Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист, даҳҳо соҳибкору мансабдор бемаҳдудият ба нерӯи барқ дастрасӣ доштаанд. Инро Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика ошкор карда, вале ҳоло мегӯяд, вазъ зери назорат аст.
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, ки "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист, даҳҳо соҳибкору мансабдор бемаҳдудият ба нерӯи барқ дастрасӣ доштаанд. Инро Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика ошкор кардаву ҳоло мегӯяд, вазъ зери назорат аст.
Таҳмина Азизова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, ӯ ва аъзои оилааш, дар умум бист нафар, аз хонаи худашон берун карда шудаанд. Ҷое, ки бист соли охир якҷоя зиндагӣ доштанд. Ҳоло сарпаноҳе надоранд ва ба гуфтаи ӯ дар ба дар мегарданд.
Як хонаводаи бистнафарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят дорад, ки зани соҳибкоре онҳоро бехонаву дар гузоштааст. Муомила сари қарз ва ба гарав гузоштани хона, оилаи Таҳмина Азизоваро бо кӯдакони зиёд дар кӯча гузоштаву дар ба дари хонаи хешовандонашон кардааст.
"Судиҷрочӣ гуфт, се сол шуд роҳаш бастааст. Агар омад, дастгир мекунем." Таҳмина, сокини шаҳри Душанбе, се сол боз наметавонад пули алименти ягона фарзандашро аз шавҳари собиқаш бигирад. Бо далели пеш наомадани мушкил дар хонавода нахост чеҳрааш нишон дода шавад.
Ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар кишвар қариб 58 ҳазор нафар ё 2 дарсад расман чун бекор сабт шудаанд. Аммо бархе аз мансабдорон аз он нигаронӣ мекунанд, ки ҷавонон ҷойҳои холии кориро қабул намекунанд.
Раёсати корҳои дохилии Хатлон рӯзи дувуми феврал бо нашри як навор аз боздошти ду гурӯҳе хабар дод, ки дар Кӯлоб ба фурӯши маводи нашъадор, аз ҷумла моддаи сахттаъсири метамфетамин ё кристал машғул будаанд. Дар Душанбе ҳам се нафар бо ҳамин иттиҳом боздошт шуданд.
"Вақтҳои охир истеъмоли ҳабҳои экстазӣ, синтетикӣ ва метамфитамин ё кристал ... маъруфият пайдо карда, муомилоти он бештар шудааст."
Як духтари ноболиғ талош дорад, ки мақомот падарашро аз зиндон озод ва ӯро пурра бегуноҳ эълон кунанд. Ин мард ду сол пеш бо гуноҳи дастарозӣ ба номуси ду духтари наврасаш 23 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст. Духтарон ҳоло дар ятимхона ҳастанд.
Кумитаи сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз баҳсу даъво миёни муштариён ва ширкатҳои сохтмонӣ дар Душанбе низоми наве роҳандозӣ кардааст то мардум пеш аз хариди хона қонунӣ будани кори ширкатҳоро санҷанд.
Баҳси шудгор кардани кишти гандум барои кишти маҷбурии пахта аз мавзӯҳои асосии нишасти хабарии вазири кишоварзии Тоҷикистон дар рӯзи 29-уми январ буд.
Радиои Озодӣ дар бораи баҳси як зан гузориш дод, ки ба гуфтаи худаш шавҳараш ӯро фиреб дода, молу амволашро фурӯхт. Ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси бовари ҳамсаронро дар Тоҷикистонро доғ кард. Мо аз сокинони Душанбе пурсидем, ки оё ба шавҳар ё ҳамсарашон дар масъалаҳои пулӣ боварӣ доранд?
Барфи шадид ва сардиҳои ду рӯзи ахир мушкилоти сокинонро на танҳо дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, балки дар маҳаллаҳои атрофи Душанбе ҳам зиёд кардааст.
Аз рӯзи 26-уми январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Давоми се ҳафта вазирон ва дигар мақомдорон дар бораи корашон гузориш дода, ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳанд. Мардум ба вазирон ва раисон чӣ суол доранд?
Ёфтҳои бештар