Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минруб ва ҷарроҳ як бор иштибоҳ мекунанд


Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар дар пайи иштибоҳи пизишкон мемиранд ва ё маъюб мешаванд, вале касе масъулияти чунин иштибоҳҳои марговарро бар душ намегирад ва муҷозот намешавад.

Қиссаи як қурбонии теғи ҷарроҳ

Як сол пеш Нигина Бобоеваи 36-сола, модари 4 фарзандро, ки аз бемории санги талхадон ранҷ мебурд, дар беморхонаи ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии пойтахт тавассути асбоби муосири эндоскопия, ки тоза аз хориҷа оварда шудааст, ҷарроҳӣ карданд ва гуфтанд, ки баъди 2-3 рӯз сиҳату саломат ба назди тифлаконаш бар мегардад.

Вале ба гуфтаи Тоҳир Лашкаров - шавҳари марҳум, ҳафтаҳо гузашт ва аҳволи Нигина ба ҷои беҳбуд бадтар шуд. Ташхиси дубора муайян кардааст, ки пизишкон иштибоҳан узви солими беморро сузонда ва бехатар кардаанд. Нигина баъди ҷарроҳии дубора ҷон додааст.

Тоҳир Лашкаров мегӯяд, дар тӯли як соли баъди ин ҳодиса ба бисёре аз ниҳодҳо ва мақомот шикоят бурдааст, вале касе ба додаш нарасидааст.

Вақте мо ба дунболи шикояти Тоҳир Лашкаров ба манзили ӯ рафтем, тифлакони ятиммондаи Нигинаро, ки хурдиашон шашсола аст, бо нигоҳҳои рамидаву маъюс ва гарди ятимӣ дар рухсор сари зонуи хоҳари бузургашон, ки ҳоло ҷойи модарро гирифтааст, дарёфтем.

Тоҳир Лашкаров, ҳамсари марҳум Нигина Бобоева, ҳамроҳи фарзандонаш
Тоҳир Лашкаров, ки тайи як сол ба ин сӯ, ба гуфтаи ӯ, талош дорад, ҷарроҳи сабабгори марги ҳамсарашро дар курсии айбдории додгоҳ бубинад, бо ашки гулугир гуфт, барояш мушкилтарин лаҳзаҳо тӯли ин як сол посух ёфтан ба ин суоли тифлонаш будааст, ки «очам дар куҷост ва кай меояд?»

Ҷаноби Лашкаров мегӯяд: «Намедонам сарамро ба куҷо занам. Баъди кор ғамам мегирад, ки чӣ хел вориди хона шавам ва чашмони ҳайрону суоломези фарзандонамро чӣ хел бубинам?»

"Як миқдори беморон бояд бимиранд"

Ба гуфтаи Тоҳир Лашкаров, ҳарчанд мутахассисон исбот кардаанд, ки ҳамсари ӯ дар натиҷаи иштибоҳи ҷарроҳ кушта шудааст, вале додашро касе шунидан намехоҳад. Ӯ мегӯяд, додситонии кулл дар робита ба ин ҳодиса парванда боз карда, як муддат тафтишот низ бурдааст, вале дар ниҳояти кор, гӯиё бино ба набуди ҳолати ҷиноят, тадқиқи парвандаро қатъ кардааст.

Ӯ гуфт: «Тафтишотро барои он қатъ карданд, ки гӯиё ҳолати ҷиноят ёфт нашудааст. Гуфтанд, ки бар асари чунин ҷарроҳиҳо як миқдори беморон бояд бимиранд. Ва парвандаро бо ҳамин асос бастанд».

Нигина Бобоева яке аз даҳҳо кушташудагон дар пайи иштибоҳҳои табибон аст, вале миқёси ин ҳодисаҳоро муайян кардан чандон осон нест. Мо зимни таҳқиқоти ҳодисаи марги марҳум Нигина, дар ҷустуҷӯи омор маргу мири одамон дар пайи иштибоҳи пизишкон ба вазорати тандурустии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Аммо вазорат аз додани чунин омор худдорӣ кард.

Фотима Ғоибова, сухангӯи вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар посух ба суоли мо дар мавриди шикояти шавҳари Нигина Бобоева гуфт: «Комиссияи махсус ташкил шуд, рафта санҷиданд. Он ҷарроҳро, ки муовини сардухтур буд, аз вазифа озод карданд. Сардухтур, духтури табобаткунанда ва ташхискунанда танбеҳ гирифтанд. Мардуми мо аз болои чунин ҳодисаҳо шикоят ва ҳақталошӣ карданро ҳануз ҳам ёд нагирифтаанд, вале ба ҳар сурат зиёданд нафароне, ки шикоят мекунанд ва мо тамоми ин шикоятҳоро месанҷем ва онҳоро бетаваҷҷӯҳ намегузорем».

"Муҷозот"-и ҷарроҳи сабабгори марги Нигина

Вале барои беморони дигари беморхонаи ёрии таъҷилӣ кафолате нест, ки зери теғи Фаррух Муҳаммадов - ҷарроҳи сабабгори марги Нигина Бобоева нахобад. Зеро, ба гуфтаи масъулини ин беморхона, ин табиб баъд аз ҳодисаи марги Нигина Бобоева аз кор ронда нашудааст, балки танҳо як зина аз вазифа поин рафтаасту халос.

Сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии Ёрии таъҷилӣ Бобоқул Муъминов, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъид кард, ки ин ҷо иштибоҳи ҷарроҳ ҷой дорад, вале ин ҳаргиз каммасъулиятии ӯро бозгӯӣ намекунад. Ӯ афзуд, дар ин ҳодиса ҷинояту ҷойи шикоятро намебинад ва барангехтани сару садоҳо дар атрофи чунин ҳодисаҳоро барзиёда мешуморад.

Ҷаноби Муъминов пешниҳод кард, ки хуб мешуд агар ба ҷойи муҷозоту шикоятҳо, мутахассисони соҳаи тибро, ки начандон зиёданд, ҳифз кунем.

Ӯ гуфт: «Чунин мутахассисони соҳаи тиб дар кишвари мо ангуштшуморанд, як вақте шояд мешавад, ки мо онҳоро бо микроскоп кобем ҳам намеёбем. Охир ин духтур воқеан дониста иштибоҳ мекард, кайҳо ӯро додситонӣ ҳабс мекард. Ҳоло ҳамон духтур кор карда истодааст ва беҳтарин ҷарроҳ аст».

Нақли шоҳид: "Қариб 6 соат хунаш манъ нашуд"

Яке аз пизишкон, ки бо таърихи бемории мархум Нигина Бобоева шинос буда нахост номаш бурда шавад, нақл кард, ки чунин мутахассисе, ки тариқи эндоскопия ҷарроҳӣ мекунад, дар беморхонаи мазкур ҳамагӣ як нафар аст, вале ӯ Фаррух Муҳаммадов нест.

Нигина Бобоева бо иштибоҳи ҷарроҳ ҷон дод ва кӯдакони хурдсолашро ятим гузошт
Ӯ дар бораи ҷарроҳии Нигина Бобоева нақл карда гуфт: «Қариб шаш соат хунаш манъ нашуд. Ҷигар як чизи нозук аст, ки камтар бурред, хун паридан мегирад. Ҳамон ҷоеро, ки бояд баъди буридан ҷарроҳ гирдашро месузонд, насузонда ва бехатар накарда, ҷойи дигарро сузондааст. Барои ҳамин талха баромада, ба хун ҳамроҳ шудааст. Хайр бо ҳамон асбоби нав, ки наметавонанд, бояд ба тарзи классикӣ ҷарроҳӣ мекард. Шояд 6-7 рӯз дар беморхона мехобид, вале зинда мемонд».

Мусоҳиби мо гуфт, ба мушоҳидаи вай, ҳар сол даҳҳо нафар дар пайи ташхису табобат ва ё ҷарроҳии нодурусти пизишкон кушта ва ё маъюби якумрӣ мешаванд, вале хеле кам иттифоқ афдодааст, ки пизишки ба иштибоҳ роҳдода ҷазои воқеӣ дида бошад, магар ки гоҳ-гоҳе раҳбарият нисбати чунин пизишкон ҷазои маъмуриро раво мебинад.

Мушкилоти таҳқиқи марги Нигина

Аз Фарҳод Раҷабов, муфаттиши додситони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки тафтиши парвандаи марги Нигина Бобоеваро бар ӯҳда дошт, мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаи марги Нигина Бобоева пас аз фавти ӯ мушкил аст.

Ӯ гуфт: «Агар дар зиндагиаш шикоят мекарданд, шояд ягон чизро исбот кардан мумкин буд. Вале баъди мурдан мардуми мо розӣ намешаванд, ки қабри мурдаро кушода ҷисмро таҳқиқ кунанд».

Аммо шавҳари марҳум Нигина мегӯяд, тафтиши парванда ба ин ҷо нарасида қатъ шудааст ва агар лозим дониста мешуд, ӯ зидди кушодани қабри ҳамсараш намебуд.

Бо фарқ аз шавҳари марҳум Нигина Бобоева, Шариф - сокини яке аз деҳоти дурдасти вилояти Хатлон, ки се сол қабл писараки чаҳорсолааш қурбони иштибоҳи духтур шудааст, намехоҳад аз болои ҷарроҳ шикоят барад ва боиси нором кардани руҳи фарзандаш шавад. Ӯ ҳатто намехоҳад он ҳодисаи шумро ба ёд.

Ҷаноби Шариф мегӯяд: «Хайр, чӣ кор кунам? Кори шудагӣ шуд. Фарзандамонро аз даст додем. Рости гап, он вақт дар фикри шикоят кардан набудем. Барои ман ба ёд овардани он рӯҳо осон нест ва мехоҳам мисли хоби мағшуш фаромушаш кунам».

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммад, имомхатиби масҷиди ноҳияи Ҳисор, бар ин назар аст, ки гӯри маитро барои таҳқиқи ҷасад кушодан дуруст нест
Назари уламои дин

Назари уламои дини Ислом дар мавриди кушодани қабри вафтидагон дар ҳолати зарурӣ мухталиф аст. Ҳоҷи Исмоили Пирмуҳаммад, эмомхатиби яке аз масҷидҳои ноҳияи Ҳисор, мегӯяд: «Ба назари ман, дар ин ҳолатҳо ҳодисаро бояд ба Худо ҳавола кунем. Чунки насибаш чунин кашида шуда будааст. Барои ташхис гӯри маитро кушодан хуб нест ва мурдаро безобита кардан пайомади нохуш метавонад дошта бошад».

Аммо донишманди соҳаи дин Нодир Одилов мегӯяд, шахсан ӯ дар ягон ҷои Қуръон вонахӯрдааст,ки қабри одамро дубора кушодан гуноҳ бошад ва ё мумкин набошад. Ӯ афзуд, агар ин кор барои ҳалли мушкилоти умдаи ҷомеа ва беҳтар кардани вазъи зиндагии инсонҳо, ки аз фармудаҳои Қуръон ва Ислом аст, лозим бошад, чаро иҷро нашавад?

Ӯ гуфт: «Ба назари ман ҷазо надодану бахшидани духтури иштибоҳкор ба ин мақол монанд аст, ки «тараҳҳум бар паланги тездандон, бувад ҷабре ба ҷони гусфандон». Бояд онҳо ҷазо бинанд, то дигарон панд бигиранд ва нисбати ҷону сарнавишти беморон бепарво набошанд».

Иштибоҳи духтур ё "насибу тақдир"?

Соҳибназарон чанд омили аслии афзоиши иштибоҳи духтур ва дар пайи он маргу мири беморонро дар Тоҷикистон ном мебаранд. Нахуст, мегӯянд онҳо, минталитет ё тарзи тафаккур ва диндории мардум аст, ки дар аксар мавридҳо марги бемор бо иштибоҳи пизишкро ҳамчун «тақдир» ва «хости Худо» қабул мекунанд.

Омили дуввум, ба гуфтаи соҳибназарон, бемуҷозот мондани табибони иштибоҳкор аст. Омили дигар нобоварии мардум ба мақомоти додгоҳӣ номида мешавад. Ва ниҳоят бюрократия ё девонсолорист, ки дасти шикоятро аз болои чунин табибон кутоҳ медорад.

Ҷавонзани дигаре, ки худро Фирӯза ном бурд, гуфт, як соли пеш дар батнаш кӯдаки носолим доштааст ва духтурон тавсия додаанд, ки исқоти ҳамл кунад. Вале ҷарроҳии ӯ номуваффақ анҷом ёфта ва Фирӯза акнун ҳарос дорад, ки безурёт шудааст. Аммо Фирӯза мегӯяд, намехоҳад на ба вазорати тандурустӣ ва ё мақомоти дигар шикоят барад, зеро бовар надорад, ки касе ба додаш бирасад.

Ӯ гуфт: «Ман як сол аст, ки табобат мекунам ва пули бисёре барои хатои як духтур, ки маро нодуруст аборт кард, сарф кардам, вале ҳомиладор нашудам. Метарсам, ки безурёт нашуда бошам. Ба додгоҳ барои он шикоят набурдам, зеро ба адолати додгоҳ бовар надорам.»

Банди қонун дар бораи иштибоҳи пизишк

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, дар қонун барои пизишкони иштибоҳкор маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст
Ин дар ҳолест, ки кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди вижае дар бораи иштибоҳи пизишк дорад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, дар шарҳи ин банди қонун гуфт: «Дар ин банди қонун омадааст, ки агар иштибоҳи духтур дар вақти ҷарроҳӣ ё табобат сар зада бошад, албатта вобаста ба сатҳи зарари он, ҷарима ва дар баъзе маврид маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Агар ин кор барқасдона ва ё муташаккилона шуда бошад, ҳатто ҳабси якумриро қонун пешбинӣ кардааст».

Аммо ин банди қонуни ҷиноӣ натавонист ба Тоҳир Лашкаров, шавҳари марҳум Нигина, кумак кунад ва чуноне худи ӯ мегӯяд, ҳақро ба ҳақдор расонад.

Аҳли назар ва коршиносон мегӯянд, мушкили дигар дар роҳи ҷилавгирӣ аз афзоиши иштибоҳҳои табибон ва маргумири беморон ин аст, ки дар Тоҷикистон низоми суғуртаи тиббӣ ва тахшиси мустақили тиббӣ, ки чунин ҳодисаҳоро мунсифона тафтиш ва баррасӣ кунад, фаъолият намекунад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, заминаи воқеӣ барои нороҳатӣ вуҷуд надорад, зеро ҳодисаҳои маргу мири одамон дар пайи иштибоҳи табибон дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Русия, на он қадар зиёд аст. Аммо фарқият ин аст, ки дар Русия панҷ дарсади ҳодисаҳои иштибоҳи духтурон исбот ва гунаҳкорон муҷозот мешаванд.

Бино ба омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, теъдоди кушташудагони иштибоҳи табибон дар сартосари ҷаҳон аз кушташудагони садамаҳои нақлиётӣ ба маротиб бештар будааст.

Зимнан Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар гузориши солонаи худ, ки мутобиқи маълумотҳои вазорати тундурустии Тоҷикистон омода кардааст, гуфтааст, «ҳар ҳафта дар вазорати тандурустии Тоҷикистон, оид ба иштибоҳоти сарзада аз ҷониби табибон ва шикоятҳои мардум дар пайи онҳо, ҷаласа доир мегардад ва комиссия махсус ҳар кадоми ин ҳодисаҳоро месанҷад ва натиҷаи онро бо мардум ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар миён мегузорад».

Ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, дар ҳар як беморхона ва марказхои тандурустии ин кишвар гурӯҳҳои вижаи пизишкон фаъолият мекунанд, ки бо санҷишу ташхис ва баррасии чунин ҳодисаҳо машғуланд. Аммо мусоҳибони мо - қурбониёни иштибоҳи духтурон ва пайвандони онҳо мегӯянд, вуҷуди чунин комиссия ё ҳайатҳоро дар беморхонаҳо эҳсос накардаанд.
XS
SM
MD
LG