Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "махфӣ". Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам маҳкум шуданд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва ношир Сӯҳроб Раҷабзодаро содир кардааст. Вакили дифоъ дар посух ба суоли хабарнигорони Озодӣ дар пайванд ба ин қазия гуфт, "кордор нашавед".

Ба иттилои чанд манбаи Радиои Озодӣ, соҳибкори муваффақ ва молики дармонгоҳи "Ибни Сино" Абдулхалил Холиқзода ба 6,5 сол нависанда ва адабиётшиноси номдор Абдуқодири Рустам ба 4,5 сол ва мудири нашриёти “Эр Граф” Суҳроб Раҷабзода ба 1 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Як манбаи наздик ба қазия ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳукми се нафар баъд аз зуҳри рузи панҷшанбеи 22-юми феврал дар Боздоштгоҳи муваққатӣ содир шудааст.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шудани мурофиаро тасдиқ кард, аммо корманди он гуфт, ба сабаби "дар семинар будани додрас", дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти мурофиаро намедонад.

Хабари содир шудани ҳукми ин афродро нахуст шоир ва рӯзноманигори муқими Фаронса Зафари Сӯфӣ шоми 22-юми феврал бо такя ба манобеаш хабар дод. “Доғи сиёҳи ин шармсорӣ барои ҳамеша дар пешонии ин режим ва сардамдоронаш хоҳад монд", -нигошт ӯ дар саҳифааш дар "Фейсбук".

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Муаллифон ва ношири китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" аз озодӣ маҳрум шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои дарёфти ҷузъияти бештари ин ҳукм то ин дам бенатиҷа буд. Пайвандони Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам, Суҳроб Раҷабзода ва ҳамчунин вакили дифои онҳо аз суҳбат худдорӣ карданд.

Маълум нест, онҳо барои бозбинии ҳукм талош хоҳанд кард ё не.

Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Сӯҳроб Раҷабзода дар пайванд ба нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ва, ба гуфтаи додситони кул, бо дастури шахсии ӯ дастгиру муҳокима шуданд.

Муаллифи "Ҳаводиси рӯзгори ман" Абдухалил Холиқзода, ки ҳамзамон молик ва мудири Бемористони Ибни Сино аст, дар моҳи августи 2023 боздошт шуд.

Нависанда ва адабиётшиноси шинохта Абдуқодири Рустамро, ки Додситонии кул "муҳаррири китоб" меномад, низ дар ҳамон моҳ дастгир карданд. Дертар алайҳи мудири нашриёти “Эр-Граф” Сӯҳроб Раҷабзода парванда боз шуд. Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар ҳамин ҷо нашр шуда буд.

Мақомот китоби ёддоштиро, ки дар моҳи марти соли 2023 муаррифӣ шуд ва дар он ба фасоду муҳоҷират, фазои нохуби соҳибкорӣ ва сатҳи поини фарҳангу таълим дар Тоҷикистон ишора шудааст, “сабаби барангехтани кинаву адовати миллӣ” донистанд. Нусхаҳои онро аз фурӯшгоҳҳои китоб бардоштаанд.

Баъзе аз намояндагони ҳукумат ва тарафдорони онҳо муаллифро ба паст задани намояндагони маҳалҳои гуногун танқид карданд.

Абдухалил Холиқзода пеш аз боздошт ин ҳамаро рад кард ва дар саҳифааш дар "Фейсбук" навишт, ки барои ӯ на маҳал, балки "тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст". Сухани охирини ӯ ва ҳамроҳонаш дар мурофиаи ниҳоӣ маълум нест.

Дигарандешон ва намояндагони мухолифон, адибон ва муҳоҷирон дар хориҷа боздошти соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва нависанда Абдуқодири Рустамро танқид карда, бахши дигаре аз фишору саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон медонанд.

Пештар баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ ва афроди огоҳ аз қазия, боздошти соҳибкору нависанда Абдухалил Холиқзодаро ба муборизаи нуфуз дар байни сарони КДАМ, ВКД аз як сӯ ва Додситонии кулли Тоҷикистон аз сӯйи дигар номида буданд. Дар ин замина онҳо аз равобити дӯстонаи байни Холиқзода бо сарони ду ниҳоди аввал ва яке аз ҷаласаҳои пурбаҳси ҳукумат ёдовар шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG