Дилафрӯзи Хуршед, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, панҷ моҳ пеш, дар 34-солагӣ, тифли аввалинашро ба дунё овард, аммо аз кори пизишкон норозист. Вай иддао дорад, ки “бо хатои духтурон” дигар фарзанддор намешавад, чун бачадонаш гирифта шуд ва саломатияш ҳам аз даст рафт. Пизишкон кори худро дуруст мешуморанд ва Додситонии ноҳия низ дар номае инро тасдиқ кардааст.
“Ягон табобат накарданд”
Ба нақли Дилафрӯзи Хуршед, пизишкон дар зоишгоҳи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ тифлашро бо “буриши қайсарӣ” ё ҷарроҳӣ берун оварданд. “Кор бо ин тамом нашуд. Пайиҳам ду ҷарроҳии дигар пеш омад,” – гуфт ӯ.
Вай афзуд: “Маро бенасл карданд. То ҳозир дуруст нишаста наметавонам. Пойҳоям кор намекунанд. Биёянд, маро ташхис кунанд ва бинанд, ки ба чӣ ҳол расонданд. 15 рӯз дар шуъбаи эҳё будам. 10 рӯз дору гузаронданд, 5 рӯзи дигар ман ҳушёр будам. 24 соат хобам намебурд.”
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мусоҳиби мо, давраи бордорияш хуб гузашт. Дар шаҳри Душанбе зери назорати пизишкон буд ва шикояти ҷиддӣ надошт. Ҳамааш аз он сар шуд, ки тобистон ба хонаи волидонаш дар ноҳияи Ҳамадонӣ рафту ба бемористон афтид.
Ба иддаои Дилафрӯзи Хуршед, “хунукназарӣ ва беэътиноии пизишкон” ӯро ба ин ҳол расонд: “Чор рӯз онҷо бистарӣ будам. Ягон табобат накарданд. На ягон сӯзандору гузаронданд, на дору доданд. Гуфтанд, ки кӯдак бо рӯй омадааст, намешавад, ҳатман бояд ҷарроҳӣ кунем.”
Посухи пизишкон ва додситонӣ
Дар санаде, ки ба Дилафрӯз ҳангоми рухсат шудан аз беморхона додаанд, навишта шудааст, ки “вай дар ҳолати вазнин муроҷиат кард”.
Ба навиштаи сартабиби беморхона, Тағойназар Абдуллоев, зимни амалиёти буриши қайсарӣ дар бемор “қабзияти рӯдаҳо мушоҳида шуда”, бо таваҷҷӯҳ ба бад шудани ҳолати зан пизишкон аз шаҳри Кӯлоб даъват шуданд.
Ҷарроҳиҳои баъдӣ ҳам, ба гуфтаи Абдуллоев, барои наҷоти зан аз ҷониби гурӯҳи корӣ анҷом шудаанд: “Бисёр вақт фавти модару кӯдак аз ҳисобе мешавад, ки бачадонро сари вақт гирифта наметавонанд. Вақте бачадон – манбаи асосиро гирифтем, вай сад дар сад зинда мемонад. Агар онро нагирем, талафоти модар зиёд мешавад. Ин ҷо ягон хато нашудааст.”
Баҳси Дилафрӯзи Хуршед бо беморхона то ба додситонӣ кашида шуд. Додситонии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар посухи хаттӣ ба Дилафрӯз гуфтааст, санҷиш маълум кард, ки дар кори духтурон аломати ҷиноӣ нест.
“Муайян карда шуд, ки буриши қайсарӣ ва ампутатсия (гирифта шудан)-и бачадон... дуруст ва асоснок буда, бо мақсади аз ҳолати вазнин берун овардани Шумо аз ҳамаи донишу малака ва имкониятҳо истифода шудааст,” – навишта шудааст дар нома.
Аммо Дилафрӯзи Хуршед мегӯяд, талошашро барои ба ҷавобгарӣ кашондани духтуроне идома хоҳад дод, ки ба гуфтааш ӯро ба ин ҳол оварданд. Ҳарчанд мегӯяд, медонад, ки исботи иштибоҳи пизишкон кори осон нест.
Аз рӯи муқаррарот, буриши қайсарӣ бо тасмими табибон, ризоияти зан ва хешовандони ӯ ва дар ҳолате анҷом мешавад, ки аз рӯи пешбинии мутахассисон таваллуди табиӣ барои зан пайомадҳои ногувор дошта бошад.
Маълум нест, ки солҳои охир дар Тоҷикистон чӣ теъдод аз пизишкон барои роҳ додан ба иштибоҳ ҷазо гирифтаанд, аммо чанд сол пеш мақомоти Суғд гуфтанд, ки 15 пизишк барои риоя накардани қоидаҳои “буриши қайсарӣ” ё таваллуд бо ҷарроҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: