Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксиронӣ дар Тоҷикистон кори бедаромад мешавад?

Боло рафтани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон як мушкили дигари ҷиддӣ барои ронандаҳои таксие шудааст, ки мошинҳояшон бо нерӯӣ барқ ҳаракат мекунанд.

Як ронанда дар шаҳри Душанбе, ки бинобар пеш наомадани душвориҳои бештар нахост номаш гуфта ва чеҳрааш нишон дода шавад, гуфт, ки таксӣ дигар даромад надорад.

Вай аз бонк 160 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, мошин харидааст. Ҳоло ҳар рӯз 250 сомонӣ қарзи бонкро бармегардонад ва 100 сомонӣ ба хазинаи Барномаи "Ҷӯра" медиҳад. Акнун 40 дирам баланд шудани нархи барқ барои электромобилҳо, даромади ӯро боз ҳам камтар кардааст.

Мегӯяд, пештар хароҷоташон кам буд ва бо 50-54 сомонӣ барқ пур мекарданд ва ҳоло аз 70 сомонӣ боло барқ пур мекунад. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, агар вазъ чунин давом кунад, мумкин аст, кору даромадашро аз даст диҳад.

"Бовар кунед, ман бисёр таксиронҳоро мепурсам, бечораҳо қарздоранд. Шахсан худи ман ҳам қарздорам. Аз бонк ҳам қарздоранд, аз ширкат ҳам. Мебинам, мошинро месупоранд. Мебинам, ҳуҷҷатҳо дар даст, мепурсам, куҷо меравед, шартнома бастан? Мегӯянд, ки не, мошинро месупорем. Мепурсам, чаро? Мегӯянд, ки ба ин шакл кор пеш намеравад, қарздор шудем".

Ба қавли ӯ, баъди барҳам додани баъзе ширкатҳои таксиронӣ, пайдо шудани "Ҷӯра" ва харҷи зиёд, сатҳу сифати хидматрасонӣ низ мисли пештара нест.

Таксиронӣ дар Тоҷикистон дигар кори бедаромад мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Дар ин бора назари сокинон гуногун аст.

-Хизматрасониашон ба ман писанд аст, оддӣ аст, хубай".

-Аз ҳисоби он, ки ҳам нархномаи ширкат боло бардоштаанд, ҳам ба ақидаи худи онҳо он қадар ба нарху навои ҳозираи бозор мутобиқ нест, сарироҳӣ мусофир гирифта мебаранд, ҳамон барномаро қариб, ки истифода намекунанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ борҳо талош кардаанд, мавқеи ширкатҳои таксирониро дар робита ба нигаронии ронандаҳо шунаванд, вале онҳо аз сӯҳбати ошкоро худдорӣ карданд.

Бо афзоиши арзиши нархи барқ аз 1-уми феврали имсол, ки гуфта мешавад барои расидан ба худкифоии ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва Шабакаҳои интиқолу тақсими барқ сурат гирифтааст, нигаронии ронандагони таксӣ, ки асосан мошинҳои барқӣ доранд, бештар шуд.

Ин ба шикоятҳои муштариён низ зам гашт, ки мегӯянд, назму роҳати гузашта баҳам хӯрдааст. Вазъ вақте тағйир кард, ки шаҳрдории Душанбе танҳо ба чаҳор ширкат – "Эко Таксӣ", "Олуча Авто", "Ковиён" ва "Сафо" иҷозаи кор дод.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG