Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АDB ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад ва бо як шарт. ВИДЕО


Мушкили барқ дар Тоҷикистон солҳо боз вуҷуд дорад
Мушкили барқ дар Тоҷикистон солҳо боз вуҷуд дорад

Вакилони порлумон дар Тоҷикистон ба гирифтани 105 миллион доллар қарзи бебозгашт аз Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) иҷозат доданд, вале шарти муомиларо нагуфтанд.

Пештар Радиои Озодӣ санадеро дастрас карда буд, ки бар асоси он Бонки Осиёии Рушд мехоҳад, Тоҷикистон дар ивази кумаки бебозгашт қимати нирӯи барқро боло бубарад. Дар порлумон дар ин бора гап назаданд.

Вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 3-юми март дар рӯ ба рӯи вакилон гуфт, маблағ барои "рушди соҳаи энержӣ" ва "коҳиши талафоти нерӯи барқ" истифода хоҳад шуд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, ҳангоми муаррифии тарҳи созишнома дар порлумон
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, ҳангоми муаррифии тарҳи созишнома дар порлумон

Ба иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода: "Насби беш аз 398 ҳазор ҳисобкунаки электронӣ, 1692 километр сими гуногуншиддати барқ, 264 трансформатор ва ҷорӣ кардани низоми мусоири назорат (биллингӣ) ба нақша гирифта шудааст. Дар умум, татбиқи лоиҳа ба кам кардани талафоти нерӯи барқ нигаронида шудааст."

Ҷадвали тақсими маблағи лоиҳа:

Созмони сармоягузор: БОР

Асъор: Доллари амрикоӣ

Бахшҳои амалишавии лоиҳа

Арзиши мол, кор ва хизматрасониҳо (млн доллар)

% аз ҳисоби маблағи умумӣ

1.

Таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқии шиддати миёна ва паст, насби ҳисобкунакҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти ба он алоқаманд дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара

52,049,5
2.Ҷорӣ намудани низоми биллингӣ3,83,6
3.Идоракунии ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"15,014,3
4.Дастгирии буҷети давлатӣ20,019,0
5.Хизматрасониҳои мушовирӣ барои назорати лоиҳа4,84,6
6.Хизматрасониҳои машваратӣ барои ислоҳоти соҳа2,52,4
7.Хароҷоти ғайричашмдошти лоиҳа6,96,6
Ҳамагӣ105,0100

Шарт: То соли 2025

Ҳарчанд вазири молия ва вакилони порлумон дар бораи созишномаи нав ҷузъиёт надоданд, Радиои Озодӣ моҳи январ санадеро ёфт, ки бино бар он Тоҷикистон вазифадор шудааст, то соли 2025 нархи нерӯи барқро гарон кунад.

Ҳоло нархи як киловатт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам (2,3 сент) аст ва сокинон баъзан аз гаронии он шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, дар муқоиса ба кишварҳои дигар нархи барқ дар Тоҷикистон ба маротиб арзон аст.

Дар зимн, танҳо Бонки Осиёии Рушд нест, ки хоҳони боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аст. Тобистони соли 2020 Бонки Ҷаҳонӣ низ барои устувории молии “Барқи Тоҷик”, ширкати монополисти давлатӣ, 134 миллион доллар грант ё кумак кард ва низ як шарти он ба оҳистагӣ гарон кардани нархи нерӯи барқ буд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тоҷикистон розӣ шуд, 105 миллион доллари ADB-ро бигирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Талафоти барқ кам хоҳад шуд?

Дар ҷаласаи порлумон гуфта шуд, аз 105 миллион доллари Бонки Осиёии Рушд, 70 миллионаш ба хариди таҷҳизот ва коҳиши талафоти нерӯи барқ рост меояд. Мақомот бовар доранд, бо насби таҷҳизоти мусоир ҷамъоварии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аз аҳолӣ пурра шуда, талафоти барқро то 7,3 дарсад поин меоранд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2020 сатҳи талафоти нерӯи барқ дар ширкати "Барқи тоҷик" ба 16,6 дарсад баробар шудааст.

Тоҷикистон то ба ҳол насби ҳисобкунакҳои электрониро дар чанд шаҳр, аз ҷумла, Хуҷанду Сарбанд (ҳоло шаҳри Леваканд) ва маркази ноҳияи Рӯдакӣ таҷриба кардааст.

Мақомоти шаҳри Леваканд пас аз як соли насби ҳисобкунакҳо гуфтанд, мардум дар истифодаи барқ сарфакор шуд ва пули онро дар вақташ пардохт мекунад. Сокинон аз он шикоят доштанд, ки на ҳама ҷойи кор ва даромади доимӣ доранд ва вақте пули корт тамом мешавад, хонаводаҳо гоҳе ду-се рӯз бебарқ мемонанд.

Коршинос: "Шаффофият муҳим аст"

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, то замоне ки шаффофият дар тақсими барқу ҷамъоварии маблағи истифодааш таъмин нагардад, талафот кам нахоҳад шуд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, рӯзи сеюми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳанӯз сохтакорӣ ва ворид кардани дигаргунӣ дар ҳисобкунакҳои барқӣ аз сӯи нозирон ба назар мерасад. Роҳандозии низоми ғайринақдӣ дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ ба кам кардани талафот таъсир мегузорад, вале пеш аз ҳама назорату шаффофият дар низоми энержии Тоҷикистон бояд дуруст ба роҳ монда шавад."

Ҷалби миллионҳо доллар грант барои беҳбуди бахши энержӣ дар ҳолест, ки дар минтақаҳои кишвар расман шабона лимити барқ ҷорист ва бо гарм шудани ҳаво низ ҳанӯз ин маҳдудият идома дорад.

Мақомот иддао доранд, ки камбуди барқ дар пай камобии дарёҳо ва обанбори нерӯгоҳҳо, аз ҷумла “Норак” сурат гирифтааст, вале на ҳама ба чунин далел бовар доранд.

XS
SM
MD
LG