Ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷузъиёти барканории Фарзона Ғафурзода, додраси Додгоҳи шаҳри Истиқлолро ошкор карданд.
Ӯ рӯзи 29-уми сентябр ва пас аз тақрибан якуним сол кораш аз мақом ронда шуд. Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, омадааст, Фарзона Ғафурзода ба сабаби амалкарде, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мақом барканор шуд.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомоти расмӣ дар бораи амалкарди Фарзона Ғафурзода то ин дам бенатиҷа буд. Аммо ду манбаъ рӯзи 1-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабаби барканории Фарзона Ғафурзода садамаи нақлиётӣ ё тасодуфи роҳ бо иштироки ӯ будааст.
Яке аз манбаъҳо бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "даҳ рӯз пеш мошини ӯ дар роҳи Истиқлол-Хуҷанд ба як худрави дигаре бархӯрда, дар натиҷа як хурдсол ҷон бохтаву чаҳор тани дигар маҷруҳ шудаанд."
Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар вилояти Суғд ҳодисаро шарҳ надодааст.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти интизомӣ барои таҳқиқи ҳодиса, ки додрас Фарзона Ғафурзода як тарафи қазия аст, парванда боз кардаанд.
“Ӯро ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва аз беэҳтиётӣ боис ба марг шудан ва зарари вазнин расондан ба саломатии одамон гумонзад кардаанд. Таҳқиқ идома дорад,” -- гуфт мусоҳиби мо, ки ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад. Ин банди қонун то панҷ сол зиндонро дар назар дорад.
Маълум нест, ки худи Фарзона Ғафурзода дар ин садама осеб дидааст ё не, вале ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, "ӯ бемор аст". Мавқеи намояндагони тарафи дигари ҳодиса низ маълум нест.
Ҳамарӯза дар роҳҳои Тоҷикистон дар садамаҳои нақлиётӣ даҳҳо нафар захмӣ ва ё кушта мешаванд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ 287 кас ҷон бохта, 508 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва танқидҳо зиёданд, ки ҳангоми таъйини онҳо лаёқат ва донишҳо ба қадри кофӣ ба эътибор гирифта намешаванд.
Феълан дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас кор мекунанд. Бори аввал нест, ки баъзе аз додрасҳои тоҷик бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори корашон аз мақом ронда мешаванд.
Дар даҳ соли гузашта нисбат ба беш аз чиҳил додрас, аз ҷумла баъзе муовинону раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2024 ҳангоми мулоқот бо додрасҳо эътироф кард, ки дар 10 моҳи соли 2024 кормандони низоми додгоҳӣ 26 ҷиноят содир кардаанд. Бисёре аз ин ҷиноятҳо ришвахорӣ, қаллобӣ, фаро рафтан аз ваколатҳо ва эълони ҳукмҳои ноодилона номбар шуданд.
Гуфтугӯ