Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

890 муроҷиат дар бораи бонкҳои Тоҷикистон, аксараш аз "Душанбе Сити"

Сатҳу сифати хидматрасониҳои бонки "Душанбе Сити", ки сокинони зиёде муштарияш ҳастанд ва пардохти аксар хадамоти иҷтимоӣ ба воситаи он анҷом мешаванд, яке аз мавзуъҳои асосии нишасти матбуотӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистон буд.

Хабарнигорон рӯзи 20-уми июл аз Фирдавс Толибзода, раиси Бонки Миллӣ, пурсиданд, ки оё аз шикояти мардум огоҳанд? Ӯ посухи дақиқ надод, вале танҳо иддаои баъзе аз сокинонро дар бораи гум шудани пулҳояшон дар ҳамёни электронии "Душанбе Сити" бепоя номид.

Фирдавс Толибзода
Фирдавс Толибзода

"Дар бораи гум шудани маблағҳо гуфтед. Ин хел ҳолатҳо рух намедиҳанд. Маблағ аз ин ҳисоб ба он ҳисоб меравад, камтар вақт мегирад. Маблағҳо гум намешаванд, лекин баргардонидани ҳамон маблағе, ки хато рафтааст, каме вақт мегирад," – шарҳ дод Фирдавс Толибзода.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар посух ба пурсиши батакрори хабарнигорон гуфт, аз 890 арзу муроҷиате, ки нисбат ба хидматрасониҳои бонкӣ ба онҳо расидааст, 30 дарсадаш ба "Душанбе Сити" рост меояд.

"Ин маънои онро надорад, ки аз ҷониби мо ё аз ҷониби "Душанбе Сити" корбарӣ нашуда истодааст. Чӣ хеле медонед, шабакаҳои иҷтимоӣ як платформае барои зуд ба самъи ин ё он шахс ва ё низоми бонкӣ расонидани баъзе камбудиҳо ҳастанд. Ҳамаи масъалаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мегузаранд, дар "Душанбе Сити" ва дар сохтори дахлдори мо мебинанд, то масъала бартараф карда шавад," – илова кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Бонки миллӣ мушкилоти Душанбе ситиро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Ин таъкиди Фирдавс Толибзода дар ҳолест, ки дар чанд моҳи гузашта шикояти сокинон аз хидматрасониҳои "Душанбе Сити Бонк" борҳо садо додааст. Музаффар Одинаев, сокини шаҳри Душанбе, аз зумраи онҳоест, ки дар як суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, се ҳазор сомонии худро натавонист аз "Душанбе Сити" бозпас гирад.

"Аз ин ҷо ба он ҷо равон карданд. Ҳатто ба назди раҳбарашон даромадам. Паёмак омада буд, ки пули Шумо пас аз 10 дақиқа мегузарад. Бо сабабе, ки терминалҳояшон интернет надоштааст. Пули маро бозпас надоданд. Ягон кори маро ҳал накарданд," – гуфта буд ӯ.

Дар як тамоси телефонӣ аз "Душанбе Сити Бонк" барои шарҳи мавзуъ номаи расмӣ талаб намуданд. Радиои Озодӣ борҳо ба ин ниҳоди молӣ нома бурда, вале на ҳамеша посух мегирад.

"Душанбе Сити" яке аз се бонки Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли 2025 барои ёрӣ ба Русия аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуд ва танҳо моҳи апрел ин маҳдудиятҳо бекор гаштанд.

Дар гузашта низ шикоятҳо аз сатҳи хадамоти ин бонк, ки ба мақомдорони баландпоя нисбат дода мешавад, садо додаанд, аммо масъулонаш на ҳамеша ба нигарониҳо вокуниш кардаанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG