Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ки ба тасарруфи миллионҳо доллар гумонзад буд, ба додгоҳ нарасидааст.
Дақиқ нест, қазияи ӯ ҳанӯз дар дасти муфаттишон аст ва ё дар марҳилаи аввали таҳқиқ баста шудааст. Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ бо пардохтани бахше аз зарари молӣ ва бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист аз боздоштгоҳ раҳо шуда, дар хонааш аст. Худаш ҳеч гоҳ қазияро шарҳ надод.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "парвандаи Исматулло Абдуллозода айни ҳол ба додгоҳ ворид нашудааст. Дар марҳилаи баррасӣ дар додгоҳ ҳам қарор надорад."
Аммо ӯ афзуд, дар пайванд ба қазияи раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе 14 кас бо пардохти ҷуброни зарар озод шуданд. Дар ин нишаст аз нафаре ном гирифта нашуд. Раиси додгоҳ панҷ нафари онҳоро кормандони фурудгоҳ ва боқимондаро намояндагони ширкатҳо номбар кард.
“Парвандаашон дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасӣ шуда, 217 миллион сомонӣ зарарро пардохт карданд. Зарарҳои расонда ба давлат пурра барқарор карда шуд. Нисбат ба онҳо ҳукм бароварда шуд. Ҷазо дар намуди ҷарима, ғайриҳабс,” – иттилоъ дод ӯ.
Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон ном бурда мешавад, 9 сол раиси Фурудгоҳи Душанбе буд. Ӯро моҳи майи соли 2025 аз мақомаш барканор ва дастгир карданд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон он рӯз навишт, ки Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд". Оҷонси мубориза бо коррупсия чанд моҳ баъд гуфт, Абдуллозода ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад ҳастанд.
Сулаймон Султонзода, раиси оҷонс гуфта буд, ки 961 миллион сомониро худи Исматулло Абдуллозода тасарруф кардааст.” Ба қавли ӯ: “Ин кор тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза, нақдикунонӣ ва тасарруфи маблағҳои фурудгоҳ бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводи зарурӣ сурат гирифтааст.”
Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин афрод бо ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон) ва “сохтакории такрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон” (аз панҷ то ҳафт сол зиндон) айбнома эълон шуд.
Раҳоии Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, ҳамроҳи чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷоемаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе онро иҷрои одилонаи қонун ва баъзеи дигар бесобиқа ва зидди усули адлия номиданд.