Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ дид, таҳрими ҷорикардаи Иттиҳоди Аврупо ба кори ду бонки Тоҷикистон таъсир расонда, дороӣ ва даромади онҳоро кам кардааст. Инчунин, пули амонатгузорон дар ин бонкҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Шӯрои Аврупо моҳи ноябри соли 2025 "Спитаменбонк", "Коммерсбонк" ва "Душанбе Сити Бонк"-и Тоҷикистонро ба далели "ёрӣ ба Русия" таҳрим кард. Бонки Миллӣ гуфт, барои берун кардани номи ин муассисаҳои молӣ аз рӯйхати сиёҳи Иттиҳоди Аврупо талош дорад.
"СПИТАМЕНБОНК" ЧӢ ЗАРАР ДИД?
Таҳлили ҳисоботи се бонки таҳримшудаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки зоҳиран аз ҳама бештар "Спитаменбонк" аз таҳримҳо зиён дидааст. Ин ҳисоботро Бонки миллии Тоҷикистон нашр кард.
Тибқи он, "Спитаменбонк" то охири сентябри соли 2025 ва як моҳ пеш аз иҷроӣ шудани таҳримҳо каме бештар аз 3 миллиард сомонӣ (323 миллион доллар) дороӣ дошт. Пас аз ҷорӣ шудани таҳрим ва дар охири соли 2025 дороиҳои "Спитаменбонк" то 2,7 миллиард сомонӣ (297 миллион доллар) кам шуд.
Баъди амалӣ шудани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, пули амонатгузорон дар "Спитаменбонк" аз 943 миллион сомонӣ (100 миллион доллар) ба 668,4 миллион сомонӣ (72 миллион сомонӣ) коҳиш ёфтааст. Маълум нест, амонатгузорон киҳо буданд ва чаро пули худро аз бонк бозпас гирифтанд. Намояндагони "Спитаменбонк" ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин бора посух надоданд.
Фоидаи "Спитаменбонк" ҳам баъди таҳрим шудани бонк камтар гаштааст. Тибқи ҳисобот, ин бонк то 30-юми сентябри соли гузашта 69 миллион сомонӣ (7,4 миллион доллар) даромад гирифтааст. Баъд аз эълони таҳрим алайҳи "Спитаменбонк", даромади бонк дар охири соли 2025 баръакс то 57,3 миллион сомонӣ (6,2 миллион доллар) кам шудааст.
Суолҳои мо ба намояндагони "Спитаменбонк" дар ин бора беҷавоб монд.
Як бонкдори собиқадор, ки бо ин ҳисобот ошно шудааст, бо шарти фош нашудани ном гуфт, кам шудани даромади "Спитаменбонк" дар охири сол ва баъди эълони таҳримҳо аз чанд омил вобаста буда метавонад. "Якум, шояд бонк дар охири сол хароҷоти калоне карда бошад. Дувум, эҳтимол бонк барои ҳолатҳои мабодо аз маблағи фоида захира кардааст", - гуфт ин бонкдори собиқ.
Тибқи ҳуҷҷатҳои расмӣ, молики "Спитаменбонк" ташкилоти "Спитамен Суғурта" аст. Расонаҳо дар гузашта ин бонкро ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон, вобаста медонистанд. Худи ӯ чанд дафъа сарудсадоро дар ин замина рад кард.
"КОММЕРСБОНК": ДОРОӢ КАМ, ДАРОМАД ЗИЁД
"Коммерсбонки Тоҷикистон" аз бонкҳои дигари кишвар аст, ки таҳрим ба дороӣ ва амонатгузоронаш таъсир расондааст.
Бино ба гузориши расмӣ, то 30-юми сентябри соли 2025 ва як моҳ қабл аз эълони таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, дороиҳои "Коммерсбонк" бештар аз 2,7 миллиард сомонӣ (293 миллион доллар) буд. Аммо баъди ҷорӣ шудани таҳрим алайҳи ин бонк, дороиҳои "Коммерсбонк" то охири соли 2025 ба 1,9 миллиард сомонӣ (213 миллион доллар) кам шудааст.
Ҳамчунин пули амонатгузорон дар "Коммерсбонк" баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо аз 2,1 миллиард сомонӣ (230 миллион доллар) ба 1,3 миллиард сомонӣ (146 миллион доллар) коҳиш ёфтааст.
Бо вуҷуди кам шудани дороӣ ва амонатҳо, даромади "Коммерсбонк" дар соли 2025 бештар шудааст. Ин бонк дар охири соли гузашта 61,1 миллион сомонӣ (6,6 миллион доллар) фоида гирифтааст, ки дар қиёс ба 30-юми сентябр ва қабл аз оғози таҳримҳо 15,4 миллион сомонӣ (1,6 миллион доллар) бештар аст. Аз кадом ҳисоб зиёд шудани даромадҳои ин бонк маълум нест.
Радиои Озодӣ 27-уми феврал барои гирифтани шарҳи расмӣ ба "Коммерсбонк Тоҷикистон" нома фиристод, аммо бо гузашти як моҳ посухе нагирифт.
"Коммерсбонки Тоҷикистон" 26-уми декабри соли гузашта дар сомонааш навишт, то ворид шудан ба рӯйхати таҳримҳо ва айни замон ҳам бонк "дар амалиёти таҳти таҳрим қарордошта ё дорои хавфдошта дахл надорад, миёнаравӣ накардааст" ва таҳримҳоро риоя мекунад.
Ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ширкати "Фароз", ки ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президент пайванд дода мешавад, молики "Коммерсбонки Тоҷикистон" аст. "Фароз" соли 2020 эълон кард, ки кори худро бас мекунад. Дертар таҳқиқоти журналистии Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
ТАҲРИМ БА "ДУШАНБЕ СИТИ" ТАЪСИР НАДОШТ?
Баръакси ду бонке, ки баъди таҳрим шудан аз сӯи Иттиҳоди Аврупо дороӣ ё даромадашон кам шуд, Бонки "Душанбе Сити" аз рӯи ҳисоботи пешниҳодкардааш ба Бонки Миллӣ аз таҳримҳо чандон зиён надидааст.
Дороиҳои бонк баъди эълони таҳримҳо дар моҳи сентябри соли гузашта аз 3,8 миллиард сомонӣ (406 миллион доллар) ба 4,4 миллиард сомонӣ (471 миллион доллар) дар охири сол зиёд шудааст.
Аз рӯи ҳисобот, маблағи амонатгузорон низ дар Бонки "Душанбе Сити" аз 2,2 миллиард сомонӣ (239 миллион доллар) ба 2,9 миллиард сомонӣ (321 миллион доллар) афзоиш ёфтааст. Фоидаи ин бонк ҳам аз 61,3 миллион сомонӣ (6,6 миллион доллар) дар моҳи сентябр ба 81,7 миллион сомонӣ (8,8 миллион доллар) дар охири соли 2025 зиёд шудааст.
Бо вуҷуди зиёд шудани даромад ва дороиҳои Бонки "Душанбе Сити" баъди таҳрим, шикояти муштариён аз кори ин бонк зиёд садо медиҳад. Аввали моҳи марти имсол садҳо муштарии "Душанбе Сити" шикоят карданд, ки наметавонанд ба ҷое пул фиристанд ё баръакс пул қабул кунанд. Дар "Душанбе Сити" гуфтанд, низом ё системаи кори онҳо мавриди ҳамлаи ҳакерон ё рахнагарон қарор гирифтааст.
Ҳафтод дарсади саҳмияи ин бонк ба "Авесто Гуруҳ" тааллуқ дорад. Мудири ширкати "Авесто Гурӯҳ" Мирзо Муҳаммадро аз шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, ном мебаранд. Ин гурӯҳ соли 2016 таъсис ёфта, то имрӯз соҳаҳои зиёдеро зери даст дорад. Аз тавлиди оби "Сиёма" гирифта, то истеҳсоли мусофирбар ва пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар Душанбе ва Хуҷанд.
КАДОМ МАҲДУДИЯТҲО ПЕШБИНӢ ШУДААНД?
Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар посухи расмӣ ба номаи Радиои Озодӣ навиштааст, таҳримҳо асосан ба интиқоли пул бо арзи хориҷӣ (евро ва доллар) таъсир расониданд.
Ӯ афзудааст: "Дар ин замина, баъзе аз бонкҳои муросили хориҷӣ бо мақсади пешгирӣ аз таҳримҳои дуюмдараҷа аз ҳамкорӣ худдорӣ менамоянд ё ҳангоми иҷрои супоришномаҳои пардохтӣ санҷишҳои иловагӣ талаб мекунанд”.
Дар посухи Бонки Миллӣ омадааст, амалиёти дохилии се бонки таҳримшуда барои муштариён мисли гузашта кор мекунад.
Абдулло Ашӯров, рӯзноманигори тоҷик, ки масъалаҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад мегӯяд, ҳама гуна таҳрим зарбае ба фаъолияти бонк аст, “чунки бонк бар асоси эътимод ва боварии муштариён асос ёфтааст. Вақте муштариён ба пешбурди фаъолияти бонк, ба ояндаи фаъолияти он ягон шакку шубҳа кунанд ва ё донанд, ки он зери таҳрим аст ва ҳар гуна маҳдудиятҳо дар пеш дорад, албатта пулҳои худро ба он бонк бовар намекунанд”.
Коршиноси тоҷик Фозилҷон Фатҳуллоев мегӯяд, дар баробари он зарарҳои молиявие, ки дар ҳисобот зикр шудааст, бонкҳои таҳти таҳрим метавонанд бо мушкилиҳои дигар дучор шаванд.
“Ин бонкҳо бо аз даст додани шарикони аврупоӣ, ба хатари аз даст додани сармоягузорон аз Аврупо дучор шуда метавонанд”, - мегӯяд ин коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ин вазифа пайдо шудааст, ки ба ҷойи бонкҳои аврупоӣ барои се бонки таҳримшуда шарикони дигар ёбад.
Ба назари рӯзноманигори тоҷик Абдулло Ашӯров, барои берун кардани номи се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳрим ду роҳ мавҷуд аст, ки яке музокирот бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва дуввум даъво ба додгоҳ мебошад.
“Агар ин бонкҳо далели кофӣ дошта бошанд, метавонанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд, вале ин кори саҳлу осоне нахоҳад буд. Ин албатта хароҷоти зиёд дорад, муҳлати зиёд металаб ва далелҳои қотеъ зарур аст. Бинобар ин ҳарду роҳ ҳам хеле душвор аст, саҳлу осон нест ва ин албатта ба фаъолияти бонкҳо бетаъсир нахоҳад буд”, - афзуд ин рӯзноманигори тоҷик.
Тоҷикистон шарики стратегии Русия аст, ҳарчанд Душанбе ошкоро аз ҳамлаи Русия ба Украина пуштибонӣ накарда, баръакс гуфтааст, хоҳони ҳалли мушкил аз роҳи музокирот аст.
Пас аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина, Иттиҳоди Аврупо борҳо аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз давр задани таҳримҳои зидди Русия, бо ин созмон ҳамкории зичро идома диҳад.
Дар посухи охири Бонки Миллӣ ба Радиои Озодӣ аз 12-уми март омадааст, интиқоли пул байни Тоҷикистон ва Русия “бо назардошти санҷишҳои иловагӣ анҷом дода мешавад, то аз поймоли таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Русия канораҷӯӣ карда шавад”. Ҳарфе, ки тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил мушкил аст.