Муҳоҷират масири зиндагии Рубоба Муҳаммадиро тағйир додааст. Ҳунарманди 26-солае, ки ба далели камтавонӣ ё маълулӣ бо даҳону дандонаш наққошӣ мекунад. Ӯ ду сол пеш аз Афғонистони зери ҳокимияти "Толибон" ба Канада муҳоҷират кард ва бо намоиши осори худ дар маҳофили сиёсӣ ва ҳунарӣ таваҷҷуҳи байнулмилалиро ҷалб намуд.
"Ман чанд бор ба Маҷлиси Канада рафтам. Наққошиҳоямро бурдам. Хусусан наққошии хонуми чодарпӯшро. Дар он орзуҳоямро кашидаам, ки духтарони афғон ба ҳар шуғле ва ҳар орзуе, ки доранд, бирасанд," – гуфт ӯ.
Мехоҳам нишон бидиҳам, ки занон муҳим ҳастанд ва онон наметавонанд занонро аз таърих ҳазф кунанд.
Рубоба афзуд, чанде пеш аз сӯйи созмони "MAX Gala" дар Канада ба унвони ҳунарманди соли 2026 интихоб шудааст: "Аслан рӯҳи ман ҳам хабар надошт! Вақте гуфтанд, аз байни 200 нафар интихоб шудӣ, ҳам гиря мекардам ва ҳам хушҳол будам. Ба модарам тамос гирифтам ва орзу доштам, кош, модарам дар канорам мебуд."
Ин духтар ба далели вазъияти ҷисмонияш ҳаргиз натавонист ба мактаб биравад ва наққоширо ҳам ба таври худомӯз ва ҳаваскор оғоз кардааст. Вай мегӯяд, баробари ба қудрат расидани Гурӯҳи тундраве, ки соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, фазои кору зиндагӣ барои ӯ ба унвони наққош дар Афғонистон маҳдуд шуд ва озодӣ дар интихоби сужаҳояшро аз даст дод.
Аммо ҳоло дар Канада сақфи орзуҳои ӯ баландтар шуда, наққошияш аз ранҷҳо, боздоштҳо, умеду интизориҳои занон ва маълулони Афғонистон ҳикоят мекунанд. "Наққошиҳое, ки акнун мекашам, бештар дар мавриди занон аст. Мехоҳам нишон бидиҳам, ки занон муҳим ҳастанд ва онон наметавонанд занонро аз таърих ҳазф кунанд. Фикр мекунам, агар дар дунё зан набошад, ҷаҳон беранг аст."
Бо ин ҳол, масири як наққоши камтавон ё маълул на дар Афғонистон осон буда ва на дар Канада. Офаридани ҳар асар барои Рубоба бо дардҳои шадид дар пойҳо ва ҳатто аз даст додани яке аз дандонҳояш ҳамроҳ будааст; баҳои сангин барои зинда нигаҳ доштани ҳунар.
Ӯ гуфт: "Ман бо сиёҳқалам ва зуғол кор мекунам. Сахттарин кор бо қаламрангӣ аст. Ман ҳамеша бо як тарафи даҳонам қаламро мегирам ва ё ин вазъият, таркиб кардани чандин ранг ва даровардани ранги пӯстие, ки мехоҳам, воқеан сахт аст."
Бо тамоми ин ранҷҳо, Рубоба Муҳаммадӣ ҳанӯз даст аз руъёҳояш набардошта ва ҳадафи бузургеро дар сар мепарварад; орзуи сохтани мактабе барои касоне, ки мисли худаш аз омӯзиш маҳрум мондаанд.
"Дӯст дорам ин қадар пулдор ва машҳур шавам, ки битавонам як мактаби махсуси маълулин дар Афғонистон бисозам; чун ҳама мисли Рубоба нестанд, ки битавонанд бо китоб хондан ва корҳои дигар саводи худро боло бибаранд. Ман гоҳе ранҷ мебарам, ки мактаб нахондаам. Умедворам як мактаби бидуни зина ва бо лифти роҳат дар Афғонистон сохта шавад, ки маълулон осон боло ва поён бираванд," – илова кард ӯ.
Навор дар Инстаграм:
Гуфтугӯ