Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории ду мақом пас аз марги 6 зан ҳангоми таваллуд дар Хатлон


Акс аз бойгонӣ

Марги шаш зан бо тифли батнашон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон боис ба барканории ду масъули соҳаи тандурустӣ дар минтақа шудааст. Ин занон дар моҳи июн ва июли имсол ҳангоми таваллуд дар зоишгоҳ фавтидаанд.

Темур Тошев, сардухтури Беморхонаи марказӣ ва Муҳаммад Пӯлодзода, сардори Бахши кумаки аввали тиббии ноҳияи Қубодиён ба "хунукназарӣ" ва "бемасъулиятӣ" муттаҳаманд. Сардухтури инак собиқи бемористони Қубодиён мегӯяд, худро дар ин қазияҳо гунаҳкор намешуморад. Вай баръакс аз он шикоят дорад, ки баъзе аз занон дар даврони ҳомила будан аз назари пизишкон намегузаранд ва аксаран гирифтори фишори баланду бемориҳои дигар ҳастанд.

Миралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "онҳое, ки бемасъулиятӣ карданд ва аз иҷрои вазифа набаромаданд, аз кор озод кардем."

Намояндаи Раёсати тандурустии Ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, марги модарон ҳангоми таваллуд мавриди нигаронии ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Феълан, сабаби марги шаш модар бо навзодонашон аз ҷониби додситонии ноҳия тафтиш мешавад. Мақомот мегӯянд, аз наздикони занони фавтида шикоят гирифтаанд.

Шаъмигул Мирзоева, сокини 22-солаи деҳаи Авестои ноҳияи Қубодиён, аз ҷумлаи заноне буд, ки дар беморхона ҳамроҳ бо тифли батнашон фавтидаанд. Наздиконаш марги ӯро иштибоҳи пизишкон медонанд. Пизишкон дар навбати худ мегӯянд, ӯ бемории ҷигар дошт ва замоне ба беморхона барои таваллуди тифл омад, мадораш намонда ва наҷоташ имконнопазир буд.

Дар ҳафт моҳи охир дар ин ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон марги 20 навзод дар беморхона сабт шудааст, вале марги шаш модар дар ду моҳ "ташвишовар будааст".

Темур Тошев, сардухтури собиқи ноҳияи Қубодиён, ки барои марги занону кӯдакон, аз мақомаш барканор шудааст ва аъмолаш тафтиш мешавад, худро гунаҳкор намедонад. Ӯ гуфт, шояд пизишкони одӣ иштибоҳе карда бошанд, вале ин ба ӯ рабт надорад.

"Худамро гунаҳкор намедонам. Агар норасоии техника, хун барои беморон ё норасоии духтур мебуд, гунаҳкор мешудам, лекин ҳама чиз буд. Дар чаҳор ё панҷ сол ин гуна маргу мири занону кӯдакон набуд, вале дар як моҳ зиёд шуд", -- гуфт ӯ.

Сардухтури собиқ гуфт, таҳлили онҳо нишон дод, ки дар баъзе ҳолат пизишкони маҳаллӣ хунукназарӣ кардаанд, вале занон низ худашон саривақт ба назди табибон наомада, аз камхунию фишорбаландӣ ба ҳангоми таваллуд ҷон додаанд.

Дар беш аз 20 шаҳру ноҳияи Хатлон дар як соли ахир 13 ҳолати маргу мири занони ҳомила ба ҳангоми таваллуд сабт шудааст. Фавти шаш модару кӯдак дар Қубодиён шомили ин рӯйхат аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, мушкили иқтисодӣ, надоштани ғизои солим боис ба камхунии занон аст, ки ин вазъ ҳангоми таваллуд ба ҷонашон хатар эҷод мекунад.

Бархе занони дигар ҳанӯз ҳам дар хона таваллуд мекунанд ва бинобар дурии роҳ ба зоишгоҳ намераванд. Ин ҳолат низ аз ҷониби пизишкон хатарнок ва як омили марги модар ё кӯдак дониста мешавад.

Шарҳҳоро бинед (11)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG