Додситонии ҳарбӣ ба таҳқиқи марги як навсарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шуруъ кардааст. Исрофил Азимзодаи 25-сола пас аз тақрибан ду ҳафтаи хидмат ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро 14-уми апрел дар зодгоҳаш, ноҳияи Рӯдакӣ, дафн карданд. Баъзе аз наздиконаш гуфтанд, эҳтимол ӯ бар асари латукӯб ҷон додааст. Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд.
Пайвандони Исрофил Азимзода рӯзи 15-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодиро барои суҳбат ба хонаашон дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ даъват карданд, аммо дертар зери фишори шахсе, ки номашро ба мо нагуфт, аз суҳбат худдорӣ намуданд.
Яке аз наздикони Исрофил Азимзода дар суҳбати ҳузурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ якуми апрел довталабона ба артиш рафт, аммо 9-уми апрел дар ҳолати вазнин ба шифохона бурда шуд. 13-уми апрел дар шуъбаи эҳё ҷон дод. Ба мо гуфтанд, ки гуё худро аз ошёнаи чорум партофтааст. Ба ин бовар надорем. Пеш аз маргаш дар бемористон чанд сарбозро нишон дод, ки ӯро задаанд."
Ҳамсуҳбати мо бе зикри номаш афзуд, "ҷасади Исрофилро соати дуи шаб ба хона оварда, талаб карданд, ки ҳарчӣ зудтар ба хок супорем. Мо ҷанҷол кардем. Сипас имоми масҷид омада, гуфт, кори шудагӣ шуд. Ҷасадро соати чори саҳар бурда дафн карданд."
Навор дар инҷост:
Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот бенатиҷа буд.
Як манбаъ дар Додситонии ҳарбӣ рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, қазия таҳқиқ мешавад ва чанд сарбоз ба шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба Исрофил Азимзода гумонзад ҳастанд.
"Баъди ин ҳодиса сарбозони қисми ҳарбиро ба беморхона бурда, ба Исрофил нишон доданд. Вай 3-4 сарбозро нишон дода, гуфт, ин нафарон латукӯбаш кардаанд. Ҳамчунин чанд сарбозеро шинохт, ки ба Исрофил гапҳои қабеҳ задаанд. Ҳодиса таҳқиқ ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд," – афзуд ҳамсуҳбати мо дар Додситонии ҳарбӣ.
Наздикони Исрофил Азимзода мегӯянд, ӯ падар надошт ва аҳволи модараш баъд аз шунидани хабари марги писар бад шуд. Аз Исрофил Азимзода як духтари шашмоҳа ятим монд.
Марги сарбозони тоҷик дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани сарбозон сабт шуда буд. Мақомот пайваста аз беҳтар шудани вазъ дар артиш ситоиш мекунанд. Вале ҳанӯз ҳам волидони бархе сарбозон аз шароити номуносиб ва озору азияти наваскарон шикоят доранд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориш гуфт, ки танҳо дар соли 2023 марги 40 сарбоз сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 кас аз беморӣ фавтиданд".