Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Аз барқ қарздор ва латукӯбам карданд.” Даъвои як сокини Ёвон

Бону Қодирзода мудири тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвонро дар латукӯби худ айбдор мекунад
Бону Қодирзода мудири тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвонро дар латукӯби худ айбдор мекунад

Бону Қодирзода, сокини 39-солаи Ёвон, иддао дорад, ки ӯро рӯзи 7-уми майи имсол дар Шабакаҳои тақсими барқи ноҳия задаанд.

“Ман иҷоранишин ҳастам. Як бор 1000 сомонӣ қарздор карданд, бурда супоридам. Барои истифодаи ҳармоҳаи барқ расид (чек) дорам. Боз 700 сомонии дигар қарздор кардаанд. Хостам, ҳаминро фаҳмам, аммо маро дашном доданд, латукӯб карданд," – гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин зан Рустам Сафаров, мудири тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Ёвонро дар латукӯби худ айбдор мекунад. Сафаров дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ вуҷуди ҷанҷолро тасдиқ кард, аммо гуфт, Қодирзодаро “назадааст”.

Вай афзуд, “ҳоло нисбат ба зан тафтишот давом дорад. Ба ӯ гуфтанд, ки корманди давлатро задаӣ, либосашро пора кардаӣ, бо телефон дар сараш задаӣ. Вай мегӯяд, “телефони маро шикастанд, маро латукӯб карданд. Дастҳои маро сиёҳ карданд”. Аввал ин ки ман ӯро назадаам.”

Ҳарду нисбат ба якдигар ба Додситонии ноҳияи Ёвон шикоят бурдаанд. Тафтишот, ба гуфтаи онҳо, идома дорад.

Дар ин муддат қарзи барқи манзили иҷораро, ки ба номи Бону Қодирзода сабт шуда буд, соҳибхона пардохта, вале ӯро аз хонаи иҷора рондааст. Қодирзода мегӯяд, як фарзанди ноболиғ дорад ва ӯро ба танҳоӣ бузург мекунад ва асосан бо фурӯши мева рӯз мегузаронад.

"Ба Худо, қасам, зан буданамро фаромӯш кардаам аз азоби зиндагӣ. Дар хонаи мардум рӯз гузаронидан осон нест," – гуфт ӯ.

Навор дар Инстаграм:

Баҳсу ҷанҷоли барқ дар ноҳияи Ёвон дар ҳолест, ки дар як соли охир чанд нозири барқро дар Тоҷикистон боздошт кардаву ҷазо додаанд. Нозирон дар фиреби муштариён, аз худ кардани пули истифодаи барқ ва зиён расонидан ба шабакаҳои тақсиму фурӯши барқ ва изофанависӣ айбдор шудаанд.

Дар Тоҷикистон, ки моҳҳо "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист, ҳар сол нархи истифода аз барқро боло мебаранд. Бори охир моҳи феврали имсол нерӯи барқ 17 дарсад гарон шуда, як киловатт/соати он ба тақрибан 42 дирам расид. Соли гузашта арзиши он каме беш аз 35 дирам буд. Мақомот

Мақомот ҳадаф аз афзоиши нархи барқро ба рушди соҳаи энергетика ва расидан ба худкифоии ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва Шабакаҳои интиқолу тақсими барқ пайванд медиҳанд. Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, об яке аз боигариҳои асосии кишвар аст ва чун бахши аъзами нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад, набояд нархи он бештар аз тавони молии мардум бошад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG