Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе ин тасмимро ба гуё рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва меъёри созмонҳои молии ҷаҳонӣ пайванд дод.
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ вазъи расонаҳоро дар шароити имрӯза "муташанниҷ" номида, гуфт, солҳои охир дар кишвар "худсензура зиёд шудааст".
“Оё намешавад, ки Ҳулбукро низ ба мисли қалъаи Хуҷанд ва қалъаи Истаравшан таъмиру азнавсозӣ кард, то сайёҳон омада, дар бораи мо хулосаи хуб ва мусбат бароранд? То кай ба онҳо вайронаҳоро нишон медиҳем?”
Сатҳу сифати хидматрасониҳои бонки "Душанбе Сити", ки сокинони зиёде муштарияш ҳастанд ва пардохти аксар хадамоти иҷтимоӣ ба воситаи он анҷом мешаванд, яке аз мавзуъҳои асосии нишасти матбуотӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистон буд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бисёре аз корҳои таҳкими марзи кишвар бо Қирғизистон аз ҳарду тараф ба анҷом расидааст, то дигар нофаҳмӣ ва ё ҷанҷоле байни мардуми деҳоти марзӣ сар назанад. Аз ҳарду тараф симхор мекашанд, то пеши роҳи убури ғайриқонунии мардум ва ё ғасб шудани заминро бигиранд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори озодии Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо шарҳ дод. Ӯ ва панҷ зердасташ дар тасарруфи беш аз 1 миллиард сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад буданд ва ахиран озод шуданд.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, қарор рӯзи 13-уми июл ва баъди пардохти ҷуброни зарар ва ҷарима содир шуд.
Ба зидди 45 корманди “Шабакаҳои тақсими барқ” дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, беш аз 260 тани дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Раиси Оҷонси назорат дар соҳаи энержӣ гуфт, ин афрод ба дуздӣ ва изофанависӣ ба маблағи зиёда аз 37 миллион сомонӣ гумонзад ҳастанд.
Сокини шаҳри Ҳисор, Сулаймон Баротов, шикоят дорад, ки беш аз 400 чорвои шахсии ӯро ба ҳисоби идораи давлатии “Искандаркӯл” гузаронидаанд ва ӯ зиёда аз ду моҳ боз талош дорад, онҳоро пас бигирад.
Дар чанд рӯзи ахир шикоятҳо аз кори бонки "Душанбе Сити" дигарбора зиёд шуд ва бархе муштариён мегӯянд, сари вақт пулашонро фиристода наметавонанд ё маблағашон намегузарад.
Нархи семент, яке аз маҳсулоти асосӣ барои сохтмонҳо дар Тоҷикистон якбора боло рафтааст. Сокинон мегӯянд, шуруъ аз моҳи май нархи як халта семент вобаста ба навъу сифаташ аз 55 сомонӣ ба 70 сомонӣ боло рафтааст.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё идораи Омбудсмен дар як гузориш роҷеъ ба вазъи муроҷиати сокинон дар идораҳои давлатӣ гуфтааст, санҷишҳои онҳо нишон дод, ки дар баробари пешравиҳо, ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.
Идомаи афзоши нахри сӯзишворӣ дар моҳҳои ахир дар Тоҷикистон ронандагонро бештар нигарон кардааст. Мегӯянд, аз ин ҳисоб рӯз то рӯз харҷашон бештар, даромадашон кам мешавад.
Пардохти баҳра ё фоизи баланди қарз дар бонкҳои Тоҷикистон муштариёнро ба мушкил гирифтор кардааст.
Дар шаҳри Душанбе дар як нишасте бахшида ба рӯзи матбуот дар бораи аҳволи матбуот ва хабарнигорони тоҷик сӯҳбат карданд. Чӣ гуфтанд?
Вожаи “худсонсурӣ” ё “самосензура” аз калимаҳое буд, ки дар анҷумани “Рӯзи ҷаҳонии озодии баён” дар Душанбе бештар садо дод.
Наздикони зане, ки ҷасади овехтааш дар деҳаи Шӯрхоки шаҳри Турсунзода пайдо шуд, ба марги ӯ шубҳа доранд.
Як хонаводае дар шаҳри Турсунзода аз мақомот талаб доранд, ки сабабҳои марги духтари 41-солаашонро маълум кунанд. Ҷасади модари се фарзандро дар хонаи шавҳар овехта пайдо карданд ва модараш мегӯяд, мумкин аст, ҷабру ситам ба духтараш сабаби қасди ҷони хеш кардани ҷигарбандаш шудааст.
Афзоиши истеъмоли навъҳои нави маводи мухаддир, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо номи лирика ва ё кристалл маъруфанд, мояи нигаронии амиқи ҷомеашиносон шудааст. Кор ба ҳадде расидааст, ки баъзе аз ҷавонон баъди истифодаи онҳо касеро бераҳмона мекушанд. Ё масалан гӯши касеро газида мекананд.
Ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи хидмати ҳарбӣ пайкари як ҷавони 25-сола ба хонаводааш супурда шудааст. Модари сарбоз мегӯяд, писараш Исрофил Азимзодаи 25-соларо рӯзи 30-юми март ба артиш ҷалб намуданд ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд.
Ёфтҳои бештар