Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи сеҳуҷрагӣ -- тӯҳфаи президент ба модари чоргоникҳо (ВИДЕО)


Гулшан Маҷнунова, модари ҷавоне, ки чаҳор тифл ба дунё овард.
Гулшан Маҷнунова, модари ҷавоне, ки чаҳор тифл ба дунё овард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи Гулшан Маҷнуноваи 26-сола, ки рӯзи 30-юми январ чаҳор кӯдак ба дунё овард, як хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи як модари ҷавон, ки чаҳор кӯдак ба дунё овард, хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим кардааст. Калиди ин хона пас аз анҷоми сохтмони манзили зист, дар таърихи 20-уми март ба ин хонавода супурда мешавад. Субҳи рӯзи 5 феврал, барои табрики ин хонавода аз номи президент, як ҳайати ҳукумати кишвар таҳти раҳбарии муовини сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба зоишгоҳи шумораи 3-и шаҳри Душанбе рафт ва ин хушхабарро ба онҳо расонд.

Гулшан Маҷнунова, ки панҷ сол боз интизори фарзанди дувумаш буд, якбора чоргоник - 1 писару 3 духтар бо вазни аз якуним то дувуним килограм ба дунё овардааст. Ин чоргоник рӯзи 30 январ дар зоишгоҳи рақами 3-и шаҳри Душанбе ба таваллуд шуда, вазъашон хуб арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи табибон модари ин навзод аз ду моҳ ба ин тараф зери назорати табибони ин зоишгоҳ будааст

Табибон мегӯянд, барои бори аввал аст, ки таваллуди чоргоник бо муваффақият сурат мегирад. Гуфта мешавад, ки дар гузашта ду ҳодисаи таваллуди чоргоник рух дода буд, аммо навзодон зинда ба дунё намеомаданд.

Марҳабо Ҷабборӣ баъд аз табрик ва тақдими гул ба модари кӯдакон, таваллуди ин чоргоникро як рӯйдоди хуб дар кишвар хонд ва гуфт, "тамоми чораҳоро меандешем, ки кӯдакон сиҳату саломат ва таҳти назорати давлат бошанд, чун онҳо чаҳор нафар ҳастанд, нигоҳубини онҳо камтар мушкил аст. Рост омадани таваллуди чоргоник ба рӯзҳое, ки дар кишвар "Соли оила" эълон шудааст, як падидаи хуб аст."

Як модари 26-сола чоргоник таваллуд кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Ҳоҷӣ Аҳлиддин Маҷнунов - бобои ин чаҳоргоник ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло вазъи духтару набераҳояш хуб арзёбӣ мешавад ва онҳо то ду ҳафтаи дигар зери назорати қатъии табибон хоҳанд буд. Вай гуфт, азбаски даврони ҳомилагии духтараш бисёр вазнин мегузашт, онҳо маҷбур шудаанд, ҳанӯз ду моҳ пеш Гулшанро ба бемористон биёранд. Ӯ мегӯяд, аҳли хонавода аз таваллуди чоргоник хеле хушҳоланд ва аз ҳоло барои онҳо ном ҳам интихоб мекунанд.

Вай гуфт, эҳтимол исми ин чоргоникро Тоҳиру Зӯҳро ва Хадичаву Кибриё бигузоранд. Вале афзуд ӯ, ин номҳои эҳтимолист ва шояд бо маслиҳати, ба гуфтаи ӯ, бузургон тағйир ёбад.

Гулшан Маҷнунова 26 сол дошта, на ӯву на ҳамсараш дар ҷое кор намекардаанд. Вай баъди издивоҷ як писар ба дунё оварда, панҷ соли охир интизори фарзанди дувум будааст.

Таваллуди чаҳоргоник дар Тоҷикистон хеле камсобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегоникҳо дар Тоҷикистон сабт шуда буд.

Гулшан Маҷнунова дар рӯзҳое чоргоник таваллуд кард, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон кард. Ба ин далел, бисёриҳо баробари шунидани хабари таваллуди ин чоргоник аз Эмомалӣ Раҳмон умед кардаанд, ки аз номи ҳукуматаш ба ин модари хушбахт ва фарзандони ӯ манзил тӯҳфа кунад.

Зимнан, дар соли 2013, вақте дар хонаи Красновҳо дар шаҳри Бишкек чоргоник таваллуд шуд, шаҳрдори Бишкек Исо Амирқулов аз номи раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ин хонавода хона ва мошин тақдим кард.

XS
SM
MD
LG