Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳрдори пешини Кӯлоб Бахтиёр Назарзодаро бозпурсӣ карданд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ моҳи июни имсол гуфта буданд, ки дар давраи кори Бахтиёр Назарзода дар ҳукумати Кӯлоб “тақсими ғайриқонунии замин, сохтакорӣ, қаллобӣ, тақсими нодурусти буҷа ва додани пора” ошкор шудааст. Худаш то кунун дар ин бора чизе нагуфтааст.
Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасод, гуфт, дар ҳақиқат, раиси пешини Кӯлобро дар бораи парвандаҳои дуздиву тассаруфи пули мардум пурсиданд, аммо ҷузъиёт надод.
Ӯ рӯзи 22-юми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, пас аз тафтиши молӣ ва харҷу хароҷоти маблағҳои давлатӣ дар ҳукумати Кӯлоб 11 парвандаи ҷиноӣ боз шуд: “Тафтиш идома дорад. Баъд аз анҷоми тафтиш ва пурра муқаррару барқарор шудани шумораи дақиқи зараре, ки Шумо пурсидед, мо иловатан хабар медиҳем. Ҳамин 11 парванда 39 нафарро дар бар мегирад.”
Маълум нест чанде аз онҳо мансабдорони собиқи ҳукумати Кӯлоб ҳастанд, зеро дар парвандаҳо номи намояндагони баъзе аз ширкатҳои хусусӣ низ будааст.
Манобеи огоҳи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ пештар гуфта буданд, ки дар ҷараёни тафтиш дастикам чор зердасти собиқи Бахтиёр Назарзода боздошт шудаанд. Манбаъҳо аз ин афрод Алишер Бобоҷонзода, муовини собиқи раиси Кӯлоб; Ҳабибулло Раҳимов, сардори собиқи Раёсати молия; Рамазон Бобоев, раиси собиқи Боғи Исмоили Сомонӣ ва Нуридини Шеравган, корманди пешини Идораи замини Кӯлоб ном бурданд.
Намояндагони Оҷонси мубориза бо фасод тасдиқ карданд, ки баъд аз санҷиш алайҳи Ҳабибулло Раҳимзода, сардори собиқи Раёсати молияи Кӯлоб ва як масъули дигари ҳукумат ва "намояндагони ширкатҳои хусусию таъмини мол" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои расмӣ, онҳо барои азхуд кардани пули давлат ва исрофу сохтакорӣ гумонзад ҳастанд. Назари худи онҳо то ҳол маълум нест.
Таҳқиқи молӣ ё сарфи дурусти пулҳои давлат дар ҳукумати Кӯлоб дар моҳҳои апрел-майи имсол сурат гирифтааст.
Бахтиёр Назарзода аз соли 2021 то моҳи январи соли 2026 раиси шаҳри Кӯлоб буд. Пас аз барканорияш, қарорҳои ӯ дар мавриди сохтмони бозор ва дӯконҳои тиҷоратӣ дар назди "Қалъаи Кӯлоб" бекор ва онҳо пурра тахриб шудаанд.
Аз ин пеш низ исми Бахтиёр Назарзода дар робита ба содир кардани чанд қарор дар робита ба додани замин ва суистифода аз мансаб расонаӣ шуда буд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2023 нишон дода буд, ки Назарзода аз мансаб ба фоидаи ширкати худ истифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, муассисаву хиёбонҳоро ба номи наздиконаш гузошта, барои ситоиш аз ҳар амали ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳеро аз ҳисоби хабарнигорон созмон додааст.
Видеоро дар инҷо бинед: