Ба зидди 45 корманди “Шабакаҳои тақсими барқ” дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, беш аз 260 тани дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Раиси Оҷонси назорат дар соҳаи энержӣ гуфт, ин афрод ба дуздӣ ва изофанависӣ ба маблағи зиёда аз 37 миллион сомонӣ гумонзад ҳастанд.
Дар ҳоле ки мавқеи нозирони барқ маълум нест, Сорбон Холмуҳаммадзода рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, гап дар бораи “изофанависии зиёда аз 122 миллион киловат соат” нерӯи барқ дар суратҳисоби муштариён, бавижа пойгоҳҳои обкашӣ ва мардум меравад. Оморе, ки дар ним соли гузашта ошкор шудааст.
“Дар мавридҳои зиёд дар ҳисоби пойгоҳҳои обкашӣ ва муштариёни дигар, муассисаҳои буҷетӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ ва аҳолӣ изофанависӣ шудааст. Мақсади асосии изофанависӣ шудан дар пойгоҳҳои обкашӣ ва муштариёни буҷетӣ ин аст, ки маблағҳо мутамарказ пардохт карда мешаванд,” – шарҳ дод Сорбон Холмуҳаммадзода.
Хабарнигорон аз раиси Оҷонси назорат дар соҳаи энержӣ пурсиданд, ки чаро бо вуҷуди насби дастгоҳҳои ҳисоби биллингӣ дуздӣ ва изофанависии барқ ва пули муштариён дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад? Ӯ дахолати ба гуфтааш “инсонӣ"-ро далел овард.
"Дар ҳисоб рақами дигар аст, лекин нозири барқ меояду аз Шумо маблағи дигар талаб мекунад. Дар гузашта чунин ҳолатҳо бисёр буданд. Тариқи найрангу фиребу дурӯғ муштариёнро гумроҳ мекарданд,” – илова кард Холмуҳаммадзода.
Иқтисоддон Фозилҷон Фатуллоев мегӯяд, чунин вазъ, яъне дуздиву изофанависии нерӯи барқ аз сӯйи кормандони “Шабакаҳои таққсими барқ” шаффофиятро дар низоми биллингӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ зери суол бурдааст.
Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Агар низоми биллингӣ то ҳол шаффоф набошад, пас, ин система чаро лозим аст? Яъне, шаффофиятро таъмин карда натавонад, ғоратгариву ҷинояткориро дар ин система пешгирӣ карда натавонад, ба чӣ даркор аст?”
Мақомот дар гузашта мегуфтанд, ин мардум аст, ки асосан пули нерӯи барқро намепардозанд. Сокинон борҳо аз барзиёд ҳисоб шудани масрафи барқ бо нозирони "Барқи тоҷик" вориди баҳс шуда, баъзе аз ин даъвоҳо то додгоҳ рафтааст.
Бо сахттар шудани мушкили норасоии барқ дар соли гузашта ва дастур барои ислоҳи соҳа, эътирофи ин ҳам зиёд шуд, ки мудирияти нодурусту фиребгарӣ яке аз сабабҳои афзоиши қарзу напардохтани пули истифодаи нерӯи барқ будааст.