Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари панҷгоник хост, ба онҳо дар Душанбе хона диҳанд. ВИДЕО


Раҳмон Нурмуродов мегӯяд, дар деҳа шароити калон кардани кӯдаконро надоранд

Падари панҷгоники аввалин дар Тоҷикистон гуфт, ки барои нигоҳубин ва тарбияи шоистаи фарзандонаш ба як манзил дар шаҳри Душанбе ниёз дорад. Вале мақомот гуфтаанд, барои панҷгоник дар канори манзили бобояшон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон манзили нав месозанд.

Панҷгоник (ду писару се духтар)-ро Дилноза Маматова, сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиён ҳафтаи пеш дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ба дунё овард. Волидони навзодон мегӯянд, нигоҳубин ва тарбияи дурусти онҳо дар шароити деҳа ва он ҳам бе барқу гармӣ имконнопазир аст. Пизишкон мегӯянд, сиҳатии навзодон хуб аст, вале замони рухсат шудани онҳо ба вазъи саломатияшон вобастагӣ дорад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Падари панҷгоник умед дорад, дар Душанбе соҳиби хона мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Раҳмон Нурмуродов, падари панҷгоник, имрӯзҳо серташвиш аст. Аксар вақт дар пушти дари таваллудхона аст ва аз ҳоли ҳамсару фарзандонаш хабардор мешавад. Шом ба Қубодиён, ба манзиле бармегардад, ки қарор аст, панҷ тифли навзодашро ҳам ба зудӣ ба он ҷо барад, вале шароити хона нигаронаш кардааст.

Ӯ рӯзи 6-уми январ дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, манзили онҳо дар деҳае дар ноҳияи Қубодиён барои нигоҳубини панҷ тифл шароити муносиб надорад.

Падари панҷгоник
Падари панҷгоник

"Дар хона як писару як духтар дорам. Падару модарам, боз хоҳарам бо оилааш дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Ошхонаи хуб надорем. Аз тарафи ҳукумат каме кумак карданд, вале барои кӯдакон дар оянда шароит нест", -- гуфт падари панҷгоник.

Нурмуродов илова кард, онҳо фарзанди сеюми худро интизор буданд, аммо ташхиси ултрасадо панҷ тифлро дар батни ҳамсараш нишон дод. Ба нақли ӯ, таваллуди панҷ тифл баро боиси хушҳолӣ буд, аммо аз сабаби набудани шароит ҳайрон мондаанд, ки чӣ тавр онҳоро бузург мекунанд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар гузашта аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия оиларо таъмин мекард, вале бо сабаби баста шудани марзҳо ҳудуди як сол боз ҷойи кору даромад надорад. Ҳамсараш низ хонашин аст.

"Ба ҳама шароити деҳа маълум аст. Тамоман имконият надорем. Аз ҷаноби олӣ, аз роҳбари шаҳри Душанбе умед дорем, ки ягон хона аз Душанбе диҳанд. Барои ояндаи кӯдакон бисёр кори хуб мешавад", -- афзуд ӯ.

Аз замони таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон як ҳафта мегузарад, аммо ҳукумати марказӣ дар бораи кумак ба ин хонавода чизе нагуфтааст. Мақомоти маҳаллӣ дар Хатлон ба оилаи панҷгоник ёрӣ карда, ваъда доданд, дар ҳавлии падариашон барои онҳо хона месозанд.

Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон, рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, алакай меъморон тарҳи бунёди манзилро дар ҳавлии бобои панҷгоник омода кардаанд.

Раиси вилояти Хатлон ба хонаи волидони панҷгоник ба Қубодиён рафтааст
Раиси вилояти Хатлон ба хонаи волидони панҷгоник ба Қубодиён рафтааст

"Ин бино сеҳуҷраӣ хоҳад буд ва ҳамчунин даҳлезу ошхона ва ҳаммом хоҳад дошт. Барои нигоҳубини кӯдакон ҳамшираи шафқати доимӣ ва ҳам табиб то як муддати муайян вобаста мешаванд", -- гуфт Маъмурзода.

Ин намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон ҳамзамон афзуд, бар илова ба хонаводаи панҷгоник ёриҳои моливу моддӣ расонида шуданд.

Аммо ин оилаи ҷавон мегӯяд, бузург кардани якбора панҷ тифл дар шароити деҳа бо назардошти камбуди барқу гармӣ мушкил аст.

Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Дар гузашта мақомот ва шахсони алоҳида барои чунин оилаҳо хонаву таҷҳизот додаанд.

Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2015, вақте Гулшан Маҷнунова чаҳоргоники аввалро ба дунё омад, муовини сарвазири Тоҷикистон ба диданаш рафт ва расман ба ӯ хонаи сеҳуҷраӣ доданд.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Ҳоло аҳолии ҷумҳурӣ то 9,5 миллион нафар расидааст. Тибқи пешбиниҳои мақомоти Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи сокинони Тоҷикистон ба 11 миллион хоҳад расид.

Шарҳҳоро бинед (26)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG