Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ҳукми Холиқзода ва Абдуқодири Рустамро шарҳ дод


Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам
Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳукми соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависандаи шинохта Абдуқодири Рустам ва мудири чопхонаи “Эр-Граф” Суҳроб Раҷабзодаро эълон кард. Додгоҳ дар посухи хаттӣ ба хабаргузории “Азия-Плюс” навиштааст, Абдухалил Холиқзода ба 9 сол зиндон ва 76 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шудааст. Қаблан манобеи наздик ба хонаводаи Холиқзода гуфта буданд, ӯро 6,5 сол зиндонӣ кардаанд.

Додрас Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино ва муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва қочоқ гунаҳкор кардааст. Аммо худи Холиқзода қабл аз боздошт дар моҳи августи соли 2023 ин иттиҳомҳоро рад карда буд.

Ба иттилои Додгоҳи олӣ, нависанда Абуқодири Рустам ҳам бо айби барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ба 4,5 сол зиндон маҳкум шудааст. Бархе чеҳраҳои адабӣ боздошти нависандаро маҳкум карда гуфтаанд, мақомот барои ошкорбаёнӣ Абдуқодири Рустамро ҷазо додаанд.

Суҳроб Раҷабзода, мудири чопхонаи “Эр-Граф” бошад як сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Додгоҳ ӯро ба сӯистифода аз ваколат гунаҳкор кардааст. Наздикони Раҷабзода аз ҳама гуна суҳбат дар бораи қазия худдорӣ мекунанд.

Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Суҳроб Раҷабзода моҳи августи соли 2023 ба дунболи интиқодҳо аз китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошту зиндонӣ шуданд. Мақомот мегӯянд, муаллиф дар ин китоб намояндагони бархе маҳалҳоро паст задааст, аммо Абдухалил Холиқзода қабл аз боздошт ин интиқодро рад карда буд.

Дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба фасоду муҳоҷират, фазои нохуби соҳибкорӣ ва сатҳи поини фарҳангу таълим дар Тоҷикистон ишора шудааст.

XS
SM
MD
LG