Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи зани қирғиз, ки батнашро дар Гурҷистон иҷора додааст


Таваллуд дар ивази пул ва барои дигарон зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Таваллуд дар ивази пул ва барои дигарон зиёд шудааст

Як зани қирғиз дар Гурҷистон дар батнаш ту тифлеро бузург мекунад, ки аз худаш нестанд. Дар батни ӯ нутфаи дигар зану шавҳарро ҷо кардаанд ва ӯ то рӯзи таваллуд онҳоро дар батнаш нигаҳ медорад.

Ба Назираи 31 сола аз Қирғизистон пас аз чанд рӯзи амалиёти бордоршавӣ хабар доданд, ки ҷанин дар батнаш ҷой гирифтааст. Ин амалро ӯ дар як беморхонаи Тифлис анҷом дод. Қарор аст, баъд аз 9 моҳ вай дугоник таваллуд кунад. Аммо на барои худаш. Ин ду тифлро ӯ ба як ҷуфти безурёт аз Чин медиҳад. Волидони атфоли батнашро ӯ намешиносанд.

“Медонам, ки онҳо чиноӣ ҳастанд. Ин раванд махфӣ сурат мегирад. Вале бо хоҳиши волидон, агар модари суррогатӣ розӣ бошад, мумкин аст, бо онҳо дар тамос бошад. Вале ин бо хоҳиши ду тараф сурат мегирад. Агар онҳо ба ман тамос гиранд, ман омодаам, кӯмак кунам,”—гуфт Назира, ки ҳоло дар Гурҷистон аст.

Назира барои модари суррогатӣ шудан аз Бишкек ба Гурҷистон омад. Ӯ модари танҳо ва соҳиби се фарзанд аст. Дар Қирғизисто қарзи калон гирифта, замин харид. Ҳоло имкони баргардонидани пули қарзашро надорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чашмаш ба эълоне дар бораи модари суррогатӣ афтид ва ба ин пешниҳод розӣ шуд. Назира умед дорад, ки фармоишгарон барои таваллуди дугоник ба ӯ 20 ҳазор доллар медиҳанд. Ӯ гуфт: “Медонед чӣ тавр аст? Медонам, ки ин тифли ман, вале масъулият ҳис мекунам. Ман бояд ин кӯдаконро эҳтиёт кунам, зеро ман 12 сол аз субҳ то шаб кор кардам, вале ба шарофати ин кӯдакон ман ба фарзандони худам кӯмак мерасонам. Ростӣ гап ҳоло як эҳсоси омехта дорам, вале гуфта метавонам, ки ба ин тифлоне, ки дар батн дорам, ҳоло эҳсоси модарӣ надорам. Кӯшиш мекунам, ба ин чиз мисли як кор муносибат кунам, ки бо иҷрои он ман ба одамон хушбахтӣ мебахшам.”

Модари суррогатӣ дар Гурҷистон як тиҷорати рушдёфта аст. Ин ҷо барои ин кор пули калон медиҳанд. Фармоишгарон хориҷиҳоянд. Ба гуфтаи коршиносон, рушди ин хадамот дар Гурҷистон ба чанд омил вобастааст. Аз ҷумла низоми соддаи дарёфти раводид ва ҷанг дар Украина. Аввал модарони суррогатӣ барои аноҷми ин амал ба Киев мерафтанд, ҳоло ба Гурҷистон.

Людмила Волчкова, намояндаи як Оҷонсӣ, мегӯяд, пештар ин корро дар Маскав мекарданд, вале ҳоло дар Гурҷистон оғоз кардаанд.

"Дар Русия хадамоти модари суррогатӣ барои хориҷиёнро манъ карданд. Бинобар ин шаҳрвандони моро ҳоло дар Гурҷистону Арманистон қабул мекунанд. Дар Бишкек мо дафтар дорем. Занон тариқи эълонҳои мо дар Инстаграму Тик Ток меоянд. Ин кор талабот ва маҳдудиятҳои худро дорад. Зан бояд болотар аз синни 20 бошад ва аққалан як фарзанд дошта бошад. Агар зан ду бор ҷарроҳии қайсарӣ карда бошад, ба ӯ мумкин нест. Модарони суррогатии мо бештар аз Қирғизистону Қазоқистон меоянд,”—гуфт ӯ.

Табиист, ки аксари модарони суррогатӣ ба далели вазъи бади молӣ ба ин кор розӣ мешаванд. Маъмулан онҳо занони фарзанддор, бе ҷойи зистанду даромади хуб надоранд. Зимнан, дар Гурҷистон, мехоҳанд, мисли Русия, хадамоти модари суррогатӣ, ва таваллуди фармоиширо менъ кунад. Агар чунин маҳдудият ҷорӣ шавад, оҷонсӣ ният дорад, корашро дар Белорус ва Озарбойвон идома диҳад.

Ҳарчанд дар Қирғизистон кори модари суррогатӣ манъ нест, аммо ин амал чандон роиҷ ҳам нест.

Галина Чиркина, раҳбари иттифоқи сиҳатии репродуктивӣ дар Гурҷистон гуфт: “Албатта мехостем бигӯем, ки ураа, мо ҳам чунин хидматрасонӣ ва таҷҳизот дорем. Вале ман наметавонам бо бовар инро бигӯям. Зеро ҳанӯз ҳам мо бештар барои ин кор аз хидматрасонии тиббии Қазоқистон, Туркия ва Русияву кишварҳои аврупоӣ истифода мекунем."

Омори расмӣ дар бораи кӯдаконе, ки аз модари суррогатӣ таваллуд шудаанд, дар Қирғизистон нест. Сабаб ҳам ин аст, ки таърихи таваллуди кӯдак бояд махфӣ бимонад ва волидони биологӣ ҳам бояд дар ин бора лаб накушоянд. Дар беморхона аз онҳо забонхат мегиранд. Аммо сокини Бишкек, Диана Раҳмонова гуфт, розӣ шуд барои як ҷуфти шиносаш таваллуд кунад. “Давраи ҳомиладорӣ, ин мубориза бо виҷдон аст. Махсусан вақте, ки аз сӯйи ягон хеш фишороварӣ мешавад. Мегӯянд, ту солим нестӣ. Чаро ин корро мекунӣ ва ту ба фикр меравӣ, ки шояд лозим набуд. Барои ман ҳоло ин муҳим аст, ки худам дарк намоям, ки ман фақат кӯмак мерасонам ва ин тифли ман нест ва ман бояд ин кӯдакро ба каси дигар диҳам,”—гуфт Диана Раҳмонова, модари суррогатӣ.

Тибқи қонун занони ҷисману руҳан солими аз 20 то 40 сола ҳақ доранд, модари суррогатӣ шаванд. Вай бояд пурра аз муоинаи тиббӣ гузарад, вале дар Қирғизистон на ҳамеша ин риоят мешавад, бинобарин ҷуфтҳои безурёт маъмулан модари суррогатиро дар кишварҳои хориҷ фармоиш медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG