Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб ҷавони беморро ба артиш бурдаанд. Падараш нигарон аст


Исо Исозода
Исо Исозода

Наздикони як сарбоз дар Кӯлоб иддао доранд, ки ӯ бемор аст ва бояд аз хидмат дар артиш озод карда шавад, то ба худу дигарон осеб нарасонад. Онҳо барои исботи гуфтаҳояшон санади тиббӣ ва навори писари беморашонро дар ихтиёри мақомот гузошта, вале то ин дам посух нагирифтаанд.

"Вазъаш рӯз то рӯз вазнин мешавад"

Исо Исозода сарбози як қисми ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб аст. Вайро як моҳ пеш аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ ба инҷо овардаанд. Садриддин Муродов, падари Исо Исозода, гуфт, писараш мариз аст ва аз бемории саръ ё эпилепсия ранҷ мекашад.

“Агар чанд нафар аз дасту пояш надорад, ба худаш осеб мерасонад,” -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Ҳоло Муродов ба Додситони ҳарбии гарнизони Кӯлоб шикоят бурдааст.

“Ба додситонӣ (прокуратура) ариза додам. Ягон нафар чора намебинад. Вазъаш рӯз то рӯз вазнин мешавад, фишори хунаш мебарояд. Чанд бор бемор шуд. Ҳамин ҳолат дар пеши чашми фармондеҳон рух додааст,” – афзуд Садриддин Муродов.

Ба нақли пайвандон, беморие, ки Исоро аз по меафтонад, ду сол пеш дар ӯ пайдо шудааст. Онҳо мегӯянд, писарашон доим зери назари табибон буд, аммо ҳамчун бемор дар ягон шифохона сабти ном нашудааст. Ҳамин чиз боиси ба хидмати ҳарбӣ рафтани писараш шудааст.

Садриддин Муродов, падари сарбоз Исо Исозода, гуфт, “табобат мегирифт, аммо сабт накардаанд. Худамон ҳам розӣ набудем, ки дар беморхона хоб кунад. Агар беморияш гирад, бояд ба ӯ кумак кард. Ҳатто табибон мегӯянд, вақте инро бистарӣ мекунӣ, ҳатман худат бояд ҳамроҳаш бошӣ.”

"Аз табибон бояд пурсид"

Хонаводаи Исозода барои сиҳат шудани ӯ аз чанд навъ табобат кор гирифтаанд. Ба қавли модараш, Бибисоро Муродова, “бо машварати духтурон табобат кардем. Дар хона ҳам муолиҷа кардем, аммо сиҳат нашуд. Каме зиқ шавад, касалияш рӯ мезанад."

Бибисоро Муродова мегӯяд, зидди хидмат кардани писарашон нестанд, вале аввал ӯ бояд табобат шавад.

Додситонӣ аз 17-уми ноябр то ҳол ба аризаи волидони Исо Исозода посух надодааст. Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии гарнизони Кӯлоб, ба суолҳои мо дар ин бора низ ҷавоб нагуфт. Дақиқ нест, ки дар ин муддат додситони ҳарбӣ аризаи даъвогаронро баррасӣ кардааст ё на.

Масъулони қисми ҳарбӣ низ нахостанд, дар бораи вазъи сарбоз чизе бигӯянд. Баҳодур Абдулҳақзода, муовини сардори қисми ҳарбӣ, дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "аз табибон бояд пурсид". Зимнан дар санади табиб дар бораи бемории Исо Исозода, агар воқеӣ бошад, возеҳ навишта шудааст, ки мағзи ҷавон бемор дорад ва эҳтимоли ҳар сари чанд хуруҷ кардани бемориву ба ҳолати эпилепсия афтоданаш ҳаст.

Хонаводаи Исозода низ бо пешниҳоди наворҳои бемории писарашон талош доранд, ӯро муваққатан аз хидмати ҳарбӣ озод кунанд. Онҳо мехоҳанд, як ҳайати пизишкӣ Исоро муоина намояд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Як ҷавони беморро дар Кӯлоб ба артиш бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Дар Тоҷикистон дар гузашта баъзе мавридҳои ба артиш бурдани ҷавонони бемор сабт шуда, гоҳе бо марги онҳо анҷомидааст. Намояндагони ҳукумат як дафъа дар соли 2016 аз мақомоти тандурустӣ интиқод карда буданд, ки гуё онҳо дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба артиш ба чанд нафари мариз иҷозаи хидматро додаанд.

XS
SM
MD
LG