Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷгоникро аз шифохонаи Душанбе ба хонаашон дар Қубодиён фиристоданд. ВИДЕО, АКС


Панҷгоникро аз шифохона ҷавоб доданд

Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон фиристоданд. Ба қабулу гусели онҳо мардуми зиёде ҷамъ шуда буд. Яке барои тамошову дигаре барои изҳори хурсандӣ ба волидони панҷгоник.

Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Бибиоишаро Дилноза Маматоваи 31-сола ба дунё овард. Пизишкон гуфтанд, феълан вазъи саломати модару кӯдаконаш "муътадил аст".

Дилноза Маматова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз табибон миннатдорам, ки хуб нигоҳубин карданд. Ҳоло намедонам, ба хона бурда чӣ кор мекунам. Бояд худам нигоҳубин кунам, ҳарчанд сахт аст."

Панҷгоник пеш аз муҳлат ва бо ҷарроҳӣ ё буриши қайсарӣ ба дунё омадаанд. Модари панҷгоник як моҳ пеш аз таваллуд дар зоишгоҳе дар Душанбе бистарӣ шуда буд.

Пизишкон, ки бори аввал модари обистани панҷ тифлро пазироӣ кардаанд, мегӯянд, он шабу рӯз дар ҳаяҷон буданд. "Дар таҷриба бори аввал аст. Беҳад мушкил буд. "Стресс"-и калон доштем, то сиҳату саломат ба дунё биоянд. Шири модар намерасад, хӯрдани ғизои иловагиро тавсия додем. Вазъи минбаъдаи сиҳатии онҳо аз нигоҳубини табибони минтақавӣ вобаста аст", -- гуфт Зуҳро Каримова, мудири шӯъбаи эҳёгарии зоишгоҳи Душанбе.

Видеоро дар инҷо бинед:

Панҷгоникро аз шифохона ба хона фиристоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Гусели кӯдакон ба маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён дар ҳолест, ки қаблан падари онҳо гуфта буд, барои нигоҳубин ва тарбияи шоистаи фарзандон ба як манзил дар шаҳри Душанбе ниёз доранд.

Намояндагони пойтахт дар ин бора ҳарфе нагуфтанд. Раъно Раҳимзода, намояндаи раиси вилояти Хатлон, гуфт, меъморони вилоят алакай тарҳи хонаи навро барои навзодон дар ноҳияи Қубодиён кашидаанд.

Дар гузашта мақомот ва шахсони алоҳида барои оилаҳое, ки соҳиби сегонику чоргоник шудаанд, дар шаҳри Душанбе хонаву ҷиҳоз дода буданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳе гуфтанд, чунин ҳодиса камназир аст ва хуб мебуд мақомот ба хонаводаи панҷгоник дасти кумак дароз мекарданд, Аммо гуруҳи дигар гуфтаанд, ҳукумат дар ин масъала муваззаф нест.

Раҳмон Нурмуродов, падари панҷгоник, ҳанӯз умедвор аст, ки мақомот вазъи зиндагии онҳоро ба назар гирифта, барои ояндаи фарзандонаш дар пойтахт манзиле тақдим мекунанд. Ӯ гуфт, дар гузашта аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия оиларо таъмин мекард, вале бо сабаби баста шудани марзҳо ҳудуди як сол боз ҷойи кору даромад надорад.

Раъно Раҳимзода, намояндаи раиси вилояти Хатлон, мегӯяд, ҷойи нигаронӣ нест ва онҳо дар баробари сохтани манзил дар Қубодиён ба вазъи сиҳатӣ ва нигоҳубини тифлон низ таваҷҷӯҳи хос хоҳанд дошт.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар Тоҷикистон сабт шуда буд.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Ҳоло аҳолии ҷумҳурӣ то 9,5 миллион нафар расидааст. Тибқи пешбиниҳои мақомоти Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи сокинони Тоҷикистон ба 11 миллион кас хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG