Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкараи "Модар" дар Тоҷикистон ба модари кӣ монанд бошад? ВИДЕО


Акси модари раиси шаҳри Кӯлоб (чап) ва муҷассамаи "Дуои модар"
Акси модари раиси шаҳри Кӯлоб (чап) ва муҷассамаи "Дуои модар"

Пайкараи "Дуои модар" дар Кӯлоб баҳсбарангез шудааст. Дар долонҳои ҳукумати шаҳр гуфтугӯҳое садо медиҳанд, ки он ба зудӣ бозсозӣ хоҳад шуд, чун "ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомадааст". Намояндагони ҳукумат қазияро шарҳ намедиҳанд.

"Ҳарчанд пайкара дар пайравӣ ба муҷассамаи ҳамном дар Хуҷанд сохта шуд, шабеҳи модари президент набудааст," – гуфт як манбаи наздик ба мақомоти маҳаллӣ рӯзи 3-юми ноябр.

Барои муқоиса ӯ лаҳзаҳои рӯнамоӣ аз муҷассамаи модарро дар Хуҷанд ва Кӯлоб мисол овард. "Ҳангоми рӯнамоии пайкара дар Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон ашк рехта буд, дар Кӯлоб ин манзара дида нашуд," -- афзуд мусоҳиби мо, ки нахост номаш фош шавад.

Баъзе аз шоҳидони маросим ба шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, президент муҷассамаро дар Кӯлоб "чандон хуш напазируфт" ва ҳатто ишора кардааст, ки "ба модараш монанд нест".

Манобеи наздик ба мақомоти маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пайкара шабеҳи модари Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб будааст. Модари ӯ соли гузашта фавтид. Кӯшишҳо барои тамос бо Назарзода рӯзи 3-юми ноябр бенатиҷа буд, то шарҳи масъаларо аз ӯ бипурсем.

Муҷассамаи "Дуои модар" дар Кӯлоб (чап) ва пайкараи ҳамномаш дар Хуҷанд (рост)
Муҷассамаи "Дуои модар" дар Кӯлоб (чап) ва пайкараи ҳамномаш дар Хуҷанд (рост)

Муҷассамаи "Дуои модар”-ро дар назди даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб сохтаанд. Онро Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафараш ба минтақа рӯзи 23-юми октябри имсол боз кард. Як сол пеш дар моҳи октябр муҷассамаи “Дуои модар” бо 13 метр баландӣ дар назди Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд қомат афрохт.

Маълум нест, сохтани муҷассамаҳои модар дар Тоҷикистон бар асоси дастури расмӣ ва аз рӯйи акси модари президент аст ё кӯшишҳои алоҳидаи мақомоти маҳаллӣ.

Намояндагони ҳукумат онро як нишонаи арҷгузорӣ ба занону модарон донистанд. Ба қавли Раъно Раҳимзода, сардори Идораи кор бо занони вилояти Хатлон, "гузоштани муҷассамаи модар нишонаи он аст, ки таваҷҷуҳ ба занону бонувон, ба хусус модарон, бисёр зиёд аст. Рамзи эҳтирому арҷгузорист.”

Пайкараи "Модар" дар Кӯлоб акси модари кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Дар айни замон баъзе аз коршиносон сохтани муҷассамаҳои пайиҳамро дар ин ё он минтақа мусобиқаи ниҳони мансабдорон барои ёфтани дили раиси ҷумҳури Тоҷикистон номиданд. Дар ҳоле ки аксар ҳайкалҳо қабл аз сафари президент сохта мешаванд.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ

Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, гуфт: “Тамоми мансабдорон медонанд, ки ҳама чиз дар кишвар вобастаи иродаи раисҷумҳур аст. Дар низомҳои худкома қонунмадорӣ вуҷуд надорад. Табиист, ки барои бақои худ талош мекунанд, бо як роҳе дили шахси аввалро ба даст биоранд. Медонанд, ки бақояшон аз ӯ вобаста аст. Манзур хидмат ба мардум нест, хидмат ба як шахс аст. Шахсе, ки худро хоҷаи мардум медонад.”

Дар гузашта дар Тоҷикистон сохтани пояи парчаму нишони давлатӣ, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ё нашру дӯхтани аксҳои гуногуни президент ба мусобиқаи эълоннашуда табдил шуда буд. Яъне, кӣ беҳтару баландтар месозад ва нишонрастар. Дар як соли охир сохтани муҷассамаи модар маъмул шудааст.

Мақомот ҳамвора пояҳову ҳайкалҳоро ҳосили самимияти мардум ба раиси ҷумҳур ва як бахши корҳои ободӣ дар минтақаҳо гуфтаанд. "Ин мусобиқаҳо, ки бештар ба эҳсоси раисҷумҳур мерасад, ё ашкашро берун мекунад ё хушҳолаш мекунад, реша дар низом дорад," – хулоса кард рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG