Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Гулбаҳори обистан. Шавҳар аз табибон домангир аст. САДО


Як сокини ноҳияи Фархор табибонеро, ки ба гуфтааш боиси марги ҳамсар ва тифли ба дунёнаомадааш шудаанд, дар бемасъулиятӣ муттаҳам карда, аз болои онҳо ба додситонӣ шикоят кардааст. Меҳрубон Буриеви 25-сола мегӯяд, пизишкони маҳаллӣ натавонистанд ҳамсари 22-солаи обистанашро сари вақт ташхис ва аз марги ӯ ҷилавгирӣ кунанд.

Марги Гулбаҳор ва тифли дар батнаш

Ин сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Фархор мегӯяд, ҳамсараш як моҳ пеш бо тифли ҳаштмоҳа дар батн, даргузашт. Меҳрубон Бӯриев иддао дорад, ки бемории ҳамсараш Гулбаҳор Ҳолатоваи 22-сола, ки аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ зери назорати пизишкони маҳаллӣ қарор дошт ва пайваста аз ташхис мегузашт, танҳо пас аз 8 моҳ ва он ҳам замоне мушаххас шуд, ки "кор аз кор гузашта буд."

Шикояти ин сокини Фархор аз кори табибони маҳаллӣ дар ҳолест, ки дар гузашта низ марги чанд зан ҳангоми таваллуд дар Суғду Бадахшон ва минтақаҳои дигари кишвар дар матбуот матраҳ шуд.

Меҳрубон гуфт, вақте ҳамроҳ бо ҳамсараш ба Душанбе ба меҳмонӣ меомад, вазъияти ӯ дар роҳ бад шуд ва ӯро ба таваллудхонаи №1-и пойтахт бурд ва табибон дар Душанбе мушаххас карданд, ки Гулбаҳор гирифтори бемории гепатити В ва С аст. Беморие, ки ба гуфтаи табибон, бояд дар ҳафтаҳои аввали ҳомиладорӣ ташхис мешуд.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, баъд аз он, ки дар таваллудхонаи рақами 1 бемории ҳамсараш муайян шуд, ӯ дар ҳолати беҳушӣ (кома) афтод ва тифли батнаш мурда таваллуд шуд. Вақте хостанд ҷарроҳияш кунанд алакай дер шуда буд. Пас аз ду рӯзи фавти кӯдак, Гулбаҳор ҳам вафот кард.

Марги Гулбаҳори обистан. Шавҳар аз табибон домангир аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00
Линки мустақим

Иштибоҳи табибон?

“Бигзор ҳамсари маро рӯзаш буд шуда бошад, аммо чанд маротибае, ки анализ супорид, як бор ҳам муайян карда натавонистанд, ки чӣ беморӣ дорад. Ман фаҳмидам, ки занони ҳомиладор аз ташхиси гепатит мегузаранд, агар ин тавр аст, чаро ҳамсари маро нагуфтанд, ки ту чунин беморӣ дорӣ. Ё чаро ду моҳе, ки дар бемористон хоб кард, як бор ҳам нафаҳмиданд, ки чӣ касал аст?!”-мегӯяд ӯ.

Ин сокини Фархор мегӯяд, даъвои аслиаш ин аст, ки пизишкони маҳаллӣ бепарвогӣ ё иштибоҳи кори худро иқрор намекунанд ва бояд аз ҳақталошии шаҳрвандон дар ин роҳ сабақ гирифта, дар анҷоми вазифаи худ масъулияти бештаре эҳсос намоянд. “Шояд медонистанд, ки ҳамсари ман чӣ хел беморӣ дораду нагуфтанд, бепарвоӣ карданд. Барои ҳамин, бигзор ин барои онҳо дарс бошад. Набояд як кас аз ин бепарвогии духтурон бимираду баъд онҳо масъулияташонро зиёд кунанд”-таъкид мекунад Меҳрубон.

Табибон хонаводаи Гулбаҳорро гунаҳкор медонанд

Дар бемористони марказии ноҳияи Фархор хонаводаи шавҳари ин занро дар вафоташ муқассир медонанд. Раҷабалӣ Қурбонов, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Фархор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Гулбаҳор Ҳолатова дар ду ҳолат -- бори аввал бо дарди гурда ва маротибаи дуюм бо бемории дарунравӣ ба бемористон муроҷиат кардааст.

"Табибон танҳо гурдаи ӯро табобат карданд. Азбаски Гулбаҳор дар 18-20 ҳафтаинаи ҳомиладорӣ ба беморхона муроҷиат кардааст, дар ин ҳолат аз ӯ ташхиси гепатит талаб нашудааст. Чун занони ҳомиладор дар ҳафтаҳои 26-28 ташхиси гепатит мегузаранд. Ҳамчунин ин зан аз дарди ҷигар боре шикоят накардааст",-афзуд Раҷабалӣ Қурбонов.

Ба таъкиди сардухтури бемористони марказии ноҳияи Фархор, бори дувум, ки Гулбаҳор Ҳолатова бо бемории сироятии дарунравӣ ба бемористон муроҷиат кард, хонаводаи шавҳараш иҷозаи бистарӣ кардани ӯро надоданд ва танҳо бо доруҳои фармудаи духтурон, ӯро дар хона табобат карданд.

Шералӣ Раҳматуллоев.
Шералӣ Раҳматуллоев.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва модару кӯдаки вазорати тандурустӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯйхати модарони фавтида исми Гулбаҳор Ҳолатова -- ҳамсари Меҳрубон Буриев номнавис шудааст ва ҳоло барои рӯшан кардани ҳодиса, посухи додситониро интизоранд. Вале гуфт, онҳо ҳар як ҳолати маргумири модару кӯдакро ҷиддӣ таҳқиқ карда, баъдан чораандешӣ мекунанд.

Додситонӣ тафтиш мекунад

Дар додситонии ноҳияи Фархор ҳам ворид шудани чунин як шикоятро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот, аз додани иттиллои бештар, худдорӣ мекунад. “Ҳоло санҷишу тафтиш дар ин робита ниҳоӣ нашудааст ва пас аз анҷоми он, дар ин бора сӯҳбат хоҳанд кард”-таъкид доштанд дар додситонӣ.

Шикоят аз табибон

Шикояти ин сокини Фархор аз кори табибони маҳаллӣ дар ҳолест, ки дар гузашта низ марги чанд зан ҳангоми таваллуд дар Суғду Бадахшон ва минтақаҳои дигари кишвар дар матбуот матраҳ шуд. Ҳафтаи қабл ҳам додситонии Суғд хабар дод, дар тӯли як солу се моҳи охир алайҳи табибоне, ки корашон боиси марги модар ё кӯдаки навзод шудааст, 9 парванда боз кардаанд.

Мумтоз Ширинбекова.
Мумтоз Ширинбекова.

Вале пурсарусадотарин қазия – марги Мумтоз Ширинбековаи 26-сола дар пайи таваллуди фарзанд дар зоишгоҳи шаҳри Хоруғ буд, ки се соли пеш рух дод. Баъди таҳқиқи ин ҳодиса Зарина Қурбонмаҳмадова, пизишки навбатдори зоишгоҳ бо иттиҳоми “хунукназарӣ”, айбдор дониста шуд. Соли 2016 вазири вақти беҳдошти Тоҷикистон Нусратулло Салимзода гоҳо роҳ ёфтани иштибоҳ дар кори табибони тоҷикро эътироф кард, вале гуфт, “на ҳамаи духтурон ингуна кор мекунанд”.

Маргу мири модару кӯдак дар Тоҷикистон

Коршиносон мегӯянд, масъулияти табибон дар риояи муқаррароти тиббиву касбӣ, содиқ мондан ба савганди Ҳиппократ ва масъулияти тамом дар назди бемору касби худ мебошад. Омилҳое чун маоши каму ноқаноатмандии табибон аз кори худ, боиси дилхунукии онҳо аз кор ва таъсири он ба сифати хидмати тиббӣ гуфта мешавад.

Бино бар омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Тоҷикистон аз ҳар 100 000 модар дар сол 65 нафар ва аз ҳар 100 000 кӯдаки то 5-сола 43 тифл ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо собит кардани иштибоҳи табиб кори мушкил аст ва сохторҳои дахлдор на ҳамеша омода ҳастанд, ки нисбати хатои касбии ходимони тиб чораандешӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG