Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисобкунаки чинӣ ва баҳси 600 сомонӣ. Сокини Душанбе идораи барқро ба додгоҳ кашид. ВИДЕО


Назаршо Лангаршоев
Назаршо Лангаршоев

Як сокини Душанбе идораи барқи пойтахтро барои, ба гуфтааш, "барзиёд" ҳисоб кардани пули истифода аз нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст. Назаршо Лангаршоев мегӯяд, ҳамеша пули барқро месупурд, аммо ногаҳон беш аз 600 сомонӣ қарздор шуд. Дар Шабакаҳои тақсими барқ гуфтанд, ҳисобкунаки ӯ корношоям асту пули барқро пурра ҳисоб накардааст.

"Агар нозири барқ медонист, чаро нагуфт?"

Назаршо Лангаршоев, сокини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "агар, воқен, қарздор аст, пас, чаро нозирони барқ сари вақт ӯро хабардор накарданд?"

Ӯ афзуд, зӯраш ба пардохти якбораи маблағ намерасад. "Моҳи ноябри соли гузашта. Нозири барқ ба хона омад ва гуфт, ҳисобкунаки Шумо кам кор мекунад. Гуфтам, чӣ хел исбот мекунед? Гуфт, хонаи Шуморо як бор аз назар гузаронам. Даромада дид. Ягон камбуд наёфт. Сипас ҳисобкунакро канда, ба озмоишгоҳ бурд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Бино ба хулосаи ташхис, ҳисобкунаки барқии Назаршо Лангаршоев корношоям аст ва дуруст ҳисоб намекунад. Назаршо Лангаршоев ба шаффофияти санҷиш бовар надорад. Нусхаи хулоса дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ ҳаст.

"Дар идораи барқ гуфтанд, ҳисобкунакҳои электронӣ ду хотира доранд ва ба таври автоматӣ барқи истифодашударо сабт мекунанд. Касе намегӯяд, ки ҳисобкунаки ман кай корношоям шуд? Ҳаққи истифодаи барқ аз кай дар хотираи дувум сабт гардид? Агар нозири барқ медонист, чаро ба мо нафаҳмонид, то таъмир кунем?" -- мепурсад ӯ.

Додгоҳ ба созиш хонд

Пас аз он ки Назаршо Лангаршоев ба пурсишҳои худ посух наёфт, аз Шабакаҳои барқи Душанбе ба додгоҳ шикоят бурд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҷонибҳоро ба созиш хонда, гуфтааст, нисфи қарзро муштарӣ ва нисфи дигарро идораи барқ супорад.

Лангаршоев "ҳақ"-и худро пардохтааст, аммо тарафи муқобил на. Ӯ мегӯяд, дар сурати саркашӣ дигарбора нисбати Шабакаҳои тақсими барқ шикоят мебарад: "Бигзор, барои сокинон намуна шавад, ки дар чунин маврид нисбат ба нозирони барқ шикоят кунанд."

Масъулони идораи барқи Душанбе ҳодисаро шарҳ надоданд.

Намояндагони Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, ки дар баҳсҳои додгоҳӣ аз ҳуқуқи Лангаршоев ҳимоя кардаанд, муштариро ҳақ мешуморанд.

Фаридун Шоинбеков
Фаридун Шоинбеков

Фаридун Шоинбеков, ҳуқуқшиноси Иттифоқи истеъмолкунандагон, рӯзи 22-юми апрел гуфт: "Ҳолатҳое ҳаст, ки истеъмолгаронро то 9 ҳазор киловат соат қарздор мекунанд. Ин чӣ гуна пайдо шудааст? Вақте 10 ё 20 киловат буд, чаро нагуфтанд? Чаро иҷоза доданд, ки ба нӯҳ ҳазор киловат расад? Тибқи қонун нозирони барқ бояд инро ба сокинон фаҳмонанд."

Ҳисобкунакҳои сохти Чин

Вай афзуд, дар мурофиаҳои додгоҳӣ мутахассисони шабакаҳои барқӣ посухи дақиқе намедоданд. Дар Шабакаҳои тақсими барқи Душанбе нахостанд, мавзуъро шарҳ диҳанд. Танҳо гуфтанд, ҳисобкунакҳои барқии сохти Чин ду хотира дорад, вале сокинон аз ин бехабаранд.

Шикоят аз шеваи кори нозирон ва барзиёд ҳисоб кардани пули барқ дар гузашта низ садо додааст. Як ҳамсуҳбати мо, ки таҷрибаи кор дар шабакаҳои тақсими барқиро дорад, рӯзи 22-юми апрел гуфт, мудохилаи нозирон ба кори ҳисобкунакҳо "осон нест", аммо ҳангоми таҳияи расид (чек) метавонанд, изофанависӣ кунанду муштариёнро қарздор бароранд.

Масъулони бахши энержӣ сокинонро муттаҳам мекунанд, ки сари вақт пули барқро намепардозанд ё пинҳонкорӣ мекунанд, аммо муштариён аксаран мудирияти нодуруст дар "Барқи Тоҷик"-ро сабаби ин моҷароҳо медонанд.

Мақомот моҳи феврали имсол қарзи умумии аҳолиро аз барқ беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ҳисоб карданд. Коршиносон борҳо омори қарздории аҳолиро аз барқ зери шубҳа гузоштаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Сокини Душанбе идораи барқро ба додгоҳ кашид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00
XS
SM
MD
LG