027 ва дувумӣ соли 2029 озод шаванд.

Ин дар ҳолест, ки даҳҳо чеҳраи намоёни адаб ва фарҳанги Тоҷикистон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо озодии онҳоро дархост кардаанд.

Абдухалил Холиқзода ҳамчун нависандаи ёддоштҳои "Ҳаводиси рӯзгори ман" ва Абдуқодири Рустам ҳамчун муҳаррири он се сол пеш боздошт ва муҳокима шуданд.

Боздошти онҳо зимни сару садое дар шабкаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт, ки як гуруҳ фаъолони фейсбукии тарафдори давлат ва мансабдорони ҳукуматӣ роҳандозӣ карданд.

Ин китобро нашриёти "Эр-Граф" чоп кард ва мудири он Сӯҳроб Раҷабзода низ боздошт шуда, як солро дар зиндон гузаронд. Дар он ёддоштҳо ва ақидаҳои шахсии муаллиф Абдухалил Холиқзода дар бораи намояндагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон баҳсбарангез шуда буд.

Баъзе аз хонандагони китоб, нукоти танқидии муаллифро дар бораи ишғоли бизнесҳои шахсӣ, фасод дар ниҳодҳои давлатӣ ҳамчун монеаи рушд, таъсири манфии муҳоҷират, сатҳи пасти фарҳанг ва маориф сабаби асосии ҳамла ба ӯ номиданд.

Нусхаҳои китоб аз фурӯш бардошта ва хондани он мамнуъ эълон шуд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG