Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

165 ҳазор сомонӣ. Исматулло Абдуллозода аз ҷавобгарӣ озод шудааст

Акси Исматулло Абдуллозода аз бойгонӣ
Акси Исматулло Абдуллозода аз бойгонӣ

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ки бо гумони азхудкунии садҳо миллион сомонии буҷа дастгир ва сипас шартан раҳо шуда буд, пурра аз ҷавобгарӣ озод гаштааст.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, қарор рӯзи 13-уми июл ва баъди пардохти ҷуброни зарар ва ҷарима содир шуд.

Рустам Мирзозода
Рустам Мирзозода

"Исматулло Абдуллозода бо моддаҳои 245, 323 ва 340-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда… ҷазои ниҳоӣ дар намуди 165 ҳазор сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат таъйин карда шуд," – шарҳ дод Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотии рӯзи 21-уми июл.

Мақомот пештар гуфта буданд, ки Исматулло Абдуллозода тақрибан 95 миллион сомонӣ зарари расонда ба давлатро ҷуброн карда, бояд бештар аз 922 миллион сомонии дигарро баргардонад.

Дар нишасти Додгоҳи олӣ гуфтанд, ӯ зарари расонидашударо пурра баргардонд, аммо санҷидани дурустии ин иттилоъ ба воситаи манобеи мустақил феълан имконпазир нест.

Фурудгощи Байнулмилалии Душанбе
Фурудгощи Байнулмилалии Душанбе

Хабарнигорон аз раиси Додгоҳи олӣ пурсиданд, ин ҳукм то куҷо одилона аст ва оё Исматулло Абдуллозода метавонад дар мансабҳои давлатӣ кор кунад?

Посухи Рустам Мирзозода чунин буд: "Ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Ва вобаста ба ҳукм эътироз ё шикоят ворид нагардидааст. Дар сурати ворид шудани шикоят ё эътироз дар марҳилаи кассатсионӣ ё марҳилаи назоратӣ пурра омӯхта мебинем."

Ба иттилои раиси Додгоҳи олӣ, бар асоси ҳукм, Аблуллозода чаҳор сол наметавонад дар мансабҳои давлатӣ кор кунад. Исматулло Абдулллозода 9 сол раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе буд.

Аз ин пеш Додгоҳи шаҳри Душанбе панҷ мансабдори собиқи Фурудгоҳи байналмилалии пойтахтро, ки якҷо бо Исматулло Абдуллозода ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад буданд, низ бо пардохти ҷарима озод карда буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон

Парвандаи Исматулло Абдуллозода ва чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе инро як намунаи густардагии фасод дар Тоҷикистон гуфтанд ва бархеи дигар аз беҷазо мондани Абдуллозода изҳори нигаронӣ карданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Раиси фурудгоҳи Душанберо озод кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG