Моро пайгирӣ кунед
Мақомоти Тоҷикистон дар як баёнияи камсобиқа аз кушта шудани як шаҳрванди кишвар дар Русия ҷиддан изҳори нигаронӣ карда, ба ду ниҳоди расмӣ дар ин кишвар нота ё ёддошт фиристодаанд.
Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо гуноҳи қатли Маннон Содиқов (Домулло Абдуманнон), соҳибкор ва узви пешини , ба зиндони умрбод маҳкум кардааст.
Дар як наворе, ки Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми октябр дастрас кард, обу шағал аз як нақби нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба поён рехта, чанд нафар зери хоку сангреза мондаанд.
Як хонавода дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз шеваи таҳқиқи марги падарашон норозиянд. Исмоилҷон Яъқубови 74-сола дар оғози моҳи октябр аз ҷониби ҳамсараш, Гулхумор Маҳмудоваи 49-сола, бо чандин зарби корд кушта шудааст.
Писараш, Муҳаммадрафии Кароматулло, рӯзи 17-уми октябр дар паёме ин рӯзро "рӯзи ғаму дарди хонаводаи мо" номидааст.
Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Исфара як нафарро, ки чанде пеш ва пас аз ширкат дар ҷанги Русия дар Украина ба Тоҷикистон баргаштааст, бо гумони қатли ду сарроф дастгир кардаанд. Ҷинояте, ки мардуми ин минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистонро ба ваҳшат овардааст, рӯзи 10-уми октябр сурат гирифтааст.
Парвандаи марги Моҳитобон Аҳмадова, ҷавонзане дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ки пайвандонаш натиҷаи озору азияти ӯ, вале хешовандони шавҳараш худкушӣ меноманд, ба додгоҳ кашида шудааст.
Ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷузъиёти барканории Фарзона Ғафурзода, додраси Додгоҳи шаҳри Истиқлолро ошкор карданд.
Додситонии шаҳри Хуҷанд ба таҳқиқи ҷанҷол дар тарабхонаи "Тоҷмаҳал" дар маркази вилояти Суғд шуруъ кардааст.
Маросими дафни фармондеҳи баҳсбарангези сербҳои Босния генерал Ратко Младич рӯзи душанбе дар шаҳри Белград бо иззату икроми пурраи давлатӣ баргузор шуд.
Ёфтҳои бештар