Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро, Бибиоиша. Як соли зиндагии панҷгоникҳо дар Хатлон. ВИДЕО


Ҳасану Ҳусейн, Фотимаю Зуҳро ва Бибиоиша, панҷгоникҳои аввалин дар Тоҷикистон дониста мешаванд, ки охири ин моҳ яксола хоҳанд шуд.

Онҳоро як сол пеш, 31-уми декабри соли 2020, сокини ноҳияи Қубодиён ба дунё оварда буд.

Дилноза Маҳмадова, модари панҷгоникҳо мегӯяд, парастории навзодон сахт буд ва як солро бо сер кардани кӯдакон пушти гаҳвораҳо гузаронидааст. “Панҷторо нигоҳ кардан душвор аст. Ҳамагӣ як соат хоб мекунам, вақте, ки яктоаш гиря кунад, ҳамаашон бедор мешаванд. Фотима зиёд гиря мекунад, зуд гурусна мешавад.”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Аввалин панҷгоникҳои Тоҷикистон яксола мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Дар парастории ин кӯдакон хешу табор кумак мекунанд, вале шабона падару модар яке гаҳвора меҷумбонад, дигаре шири кӯдаконро медиҳад.

Раҳмон Нурматов, падари панҷгоникҳо гуфт: “Хело мушкил буд, Худоро шукр, ки гузашт. Хунукӣ, бетобӣ ва бемориям буд, ҳоло худатон дидед, ки кӯдакон хуб ҳастанд. Ҳамаашро тоқат кардем.”

Раҳмон, падари панҷгоникҳо дар Русия муҳоҷир буд. Як сол пеш бо сабаби пандемия натавонист ба Русия биравад. Ҳоло панҷгоникҳоро наметавонад бо модараш танҳо гузорад.

“Ман ҳозир ростӣ наметавонам ба муҳоҷират равам, барои онки шабона кӯдаконро нигоҳ мекунем. Як ман инҷо кор мекунам, вале зурамон намерасад.”,--гуфт ӯ.

Панҷгоникҳо ҳамроҳи падару модар ва хоҳару бародари бузургашон, ҳамагӣ нӯҳ нафар дар хонае, ки мақомоти ноҳияи Қубодиён ба онҳо додаанд, зиндагӣ мекунанд. Ин хона бо харҷи 235 ҳазор сомонӣ барои панҷгоникҳо бунёд шудааст.

Пизишкони қубодиёнӣ соле пеш дар батни Дилноза Маҳмадова панҷгоник мушоҳида карданд ва ӯро ба Душанбе фиристоданд. Ӯ кӯдаконашро бо ҷарроҳӣ ё ба истилоҳи маъмул тариқи буриши қайсарӣ ба дунё овард.

Таваллуди дугоник, сегоник ва ҳато чаҳоргоник дар Тоҷикистон сабт шудааст, вале мақомот мегӯянд, дар 30 соли ахир бори аввал дар кишвар панҷгоник таваллуд шудааст.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG