То чанд моҳи дигар дасти Тоҷикистон барои гирифтани грант ё кумакҳои бебозгашти бонку созмонҳои байнулмилалӣ кӯтоҳ хоҳад шуд. Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе ин тасмимро ба гуё рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва меъёри созмонҳои молии ҷаҳонӣ пайванд дод.
“Мутаассифона, гирифтани грант кам мешавад”
“Бонкҳо аз соли оянда ба мо қарзҳои боимтиёз ҷудо мекунанд. Барои он ки рушди иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таъмин шуда истодааст. Ва он меъёре, ки бонкҳо вобаста аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба сари аҳолӣ мемонанд, аллакай зиёд шудааст. Аз ин рӯ, гирифтани маблағҳои грантӣ дар оянда, мутаассифона, камтар мешавад,” – шарҳ дод Султон Раҳимзода.
Бар асоси пешгӯии Бонки Осиёии Рушд, интизор меравад, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2026 ва 2027 босубот ё баланд боқӣ монад. Ин бонк моҳи апрели имсол дар гузорише гуфта буд, ки “рушди бахши саноат ва хидматрасонӣ аз омилҳои асосии афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли оянда хоҳад буд.”
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ҳанӯз аз зумраи камбизоатҳо ба шумор меравад ва иқтисоди хонаводаҳо асосан аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷа мечархад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам пинҳон намекунанд, ки Тоҷикистон ҳар сол маблағҳои ҳангуфтеро дар шакли грант ё қарзҳои бебозгашт мегирифт ва дар иҷрои тарҳҳо истифода мекард.
Султон Раҳимзода гуфт: “Ҳанӯз ҳам бахши аъзами лоиҳаҳо аз ҳисоби грантҳо татбиқ шуда истодаанд, бо маблағи 3,5 миллиард доллар. Соли гузашта барои иҷрои 7 лоиҳа ҳиссаи маблағҳои грантӣ 63,7 фоизро ташкил медод. Дар нимсолаи гузашта бинед, 14 лоиҳаи давлатӣ ҳаст, лекин ҳиссаи грантҳо 44.3 дарсад. Ин сол ба сол кам мешавад.”
Агар қарзҳо самарбахш истифода нашаванд ё ба лоиҳаҳое равона гарданд, ки боздеҳи иқтисодӣ надоранд, хатари зиёд шудани қарзи давлатӣ ва фишори бештар ба буҷа ба вуҷуд меояд.Абдулло Ашӯров
Яке аз созмонҳое, ки имсол розӣ шудааст ба Тоҷикистон 100 миллион доллар грант ё кумаки билоиваз диҳад, Бонки Ҷаҳонист. Вале ин созмони молӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дар иваз ислоҳоти иқтисодӣ гузаронад.
Аз ҷумла, баҳри таъмини рақобат дар Тоҷикистон бояд қонуни алоҳида қабул шуда, барои ҳама соҳибкорон шароити баробари кор фароҳам шавад. Чизе, ки ба назари як таҳлилгари тоҷики муқими Маскав, ки номаш ба далели амниятӣ пахш намешавад, “иҷрояш эҳтимол барои мақомот осон нест, чун ба манфиати онҳо ё наздиконашон, ки моликони ширкатҳои бузург ҳастанд, бармехӯрад.”
“Агар пулҳо дурусту шаффоф истифода шаванд...”
Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ, гуфт, “акнун ҷумҳурӣ ба ҷойи грант имкони бештар барои дастрасӣ ба қарзҳои имтиёздорро пайдо мекунад. Агар чунин қарзҳо ба тарҳҳои воқеан самарбахш шаффоф ва дуруст истифода гарданд, ба афзоиши истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди дарозмуддати иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.”
Ба ҷуз ин, ба гуфтаи ӯ, “маблағҳои қарзӣ аз лиҳози ҳаҷм нисбат ба грантҳо бештар мебошанд ва метавонанд барои татбиқи лоиҳаҳои бузург имкон фароҳам оваранд. Агар қарзҳо самарбахш истифода нашаванд ё ба лоиҳаҳое равона гарданд, ки боздеҳи иқтисодӣ надоранд, хатари зиёд шудани қарзи давлатӣ ва фишори бештар ба буҷа ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, мушкил худи қарз нест, муҳим он аст, ки маблағҳо то чӣ андоза оқилона, шаффоф ва бо натиҷаи мушаххаси иқтисодӣ истифода мешаванд.”
Дар ҳоле ки тақдими грант ё кумакҳои бебозгашти хориҷӣ ба Тоҷикистон моҳ ба моҳ камтар мешаванд, Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои бузурге чун нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба сармоягузории хориҷӣ ва қарзҳои боимтиёз умед бастааст.
Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда аст. Қарзи хориҷии кишварро то якуми июли имсол 2 миллиарду нуҳсад миллион доллар, баробар ба тақрибан чордаҳ дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, шумурдаанд.
Гуфтугӯ