Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳумоюн, Ҳумайра, Ҳуррия ва Ҳуснизар – таваллуди чоргоник дар Душанбе. ВИДЕО


Чаҳоргоники Зарина Неъматова

Ҳумоюн, Ҳумайра, Ҳуррия ва Ҳуснизар – номи чаҳоргоникест, ки дар як оилаи ҷавони донишҷӯ дар Душанбе ба дунё омаданд. Ин чаҳоргоникро Зарина Неъматова – сокини 22-солаи шаҳри Бохтар ва донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон – ду ҳафта пеш таваллуд кард. Ҳар кадоме аз онҳо аз якуним то ду кило вазн дошта, вазъи саломаташон хуб арзёбӣ мешавад.

Пас аз таваллуд вазъи чоргоник вазнин буд. Ҳангоми нафаскашӣ норасоиҳо дида мешуд. Як муддат онҳоро дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ кардем.

Зарина Неъматова рӯзи 28-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳануз дар семоҳаи аввали бордорӣ барояш гуфта буданд, ки дар батн чаҳор тифл дорад. “То ҳафт моҳи ҳомилагӣ ба дарс мерафтам. Баъди он вазнин шудам”, - афзуд ӯ.

“Дар аввал сахт тарсидам”

Зарина донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст ва пас аз ду ҳафтаи таваллуд ҳанӯз ҳам таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад. Табибон иллати тӯлонӣ дар бемористон нигоҳ доштани чаҳоргоникҳои Зарина Неъматоваро ба вазъи сиҳатии кудакон рабт доданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Оилаи чоргоникҳо аз давлат хона интизор аст
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:22 0:00

Таваллуди чаҳоргоникҳои Заррина аз тариқи “буриши қайсарӣ” анҷом шудааст. Азбаски шири модар ҳамаи ин 4 кӯдакро қонеъ намекунад, ба онҳо ҳамзамон шири сунъӣ медиҳанд. “Рости гап, таваллуди чаҳоргоник барои ман осон набуд. Дар аввал сахт тарсидам, аммо ҳамааш хуб гузашт. Кумаки табибон муҳим буд ва ман аз ҳар яке аз онҳо сипосгузорам”, - афзуд Зарина.

Падар - таҷрибаомӯз

Зарина Неъматова
Зарина Неъматова

Ин модари ҷавон гуфт, писар ва духтари калонияш шӯху серҳаракат буда, ду духтари хурдияш ором ҳастанд. Фаррух Субҳонқулов, шавҳари Зарина ҳам донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст. Ҳардуи онҳо сокинони шаҳри Бохтар буда, соли 2017 издивоҷ кардаанд. Фаррух Субҳонқулов гуфт, дар пойтахт ҳамроҳ бо ҳамсараш иҷоранинишин аст ва ҳамзамон дар Бемористони ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе дар бахши интернатура таҷрибаомӯӣ мекунад.

Ӯ умед дорад, мақомот барои нигоҳубини чаҳоргоник ба ин оилаи ҷавон кумак хоҳанд кард. “Интизор ҳастем, ки ба мо ёрӣ диҳанд. Ҳардуи мо донишҷӯ ҳастем. Ягон хона медоданд. Инчунин барои нигоҳубини кӯдак ба кумак ҳамшира ниёз дорем. Таҷрибаи нигоҳубини кӯдаконро надорем, мушкил аст”, - афзуд ӯ.

“Як муддат дар шуъбаи эҳёгарӣ буданд”

Нигина Убайдуллоева, бибии чаҳоргоникҳо, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Зарина Неъматова духтари ягонаи хонаводаи онҳо буд ва таваллуди чоргоник барои волидон як туҳфаи ғайриинтизор аст: “Вақте духтарам дар батнаш чоргоник дошт, аз духтурон даъват кардем, ки барои солим ба дунё омадани кӯдакон “буриши қайсарӣ” кунанд. Шукри Худо хубанд.”

Фаррух Субҳонқулов
Фаррух Субҳонқулов

Ба қавли табибон, модари навзодон аз ду моҳ ба ин тараф худро зери назорати пизишкони зоишгоҳ гузоштааст. Хайриннисо Раҳмонова, мудири бахши неонатология дар Пажуҳишгоҳи акушерӣ, генекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд таваллуди чаҳоргоник аз сӯи як модари ҷавон осон набуд, ҳоло вазъи кӯдакон хуб аст ва модарашон ҳам аз ин вазъ хурсанд ба назар мерасад.

Ӯ гуфт, “ба хотири онки вазъи чоргоник пас аз таваллуд вазнин буд ва ҳангоми нафаскашӣ норасоиҳо дида мешуд, як муддат онҳоро дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ кардем. Ҳоло дар зинаи дуюм нигоҳубин мекунанд”.

Умедвории ду табиби оянда

Ба гуфтаи масъулон, дар Тоҷикистон ҳар сол то 2-3 ҳодисаи таваллуди сегоник сабт мешавад, аммо таваллуди бомуваффақияти чоргоник дар кишвар камсобиқа будааст. Дар гузашта чанд сокини Тоҷикистон чаҳоргоник таваллуд карда, аз сӯи мақомот кумакҳои моливу фаннӣ, аз ҷумла бо манзили зист қадрдонӣ шуданд.

Зарина Неъматова бо чоргоникаш
Зарина Неъматова бо чоргоникаш

Зарина Неъматова, ки ҳоло бо чоргоникҳояш таҳти муроқибати табибон аст, намедонад пас аз рухсат шудан аз зоишгоҳ ба куҷо меравад. Чун ба гуфтаи худаш, шароити хонаи иҷора барои нигоҳубини кӯдакони навзод чандон муносиб нест. Фаррух Субҳонқулов ва Зарина Неъматова, ду табиби оянда, умед доранд, ки аз мадди назари ҳукумат дур нахоҳанд монд ва ба онҳо барои тарбияи чоргоникашон дасти ёрӣ дароз хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ду рӯз пеш эълон карданд, ки шумораи аҳолии кишвар ба 9 миллион нафар расидааст. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG