Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯъҷиза дар як оилаи оддии тоҷик


Салима Раҳимова, ки 24 сол дорад, ахиран қаҳрамони ҳодисаи барои Тоҷикистон андозае ғайримаъмулӣ шуд. Бону Раҳимова сегоник, ду писар ва як духтар таваллуд намуд. Бону Раҳимова, ки дар 16 солагӣ шавҳар кардаву айни ҳол панҷ фарзанд дорад, мегӯяд, дар ҳоле, ки нигоҳубини як тифли навзод барои аксари модарон мушкилӣ мекунад, тарбияи сегоникҳо барои модари ҷавон ба маротиб сахттар аст. Зеро ӯро лозим меояд, ки шабонарӯзӣ бедор бимонаду ба ҳар се баробар меҳри худро тақсим намояд:

«Соати сеи шаб якумаш бедор мешавад, баъдан дуввуму пас аз он севвумаш. Дар ин ҳолат якеашро ман мегираму дигариро шавҳарам. Шавҳарам ба ман хеле кӯмак мерасонад.»

Абдуқодир Раҳимов, падари Аҳмад, Муҳаммад ва Оиша таваллуди сегоникҳоро як навъ тӯҳфаи Илоҳӣ медонаду мегӯяд, барои ӯ бештар рақобат ва ҳамзамон тифоқии фарзандонаш ҷолиб аст:

«Ҳатто дар ҳолатҳои бозӣ кардан бо ҳам бахилӣ мекунанд ва ё дар ҳолатҳое, ки бо ҳам ҷанг мекунанд. Аммо ҳангоме, ки бо шахсони ғайр рӯ ба рӯ мешаванд вокуниш нишон медиҳанд.»

Волидайни сегоникҳо мегӯянд, баробари таваллуди фарзандонашон ба онҳо бунёди атфоли Созмони милалу ҳукумати ноҳияи Сино як навъ дастгирӣ зоҳир кардаанд ва ҳамчунин шаҳрдории кишвар барои онҳо 900 сомонӣ ҷудо кардааст, ки бо ҳамаи ин маблағ онҳо дарҳол шири хушк харидорӣ кардаанд. Зеро шири модар ба ҳар се кифоят намекунад ва онҳо барои ғизои кӯдакон дар як моҳ то 600 сомонӣ шири хушк мехаранд. Ин дар ҳолест, ки даромади ин оила чандон хуб нест ва ҳамчунин онҳо ҳамроҳ бо волидайнашон дар хонаи панҷҳуҷрагӣ ба сар мебаранд, ки дар маҷмӯъ ин оила 15 нафар узв дорад. Ва ягона таъмингари хонавода Абдуқодир Раҳимов аст. Волидайни ҷавон бинобар тангии хона, имкон надоранд, ки як фазои ором ва солимро барои фарзандонашон фароҳам биоранд:

«Шароити манзилӣ барои тарбияи ин сегоникҳо номусоид аст. Дар баробари ин ҳангоми ёриҳои тиббӣ ва ё табобатҳое, ки пеш меоянд, харҷашон ниҳоят баланд аст ва табиатан он даромадҳое, ки шахсан оилаи мо дорад, ҳамаҷониба таъмин кардани сегоникҳо дар тавони хонаводаи мо нест.»

Ба гуфтаи Абдуқодир Раҳимов, шаҳрдории кишвар ба онҳо ваъдаи таъмин бо манзили алоҳидаро кардааст, вале то ҳанӯз ин масъала роҳи ҳали худро наёфтааст. Аммо новобаста ба мушкили манзиливу молӣ волидайн кӯшиш мекунанд, ҳадди аққал як шароити миёнаро барои тарбияи сегоникҳо таҳия кунанд ва мегӯянд, онҳо хушбахтанд, ки чунин як мӯъҷиза, маҳз дар хонаводаи онҳо рух додааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG