Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Қассоби Босния” ва шиори “Ба пеш!” Маросими дафни Младич баҳсбарангез шуд

Акси бузурги Младич дар варзишгоҳи Белград
Акси бузурги Младич дар варзишгоҳи Белград

Маросими дафни фармондеҳи баҳсбарангези сербҳои Босния генерал Ратко Младич рӯзи душанбе дар шаҳри Белград бо иззату икроми пурраи давлатӣ баргузор шуд. Ташкили дафни ботантана аз тарафи давлати Сербия танқидҳои сахти Иттиҳоди Аврупоро ба миён овард. Ин ҳам дар ҳоле ки Сербия худро расман номзади узифт дар ин иттиҳодия кардааст.

Дар маросим ҳазорҳо нафар, аз ҷумла собиқадорони собиқи ҷанги Босния, ширкат карданд. Мақомоти давлатии Сербия, Монтенегро ва Ҷумҳурии сербҳои Босния дар ин дафн ширкат карданд. Порфирий, раҳбари калисои православии Сербия, изҳор дошт, номи шахсе, ки аз ҷониби Додгоҳи Гаага маҳкум шудааст, "дар хотира ва дуоҳои аксарияти сербҳо ва масеҳиёни православӣ амиқ боқӣ хоҳад монд".

Президенти Сербия Александр Вучич дар маросими дафн иштирок накард. Вай гуфт, ширкат карда наметавонад, зеро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро, ки ба Белград омада буд, қабул мекунад. Бо вуҷуди ин чанд аъзои баландпояи ҳукумати ӯ ва ҳам сафири Русия дар Сербия бо “Қассоби Босния” видоъ карданд.

Младич дар саросари олам бо лақаби "Қассоби Босния" маъруф мебошад. Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ ӯро бо наслкушӣ, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният ба ҳабси абад маҳкум карда буд. Младич 27 август дар синни 84-солагӣ дар зиндони шаҳри Ҳайг ё Гаагаи Ҳолланд мурд.

Қисме аз ҷомеаи Сербия то ҳол Младичро қаҳрамон мешуморад ва иддао дорад, ки артиши ӯ сербҳои Босниро аз нерӯҳои мусаллаҳи мусулмонони Босния ва хорватҳо муҳофизат кардааст.

"Бароям муҳим буд, ки қаҳрамони мардуми серб-генерали артишамонро, ки моро аз душманон дифоъ кардааст, қадрдонӣ кунам," мегӯяд Весна, як сокини Белград.

Младич барои ҷиноятҳое маҳкум шудааст, ки дар давоми 43 моҳи муҳосираи шаҳри Сараево дар ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта содир шудаанд. Он замон камаш 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расид. Соли 1995 бо фармони Младич дар минтақаи Сребренитса 8 ҳазор марду навраси мусулмон ба қатл расидааст.

Наздикони ҷнобохтагони қатли оми Сребрениста мегӯянд, Младич ҷазои сазовор гирифта, дар кунҷи зиндон мурд.

"Онҳо се писар, шавҳар ва набераамро куштанд. Панҷ мард танҳо аз хонаводаи мо. Ратко Младич даъвои қаҳрамонӣ дорад. Сербҳо мехоҳанд, ки ӯро қаҳрамон нишон диҳанд, вале барои ман ӯ чизе беш аз як пора чирк намебошад," гуфт шаҳрванди Босния ва Ҳерсеговина Маҷро Ҷогаз.

Дар варзишгоҳи Белград ҳаводорони дастаи футболи «Срвена Звезда» лавҳаи бузурегеро ба ёди Младич боло бардоштанд, ки шиораш «ба пеш» буд. Иттиҳоди Аврупо ва ИМА маъракаи ботантанаи дафни Младичро, ки масъули «бузургтарин наслкуши Аврупо аз замони ҷанги дуюуми ҷаҳон» меноманд, маҳкум карданд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG