Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фирори мағзҳо" аз Тоҷикистон ба Русия рекордӣ шуд


Дар назди дари сафорати Русия дар Душанбе аксар вақт чунин навбатҳоро дидан мумкин аст.
Дар назди дари сафорати Русия дар Душанбе аксар вақт чунин навбатҳоро дидан мумкин аст.

Намояндагии Раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе, мегӯяд, соли ҷорӣ 1850 шаҳрванди Тоҷикистон ба барномаи "Переселение" ва ё муҳоҷират қабул шудаанд ва қасд доранд, бо аҳли хонавода ба он кишвар кӯч банданд.

Владислав Маркеевич, роҳбари раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар муқоиса ба ҳар кишвари дигари Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли гузашта ба барномаи "Переселение" бештар қабул шудаанд. Маркеевич гуфт, соли гузашта шумораи хоҳишмандони ширкат дар барномаи "Переселение" ба таври рекордӣ зиёд гашт.

“Дар соли 2016 беш аз 14 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои шомил шудан ба барномаи “Переселение” ба мо муроҷиат карданд. Аммо мо тибқи талобот ва ниёзмандиҳои ҳар як минтақа, довталабонро интихоб мекунем. “ – гуфт ӯ.

“Соли 2016 беш аз 14 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои шомил шудан ба барномаи “Переселение” муроҷиат карданд.

Ба қавли Владислав Маркеевич, ба сабаби маҳдуд будани квота, аз миёни ҳазорон нафар фақат 1850 хонавода ба барнома пазируфта шуданд ва метавонанд дар муддати кӯтоҳе шаҳрванди Русия шаванд.

Маркеевич афзуд, ба фарқ аз кишварҳои ҳамсоя, дархости шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандӣ тасдиқ мешавад. Ба гуфтаи маъсулони раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия, ҳамаи шаҳрвандоне, ки шомили барномаи “Переселение” мешаванд, ё донишгоҳро хатм кардаанд ва мутахассис ҳастанд. Бештари хоҳишмандони тобеияти Русия, табибон, омӯзгорон ва муҳосибонро ташкил мекунанд.

Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки бо Русия созишномаи душаҳрвандиро дорад ва ҳар касе, ки шаҳрвандии ду тарафро дорад, метавонад, дар кишвари дилхоҳаш кору зиндагӣ кунад. Аммо аксари тоҷикистониҳое, ки тобеияти Русияро ба даст меоранд, дар ҳамин кишвар кору зиндагӣ ихтиёр мекунанд, чун музди коре, ки дар Тоҷикистон мегиранд, кам аст. Имтиёзҳои иҷтимоӣ, ки Русия ҳам ба онҳо медиҳад, қобили муқоиса бо имтиёзҳои Тоҷикистон нест.

Паёмади ин “рафтан”-ҳо ва ё "фирори мағзҳо"-ро Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мекунад. Аз ҷумла вазорати маориф, ба 270 нафар муаллимони математикаву физика, химия ва забонҳои англисиву русӣ эҳтиёҷ дорад ва вазорати тандурустӣ аз ин ҳам бештар. Дар кишвар ҳудуди 3 ҳазор табиби соҳибихтисос намерасад ва айни замон ҳазорон табиби тоҷикистонӣ дар ноҳияву шаҳрҳои Русия кор мекунанд. Бисёре ҳам шаҳрвандии ин кишварро доранд.

Мухтор Абдуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, масъалаи мутахассисон яке аз масъалаҳои дараҷаи аввал аст ва агар намебуд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш зикр намекард. Раҳмон рӯзи 22-уми декабр дар паёмаш гуфт, ки камбуди мутахассисон дар соҳаи тиб ва маориф то соли 2020 бояд комилан рафъ карда шавад.

Ӯ мегӯяд, фақат қадр кардани кори мутахассисон кофист, ки дар кишвар бимонанд ва барои мардуми худашон хидмат кунанд. ​“Бояд нахуст маошро баланд бардорем. Мутахассисонеро, ки дар ҷумҳурӣ ҳастанд, бояд дастгирӣ кунем ва барояшон шароит фароҳам биёрем. Танҳо аз ҳамин роҳ метавонем, аз рафтани онҳо ҷилавгирӣ кунем”. -мегӯяд, Мухтор Абдуллоев.

Назди сафорати Русия дар Душанбе.
Назди сафорати Русия дар Душанбе.

Хуршед Мақбулов, омӯзгори фанни физика, бар асоси барномаи “Переселение” ду сол қабл бо аҳли оилааш ба Русия кӯч баст ва мегӯяд, дар ин муддати кӯтоҳ ҷойгоҳашро ёфт. Ба гуфтаи ӯ, азбаски дар ватан ёфтани ризқу рӯзии аҳли оила барояш мушкил шуд, Русияро ҷойи кору зиндагӣ ихтиёр кард.

Сабабҳои дигар ҳам ӯро ба ширкат дар барномаи “Переселение” водор кардааст. “Пеш аз ҳама барои ояндааи кӯдаконам ба ин ҷо кӯч бастам. Мехоҳам фарзандонам таълиму тарбияи дуруст гиранд ва мақоми худро дар ҷамъият ёбанд“,- мегӯяд, ӯ.

Барномаи давлатии Русия “Переселение” ё кӯчбандӣ дар ибтидо барои бозгардонидани аҳолии русзабон аз кишварҳои шӯравии собиқ тамаркуз мекард ва ҳоло асосан барои таъмини минтақаҳои ташнаи мутахассису нерӯи корӣ дар Русия идома дорад.

Ба ақидаи соҳибназарон, бо идомаи барнома Тоҷикистон ҳам оқибатҳои манфии онро эҳсос хоҳад кард, зеро кадрҳои болаёқатро аз даст медиҳад. Вазорати илм ва маориф ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи пешгирӣ аз тарки кадрҳои боихтисос то замони нашри ин гузориш посух надод.

Бино ба оморҳо, ба истиснои тақрибан 1 миллион русзабоне, ки баъди суқути шӯравӣ аз Тоҷикистон ба Русия кӯчиданд, дар 20 соли ахир аз 300 000 то 500 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.

XS
SM
MD
LG