Пайвандҳои дастрасӣ

Вазир: "Пулситонӣ танҳо хоси бахши тандурустӣ нест"


Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон.

Насим Олимзода, вазири нави тандурустии Тоҷикистон дар нахустин мусоҳибаи худ пас аз таъйин шуданаш ба ин мақом, дар бораи вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар, дурнамо ва чолишҳои рӯбарӯи он сӯҳбат кард. Насим Олимзода рӯзи 12 январ бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъйин шуд.

Оқои Олимзода рӯзи 18 январ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нахуст ба ин пурсиш, ки стратегияи ӯ ба унвони вазири нав барои беҳбуди вазъи соҳаи тандурустӣ дар чӣ кишвар чӣ гуна хоҳад буд, гуфт?

Олимзода: Нахуст, ислоҳоти бахши тандурустӣ барои боло бурдани сатҳи дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки аввалияи тиббӣ, паст кардани мизони марги модару кӯдак ва бунёди иншоотҳои муосири тандурустӣ идома хоҳад ёфт. Масъалаҳои вусъат додани тарзҳои нави ташхису табобат дар бахши пайвандсозии узвҳо ва бемориҳои бармаҳали ирсӣ низ аз ҷумлаи стратегияи вазорат аст. Дар ин росто Маркази вижа бо таҷҳизоти муосир ва мутахасиссони ботаҷриба фаъол шудааст. Ҳамчунин, талош дорем, ки ташхиси ДНК ё муайян кардани падариро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунем.

Масъалаи дигар, пешгирӣ аз воридоти доруҳои пастсифату қалбакӣ ва поин бурдани нархи дору дар кишвар аст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ паёми хеш ба парлумон аз воридоти доруҳои пастсифату тақаллубӣ ба кишвар ибрози ташвиш карда буданд.

Насим Олимзода 20 августи соли 1964 чашм ба дунё кушода ва дар соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси “табиби табобатӣ-кардиолог” хатм кардааст. Сипас, дар бемористони шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз карда ва дар солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи тиббии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил намудааст. Аз соли 1999 то 2014 ба ҳайси табиби дилшинос ва баъдан раиси Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз моҳи апрели соли 2014 муовини вазир ва аз 12 январи соли ҷорӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар таъин гардидааст. Оиладор, соҳиби ду писару як духтар.

​Радиои Озодӣ: Оё роҳҳои муассири пешгирӣ аз ин падидаи номатлуб вуҷуд дорад?

Насим Олимзода: Бале. Хадамоти назорати фармасефтӣ дар ин замина корҳои зиёдеро анҷом додааст. Масалан, дар як моҳи ахир ин хадамот ба миқдори 7,5 тонна доруҳои пастсифат ва муддати истифодааш гузаштаро мусодира ва нобуд кард. Ҳоло ташхисгоҳи махсус бо таҷҳизоти замонавӣ барои ташхиси маводи доруворӣ ба фаъолият пардохтааст, ки барои пешгирии воридоти доруҳои пастсифату қалбакӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

"Аз монополияи дору хабар надорам"

Радиои Озодӣ: Дар худи Тоҷикистон маводи дору истеҳсол мешавад?

Насим Олимзода: Дар Тоҷикистон дору ба миқдори ночиз истеҳсол шуда ва беш аз 90 дарсади дору аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Радиои Озодӣ: Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки воридот ва фурӯши дору дар Тоҷикистон дар монополияи афроди қудрате қарор дошта ва аз ин лиҳоз, мубориза барои пешгирии воридоти доруҳои пастсифат душвор будааст. Шумо ба ин гуфтаҳо розӣ ҳастед?

Насим Олимзода: Маводи дору ба кишвар аз чанд роҳ ворид мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз тариқи озмун ё тендер ворид мекунад ва сифати доруҳо ҷавобгӯи талабот аст. Ҳамчунин, ширкатҳои давлатию хусусӣ ба воридоту фурӯши дор машғуланд. Лекин дар бораи монополияи дору дар Тоҷикистон хабаре надорам.

Чолишҳои бахши тандурустӣ

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, феълан бахши тандурустӣ ба чӣ чолишҳое ё мушкилоте рӯ ба рӯ аст?

Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон.
Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон.

​Насим Олимзода: Мушкили аслӣ камбуди кадрҳои баландихтисосу ботаҷриба аст. Дар минтақаҳо мушкили камбуди кадрҳо бештар эҳсос мешавад. Вазъи бунгоҳҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар деҳаҳои дурдаст низ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Дар самти азхудкунии таҷҳизоти муосири тиббӣ душвориҳо вуҷуд доранд. Муоширати табибон бо беморон қонеъкунанда нест. Саноати дорусозии ватанӣ ислоҳот мехоҳад. Бояд бо ҷалби сармояи хориҷӣ саноати дорусозӣ бозсозӣ шуда ва бозори дохилӣ таъмин шавад.

Радиои Озодӣ: Дар нишасти ахири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба камбуди кадрҳои тиббӣ, бахусус, табибони оилавӣ таъкид шуд.

Насим Олимзода: Дар Тоҷикистон камбуди кадрҳои тиббӣ аз масъалаҳои мубрам ҳисоб меёбад. Ҳоло дар муассисаҳои тиббии кишвар 17 ҳазору 745 нафар табибон ва 45 ҳазору 881 нафар кормандони миёни тиб фаъолият доранд. Яъне, дар даҳ соли ахир теъдодони кормандони тиб мутаносибан 33 ва 40 дарсад афзоиш ёфтаанд. Қабули Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 ва дар канори Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар назди беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо таъсиси гурӯҳҳои таълимӣ аз ҳисоби коллеҷҳои тиббӣ ба афзоиши кадрҳои тиббӣ мусоидат кард.

Маҷмааи тиббии "Истиқлол"
Маҷмааи тиббии "Истиқлол"

Бо ин вуҷуд, ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 164 табиб ва беш аз 3 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ намерасанд. Барои ҳалли ин мушкил дар соли гузашта дар Данғара Донишгоҳи тиббии Хатлон ба фаъолият оғоз кард. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон нақшаи қабул бештар шуда ва теъдоди саҳмияҳо дар ноҳияҳои дурдаст, ки камбуди табибон бештар аст, афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, сатҳи малакаи табибон аз тариқи бозомӯзӣ боло бурда шуда ва дар соли гузашта 9 ҳазору 600 нафар ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2015 25 дарсад зиёд аст.

Мутахассисон бармегарданд...

Радиои Озодӣ: Замоне рафтани табибони ботаҷриба ба кишварҳои хориҷа шакли оммавиро гирифта буд. Ҳоло вазъ чи гуна аст? Ин раванд камтар шуда ё на?

Насим Олимзода: Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ теъдоди зиёди табибони ботаҷриба Тоҷикистонро тарк карданд. Ҳоло баъзе аз онҳо дубора ба ватан бозмегарданд. Тибқи маълумоти Маҷмаи тиббии “Истиқлол”, садҳо табибон аз Русия, Сурия ва Яман ба Тоҷикистон бозгаштаанд.

Радиои Озодӣ: Бештари табибон ба далели ночиз будани маош аз Тоҷикистон мерафтанд.

Насим Олимзода: Дар солҳои ахир марҳила ба марҳила маоши кормандони соҳаи тандурустӣ зиёд мешавад. Умедворем дар солҳои оянда низ боз ҳам бештар шавад.

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз умдатарин марокизи тарбияи мутахассисони тиббӣ ба шумор меравад.
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз умдатарин марокизи тарбияи мутахассисони тиббӣ ба шумор меравад.

Радиои Озодӣ: Сатҳи малакаи табибонро чи гуна арзёбӣ мекунед? Онҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ҳастанд?

Насим Олимзода: Дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 сатҳи дониши кормандони тиб як андоза поин рафт. Ҳоло барои ислоҳи ин вазъ кӯшиш дорем. Дар ҳамкорӣ ба Вазорати маориф ва илм барои боло бурдани сатҳи дониши толибилмони Донишгоҳҳои тиббӣ талош мекунем.

Пулситонӣ вуҷуд дорад

Радиои Озодӣ: Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон хизматрасонии тиббӣ дар кишвар ройгон аст. Аммо дар асл ин тавр нест. Мавридҳои пулситонӣ ин навъи фасод ҳисоб намеёбад?

Насим Олимзода:

Вазири тандурустӣ гуфт, ки ҳодисаҳои ба таври ғайрирасмӣ аз беморон пулситонии кормандони тиб вуҷуд дорад.

Ин гуна вазъият танҳо хоси соҳаи тандурустӣ набуда, дар соҳаҳои дигари кишвар низ чунин ҳодиса рух медиҳад. Мо роҳҳои ислоҳи ин падидаи ногуворро ҷустуҷӯ дорем. Дар чорчӯби Стратегияи муқовимат бо фасод бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии пулситонии ғайриқонунӣ ҷиддан мубориза хоҳем кард. Дар вазорат ба раҳбарии вазир комиссияе таъсис шудааст, ба таври ногаҳонӣ аз муассисаҳои тиббӣ дидан карда ва мавориди фасодро месанҷанд. Кӯмаки аввалияи тиббӣ дар Тоҷикистон ройгон буда ва агар дар ин замина шикояте расад мо ҷораҳои ҷиддӣ меандешем.

Агар табиб иштибоҳ кунад...

Радиои Озодӣ: Шумо, ки солҳои тӯлонӣ ба унвони табиб фаъолият доштед, бо мавридҳои иштибоҳи табибӣ рӯ ба рӯ шудаед? Агар ба иллати иштибоҳи табибӣ шахсе фавт кунад ё маъюб шавад, табиб муҷозот мешавад?

Насим Олимзода: Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ин гуна ҳодисаҳоро назорат мекунад. Ҳамчунин, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ комиссияи вижае фаъолият карда ва дар сурати сар задани чунин ҳодиса билофосила ҷораҷӯӣ мекунад.

​Радиои Озодӣ: Дар мавриди иштибоҳи табибон ва теъдоди ҷабрдидаҳо омори расмие вуҷуд дорад?

Насим Олимзода: Ман чунин омор надорам. Вале дар Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ маълумот дар бораи ҳодисаҳои иштибоҳи табибон ва теъдоди табибони муҷозотшуда вуҷуд дорад. Зимнан, дар моҳи феврали соли гузашта фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар бораи поин бурдани сатҳи тахассуси табибон ба ҳангоми иштибоҳи табибӣ ба имзо расид. Дар сурати тасдиқ шудани ҳодисаи иштибоҳи табибӣ, тахассуси ӯ поин бурда ва ҳатто аз тахассус маҳрум карда мешавад.

"Водии марг" вуҷуд надорад

Радиои Озодӣ: Чанд соли ахир расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз чораҳо алайҳи бемории сил интиқод карда ва минтақаеро дар ноҳияи Восеъ, ки беморони зиёди сол дошт, “Водии марг” номгузорӣ карда буданд. Ҳоло вазъ чи гуна аст?

Насим Олимзода: Истифодаи чунин вожа худ дуруст нест. Дар солҳои ахир дар ин минтақа вазъият беҳбуд ёфтааст. Дар муқоиса ба солҳои 2014-2015 дар соли гузашта теъдоди беморон ва маргу мир 20-25 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон дору ба миқдори ночиз истеҳсол шуда ва беш аз 90 дарсади дору аз хориҷи кишвар ворид мегардад.
Дар Тоҷикистон дору ба миқдори ночиз истеҳсол шуда ва беш аз 90 дарсади дору аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон метавонад бо нерӯи худӣ алайҳи бемории сил ва бемориҳои ВИЧ-СПИД мубориза барад ё ба кум акҳои хориҷӣ ниёз дорад?

Насим Олимзода: Бале, ба кӯмакҳо ниёз дорем. Зеро ин бемориҳо ба табобати дуру дароз ниёз доранд. Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои ташхису табобати бемориҳои сил, ВИЧ-СПИД маблағгузориро зиёд мекунад.

Мизони марги модару кӯдак кам шудааст

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши мизони марги модару кӯдак дар кишвар гузориш додаанд. Сабаб чист: сатҳи зиндагии мардум боло рафта ва ё сатҳи хизматрасоии тиббӣ?

Насим Олимзода: Сатҳи хизматрасонии тиббӣ боло рафтааст. Таҷҳизоти муосири тиббӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки вазъи тифлро қабл ва баъди таваллуд ташхис карда ва бемориҳои ирсиро муайян мекунанд. Ин амр имкон медиҳад, ки бемориҳои вазнини модару кӯдак пешгирӣ шавад.

Радиои Озодӣ: Имкон дорад тибби анъанавӣ бо тиббӣ мардумӣ ҳамкорӣ кунад?

Насим Олимзода: Бале. Масалан, табобат тавассути гиёҳҳои шифобахш, ки дар Тоҷикистон фаровон аст. Аз таҷрибаи Чин дидан мумкин аст, ки ҳамкории тибби анъанавӣ ва мардумӣ барои саломатии сокинони кишвар хеле муфид аст. Мо дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ корхонае таъсис додем, ки гиёҳҳои шифобахш коркард шуда ва дору тайёр мешавад. Ҳоло 10 намуди доруи ин корхона ба миқдори 60 ҳазор баста ба фурӯш баромадааст.

Озодӣ: Сипос.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG