Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпарастони “палангҳои ҷавони бонкӣ” кистанд?


Дар ҳоле ки низоми бонкии Тоҷикистон дар вазъи бӯҳронӣ қарор дорад, воридшавии бонкҳои нав ба бозор дар зеҳни ҳар нафар суолҳои зиёдеро халқ мекунанд: Ин бонкҳо аз кадом манбаъ арзи ҳастӣ мекунанд? Паси ин бонкҳо кист ва чӣ тағйиротеро дар ин арса бояд интизор шуд?

Дар паёми ахири худ президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки низоми номукаммали бонкӣ яке аз сабабҳои асосии рушд наёфтани иқтисоди кишвар шудааст. Ӯ дастур дод, ки нақшаи иловагии беҳбудсозии вазъи

Дар бозаргонии Тоҷикистон саҳмияҳои 1 миллион долларӣ ва аз ин бештар низ вуҷуд доранд. Дар асл бошад, дар кишвар маҳдуд арсаҳое вуҷуд доранд, ки тавонанд чунин фоидаи бузург бидиҳанд

молии ду бонки бузурги кишвар – “Тоҷикистодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” таҳия ва ҳамчунин меъёри ҳаҷми маблағи таъсисшавии бонкҳои нав аз 80 миллиони сомонии феълӣ то ба 50 миллион сомонӣ коҳиш дода шавад.

Дар се соли ахир Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тақвияти талаботи маблағҳои таъсисёбии бонкҳо буд ва пайваста онро афзоиш медод. Дар натиҷа, ба якборагӣ фаъолияти чандин фонди қарздиҳии хурд қатъ шуд. Дар пайи болоравии қурби доллар ва камбуди пули нақд бештаре аз соҳибони пасандозҳо барои гирифтани пули худ ба бонкҳо шитофтанд. Ин вазъ ошкор кард, ки чаҳор бонки Тоҷикистон ба фаъолият дар чунин вазъият омода нестанд. “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” муфлис шуданду “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” дар ҳоли наҷотёбӣ давр мезананд.

“Палангчаҳо” ҷои “Филҳо”-ро танг мекунанд

Бӯҳрони пуливу қарзӣ ва камбуди шадиди маблағҳо барои тиҷорат дар ин солҳо аз арзи ҳастӣ кардани бонкҳои наве назири “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва “Коммерсбонк” монеъ нашуданд. Дар пасманзари нишондодҳои зараровари фаъолияти бонкҳои дигар бозигарони нави бозори бонкдорӣ ба раҳбарии “Спитаменбонк” танҳо дар соли гузашта дастовардҳои бесобиқаеро соҳиб шуданд. Ин бонк дар як сол тавонист дороиҳои худро то ба 50-60 дарсад афзоиш диҳад.

Омори асосии “палангчаҳо” аз нишондоди “филҳо”-и маъмулии бонкии Тоҷикистон назири “Ориёнбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва ғайра бештар нашуд, аммо ба нишондодҳои ин бонкҳо наздик шудаанд.

То 1-уми январи соли 2018 “Спитаменбонк” дар феҳрасти бонкҳои Тоҷикистон ба ҷойгоҳи панҷум расид ва дороиҳои ин муассисаи молӣ дар як соли ахир аз 738 миллион сомонӣ ба беш аз 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ расидааст. Барои муқоиса, дар моҳи марти соли 2014 захираҳои молии ин бонк як каме беш аз 200 миллион сомонӣ буд. Дар се сол ин бонк тавонист рушди рекордии дороиҳояшро то ба 600 дарсад таъмин созад.

Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки бонкҳои нав ба соддагӣ маблағи зарурии таъсисёбиро пайдо карда, муҷаввизи фаъолияти худро дастрас мекунанд. Ин соҳибназарон, инчунин, мегӯянд, ки дар тӯли фаъолияти худ муассисони ин бонкҳо, ки гӯиё ду домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон мебошанд, бо истифода аз фишангҳои маъмурӣ пайваста барои кори ин бонкҳо маблағҳои заруриро пайдо мекунанд.

Дар оғоз ба шахсияти ин муассисон касе аҳамият намедод, вале баъд аз муфлисшавии бонкҳои бузург ва таблиғоти густурдаи “палангчаҳо” таваҷҷӯҳ ба онҳо бештар шуд. Аз ҷумла, таваҷҷӯҳ тавассути дурбини қоидаҳои созмони байналмиллалии FATF (Financial Action Task Force), ниҳоди масъули мубориза бо пулшӯии ҷиноятӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфт.

Қоидаҳои ин созмон муқаррар кардааст, ки ниҳоди масъул дар кишвар вазифадор аст шаффофият ва дастраси умум будани сохторҳои бонкиро таъмин созад. Аз ҷумла, иттилоъ дар бораи муассисон ва баҳрабардорони ин бонкҳо бояд расонаӣ ва аз муомилоти манбаъҳои шубҳанок ҷилавгирӣ шавад. Рушди ғайримаъмулии дороиҳои бонкҳо, ки дар иқтисоди миллӣ заминаи мусоид надоранд, мавриди таваҷҷӯҳи муқаррароти зиддифасодии ин созмон қарор дорад.

Вижагии ҷолиби бонкҳои нав ба ин нукта марбут аст, ки дар фаъолияти онҳо шавқмандӣ барои гузоштани пасандозҳо дида намешавад. Бонкҳои дигар бошанд, барои ин дастовард талошҳои ҷиддие анҷом медиҳанд. Ба унвони мисол, “Спитаменбонк” барои пасандозҳо танҳо баҳраи солонаи 1-2 дарсадӣ пешниҳод мекунад. Бонкҳои дигар ҳадди ақал баҳраи 12-16 дарсадӣ ваъда дода, “Коммерсбонк” аслан аз қабули пасандозҳо худдорӣ мекунад. Бо ин вуҷуд, маҳз дар фаъолияти “Спитаменбонк” ва “Бонки байналмиллалии Тоҷикистон” дар солҳои 2016/2017 нишондодҳои бештари (мутаносибан 114% ва 130%) ҷалби пасандозҳо мушоҳида мешавад. Дар ин замина саволе пайдо мешавад, ки соҳибони ин пасандозҳо сокинони оддӣ ҳастанд ё олигархҳои бузург?

Фирӯзбек ва Нусратулло – нахустин миллионерҳои расмӣ?

Ҳоло бахши аслии бонкҳои Тоҷикистон дар сомонаву маводи иттилоотӣ исми соҳибони худ ва нишондодҳои молиро эълон намекунанд. Аз се бонке, ки Радиои Озодӣ ба онҳо муроҷиат кард, танҳо “Спитаменбонк” иттилои муассисашро эълон кард – соҳиби ягонаи ин бонк ширкати суғуртавии ҳамноми “Спитамен Суғурта” (Spitamen Insurance) будааст. Дар “Коммерсбонк” ва “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” аз пешниҳоди чунин иттилоъ худдорӣ карданд.

Аммо ахиран дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон бахше арзи ҳастӣ кард, ки чунин иттилоъро пешниҳод мекунад. Тибқи ин манбаъ, соҳибони асосии саҳмияҳои “Бонки байналмиллалии Тоҷикистон” ширкати пӯшидаи саҳомии “Тоҷик кейтеринг сервис” – 58,5% ва шахсони воқеӣ – Холов Ш. – 23,1 % ва Мирзоалиев Б. – 18,5% мебошанд.

Моликони “Спитамен Суғурта”, ки муассиси “Спитаменбонк” мебошад, ду муассис дорад: Нусратулло Ҷумъаев – 64,84% ва Фирӯзбек Сайфуллоев – 35,16%. Ин ҳарду ба иттилои БМТ, тавонистаанд ҳаҷми маблағи таъсисёбии “Спитаменбонк”- тақрибан ба 10 миллион доллар таъмин созанд. Пас, метавон хулоса кард, ин ду нафар нахустин миллионерҳои расмии Тоҷикистон мебошанд.

Вале дар бораи соҳибони бахши аслии саҳмияҳои “Коммерсбонк”-и навин иттилое дар сомонаи БМТ дида намешавад. То замони нашри ин матлаб Бонки миллӣ иттилои заруриро дар ин бора натавонист пешниҳод кунад.

Феълан танҳо бонкаи шишагин шаффоф аст

Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, шаффофияти фаъолияти бонкҳо саволҳоеро ба дунбол дорад ва ин мушкил ба суди доираҳои фасодзода мебошад. Коршиноси арсаи бонкдорӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, бар ин назар аст, ки махфӣ нигаҳ доштани иттилоъ дар бораи соҳибони бонкҳо асосан барои рӯйпӯш кардани робитаҳои мақомоти баландпояи кишвар бо чунин афрод зарур мебошад.

“Тасаввур кунед, ки ходими давлатӣ ё хешовандаш ба унвони саҳмдори бонк ё корхонае муаррифӣ мешавад, - гуфт вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. – Дар ин сурат саволе ба миён меояд, ки бо кадом маблағ вай саҳҳом шудааст? Дар бозаргонии Тоҷикистон саҳмияҳои 1 миллион долларӣ ва аз ин бештар низ вуҷуд доранд. Дар асл бошад, дар кишвар маҳдуд арсаҳое вуҷуд доранд, ки тавонанд чунин фоидаи бузург бидиҳанд”.

Ин коршинос ҳамчунин мегӯяд, ки муқаррароти FATF дар Тоҷикистон интихобан риоя карда мешавад.

“Қонунӣ ё қонунӣ набудани сармоягузорӣ дар шароити феълии қонунгузорӣ дар кишвар номуайян мебошад. Мушаххас сохтани манбаи қонунӣ будани сармоя хеле душвор аст. Масалан, мегӯянд, сармояи соҳибкор А қонунӣ аст ва пули тоҷир В, агар вай сарпарасти баландмақом надошта бошад, ғайриқонунӣ мебошад”, - мегӯяд бонкдори тоҷик.

Ба ин гуфтаҳои бонкдор иқтисоддони мустақил Абдуназар Тағоев низ мувофиқ аст ва зикр кард, ки бояд на танҳо соҳибони саҳмияҳои бонкҳо, балкӣ моликони ширкатҳоеро низ эълон кард, ки дар ин бонкҳо маблағҳои бузургеро нигаҳ медоранд. “Бонкҳои нав ба ҳар восита бо мақомоти баландпоя иртибот доранд. Додани иттилоъ дар бораи чунин афрод кори саҳле нест”, - мегӯяд иқтисоддон.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки далоили зарурӣ барои махфӣ нигаҳ доштани исми моликони аслӣ ва раҳбарони бонкҳоро намедонад.

Иттилои дастрас дар бораи моликон ва саҳҳомони бонкҳо метавонад боиси афзоиши эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ бошад. Бонкҳо дар фаъолияти худ бояд комилан шаффоф бошанд. Ҳоло замони дигаре фаро расидааст ва давлат барои бонкҳо ҳамаи шароитҳоро фароҳам сохтааст. Дар сурати сар задани бӯҳроне дар низоми бонкӣ, ки намунаашро мо мушоҳида кардем, мардум набояд ҳукуматро айбдор донанд”, - гуфт вай.

Ёдовар мешавем, ки яке аз бонкҳои Тоҷикистон – “Бонки Осиё” (собиқ “Конт Бонк”) аз сӯи мақомоти Амрико айбдор карда шуд, ки моли миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ аст ва ба феҳрасти таҳримотии Департаменти давлатии ИМА шомил мебошад. Фаъолияти ин бонк қатъ шуда, ахиран баъд аз табдили номаш дубора фаъолияти худро идома дод.

Раёсати бонк вуҷуди ҳар гуна иртибот бо сармоягузори эронӣ, ки феълан дар боздоштгоҳи Эрон аст, радд карданд. Бобаки Занҷонӣ дар қаллобӣ зимни фурӯши нафти эронӣ айбдор мешавад. Ҳукумати Эрон мақомоти тоҷикро айбдор кард, ки Душанбе маблағи ҳудуди 2 миллиард доллари Занҷониро, ки аз тариқи бонкҳои Тоҷикистон пулшӯӣ шудааст, аз Теҳрон махфӣ нигаҳ доштааст.

XS
SM
MD
LG