Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки аз аввали соли ҷорӣ 31 мавриди иштибоҳи табибон дар кишварро ошкор карда ва нисбати чунин пизишкон ҷазои маъмурӣ ё ҷарима содир шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мавзӯи сатҳи пасти тахассусии пизишкон ва муолиҷаҳои иштибоҳӣ, зиёд мавриди интиқод қарор мегирад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон вуҷуди иштибоҳ дар кори бархе табибони тоҷикро эътироф мекунанд ва мегӯянд, ҳар мавриди мазкур ҳамеша санҷидаву таҳқиқ мешавад.

Марям Исоева, ҳунарпешаи маъруф дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба бовари хонаводаи онҳо, хоҳарзодааш Саодат Саломова, ҳунарманди Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар вилояти Суғд, ду моҳ қабл дар натиҷаи диагнози иштибоҳии табибон, даргузашт.

Вай гуфт, ки табибон баъди бад шудани саломатии ин ҳунарманди 50-сола, ӯро аз рӯи нишонаҳои марзии саратон муолиҷа карданд, вале дар ниҳоят маълум шуд, ки ӯ бар асари истеъмоли ғизои носолим саломатиашро аз даст додааст. Исоева гуфт, ки додситонӣ аз рӯи қазияи Саломова парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо бовар доранд, ки табибон ба иштибоҳ роҳ додаанд, ки бо фоҷеа анҷомидааст.

Марям Исоева.
Марям Исоева.

Дар оғози моҳи ҷорӣ хабаргузории “Суғднюс” хабар дод, ки як пизишки бемористон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба далели пул надоштани кӯдак, ӯро муолиҷа накарда ва дар ниҳоят ин писарак фавтидааст. Додгоҳ ин духтурро барои 4,5 сол равонаи зиндон кард.

"Иштибоҳ ҳаст..."

Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон вуҷуди иштибоҳ дар кори бархе табибони тоҷикро эътироф мекунанд ва мегӯянд, ҳар мавриди мазкур ҳамеша санҷидаву таҳқиқ мешавад. Вале ба гуфтаи Давлатмурод Олимов, муовини сардори раёсати назорати фаъолияти тибии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ҳодисаҳои бо марг анҷомидани чунин ҳодисаҳо барои онҳо маълум нест. Олимов рӯзи 12 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ онҳо 31 ҳолати иштибоҳи пизишконро ошкор кардаанд, вале дар бораи ҳолатҳои фавти беморон дар пайи табобати нодурусти духтурон, маълумоте ба онҳо нарасидааст.

Вай афзуд: "Ҳар як ҳолати иштибоҳи духтурӣ аз сӯи комиссияи босалоҳияти олимон санҷида мешавад. То ҳол ҳеҷ мавриде, ки хатогии духтур ба марги бемор сабаб шуда бошад, ошкор нашудааст. Аммо дар пайи тафтишҳо мо пизишконеро, ки ба хатогӣ роҳ додаанд, ҳам маъмурӣ ҷазо медиҳему ҳам ҷарима мебандем. Агар комиссия зарур донад, дараҷаи касбияти ин духтур комилан бекор карда мешавад ва ё ин ин пизишк барои гузаштани давраи бозомӯзӣ фиристода мешавад."

Бахши беҳдошт ва коррупсия

Мавзӯи саломатӣ ва дастрасии мардум ба тибби босифат, солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ба як мавзӯи доғи ҷомеа табдил шудааст. Дар аксар шикоятҳои муштариёни табибони тоҷик, аз нокофӣ будани дониши бархе мутахассисон ва зарурати пардохти маблағ барои муолиҷа дар бемористонҳо, ки гоҳо хеле гарон мешавад, шикоят мешавад.

Дар пурсишҳои афкори умум соҳаи тибро мардум дар қатори бахши фасодзада ном мебаранд. Аз ҷумла, дар як пурсиши Оҷонсии зидди фасод дар нимсолаи аввали соли 2016 аз беш аз 88 ҳазор пурсидашуда беш аз 30 дар садашон дар миёни идораҳои давлатии фасоздада, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф ва тандурустиро номбар кардаанд.

Коршиносони соҳаи коррупсия дар Тоҷикистон ба хориҷ аз он мегӯянд, ба феҳрасти “фасодзадаҳо”шомил шудани табибон дар он аст, ки ин ду соҳа ба таври мустақим ва ҳамарӯза ба ҳаёти мардум рабт мегирад ва бархе масъулон бо сӯиистифода аз ин мавқеашон, талош мекунанд илова ба маоши ҳармоҳаи давлат, аз роҳҳои ғайриқонунӣ манфиат бардоранд.

Вазири беҳдошт Насим Олимзода ва муовинонаш дар нишасти матбуотӣ
Вазири беҳдошт Насим Олимзода ва муовинонаш дар нишасти матбуотӣ

Дар Стратегияи муқобила бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 гуфта шудааст, ки санҷишҳои молӣ дар давоми 5 сол дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 7,7 миллион сомонӣ зиёнро ба буҷаи давлат ошкор кардааст ва ин маблағҳо аз ҳисоби азхудкунии маблағҳо, ғорати пулҳо ва моликияти соҳа ва дигар ҷиноятҳо ошкор шудааст.

Таҳқиқот ва ҳам шаҳодати муштариён нишон медиҳад, ки дар бештари ҳолатҳо ҳодисаҳои ришвахорӣ дар соҳаи тиб ба ҳангоми ба бемористон овардани бемор, дар ҷараёни табобату амалиёти ҷарроҳӣ, дар зоишгоҳҳо ва баъди таваллуди кӯдак рух медиҳад.

"Табиб ҳам иштибоҳ мекунад"

Вале табибони таҷрибадор мегӯянд, ки масъалаи иштибоҳ дар кори табиб чизест, ки мутаассифона, рух медиҳад ва ин ҳам як таҷрибаи кору зиндагии кормандони ин соҳа аст. Мӯъмин Бобоҷонов, дотсенти кафедраи ҷарроҳии нейрохирургияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, иштибоҳи пизишкӣ дар Тоҷикистон мисли дигар хатоҳо дар соҳаву касбиятҳои дигар рух медиҳад ва сабабҳои онро наметавон ба пойин будани касбияти духтурон ва ё омили дигаре рабт дод.

Вай афзуд: "Ҳар ҳолати иштибоҳи духтурҳо як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ аст ва сабабҳои он зиёданд. Аммо наметавон гуфт, ки ин пизишкон дар донишгоҳ ба таври зарурӣ дониш набардоштаанд. Онҳо баъд аз хатми донишгоҳ чанд сол таҷрибаомӯзӣ мекунанд, ки берун аз салоҳияти Донишгоҳи тиббӣ мебошад. Ҳоло ҳатто дар ҳар як бемористон додгоҳҳои “товаришский суд”-и замони шӯравӣ ба гунаи дигаре фаъол карда шудаанд, ки фаъолияти ҳар як пизишкро баррасӣ мекунад. Гузашта аз ин, ҳар як бемористон мушовири ҳуқуқӣ дорад, ки аз духтурон ҳимоят мекунад. Ба ин хотир, якҷониба арзёбӣ кардани иштибоҳҳои духтурҳо дуруст нест."

Табибон рӯ ба хориҷ овардаанд

Мутахассисони тиб мегӯянд, ки дар ҳама ҳолат муштариҳо, яъне беморон, дар сурати шубҳа дар касбияти табиб ҳақ доранд ба мутахассиси дигар муроҷиат кунанд ва ё аз ниҳодҳои дахлдор дархост кунанд, ки ба кору тасмими корманди тиб баҳои касбиву ҳуқуқӣ дода шавад. Комиссиюни махсуси вазорати беҳдошт бояд ингуна ҳодисаҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Ҳарчанд пурсиши вижае дар заминаи эътимод ба табибон ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон анҷом нашудааст, дар як арзёбиаш аз хадамоти тибби ин кишвар дар соли 2012 Ананд Гровер, гузоришгари вижаи СММ дар умури беҳдошт баъди ошноӣ бо вазъи Тоҷикистон гуфт, ки сифати пасти хадамоти тиб дар тамоми манотиқи ин кишвар эътимоди ҷомеаро ба ин соҳа коҳиш додааст. Вай дар нишасти матбуотиаш моҳи майи он сол гуфт, ки даромад ё маоши ками табибону ҳамшираҳо боиси поин рафтани сифати хадамоти тиббӣ мешавад ва бархе табибон талош мекунанд ба хотири даромади беҳтар, кишварро тарк кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG