Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Данғара ё Кангурт? Баҳси ҳайкалгузорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон бозгаштааст


Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ҷилави қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ҷилави қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад

Нашрияи "Тоҷикистон" пешниҳоди ду нафарро нашр кард, ки мегӯянд, бояд ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, ҳайкал гузошт. Маълум нест, ин андеша чӣ қадар пуштибонӣ дорад, вале он сари чанд вақт рӯ мезанад ва мумкин аст, мақомоти расмӣ дар паси он бошанд.

Муаллифон чӣ мехоҳанд?

Ҳафтаи гузашта Тоҷиддин Қурбонов, ки аз ӯ аълочии матбуоти Тоҷикистон ном бурда мешавад, бо нашри мақолае пешниҳод кард, ки чунин пайкара дар ноҳияи Данғара гузошта шавад. Дар пайи он Зариф Ғулом, адиб ва ҳуқуқшиноси тоҷик дар матлаби дигаре дар ин нашрия рӯзи 8-уми сентябр навиштааст, зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик аст ва бояд ҳайкали ӯ дар ин деҳа қомат афрозад.

Ин ду пешниҳод баҳси ҳайкали касеро дубора зинда кард, ки "Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ" номида мешавад. Маъмулан, аксар пешниҳодҳо дар мавриди президенти Тоҷикистон, аз ҷумла додани мақоми "Пешвои миллат" низ аз чунин пешниҳодҳои як ё ду нафар дар матбуот оғоз шудаанд.

Зариф Ғулом
Зариф Ғулом

Зариф Ғулом, яке аз муаллифони пешниҳод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, назари каси дигар ӯро ангехтааст, то ақидаашро баён дорад: "Пешниҳодро хондам, гуфтам, ки ҳайкал дар зодгоҳ гузошта мешавад ва ман ҳам пешниҳоди худро кардам. 30 сол аст, ба халқи ман раҳбарӣ дорад, пешво аст. Аз вазъияти ниҳоят вазнин миллатро наҷот дод. Ҳайкал гузоштан нишонаи баланди қадрдонӣ ба як шахсияти таърихӣ аст."

Мусобиқаи "кӣ бештар тамаллуқ мекунад"?

Дар Қазоқистон ба Нурсултон Назарбоев, раҳбари пешини ин кишвар, ҳайкал гузоштаанд. Ӯ ҳарчанд аз раёсати ҷумҳурӣ истеъфо дод, ҳанӯз ҳам дар мансабҳои калидие чун раиси Шӯрои амният мондааст ва аз нуфузи зиёд дар тасмимгириҳои ҳукумат баҳравар аст.

Ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, ки бо низоми сахтгиронааш маъруф аст, низ пайкара сохтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, аз ҷумлаи раҳбарони "дарозумр"-и сиёсии Осиёи Марказист, ки ҳанӯз ҳайкал надорад. Дар қонуни "Пешвои миллат - Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ" банди вижае дар мавриди гузоштани муҷассама ба Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, аммо дар он гуфта мешавад, "пас аз вафоташ ба Пешвои миллат дар пойтахти Тоҷикистон ва зодгоҳаш муҷассама гузошта шавад".

Дар қонун равшан нагуфтаанд, ки ба гузоштани ҳайкал дар замони зинда буданаш иҷозат ҳаст ё на. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, бовар дорад, "бар хилофи пешбиниҳои қонунгузорӣ, чун худкомагӣ авлавият дорад ва шахсиятпарастӣ дар авҷ аст, амалӣ шудани ин пешниҳод имконпазир аст."

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

"Бисёр мояи таассуф аст. Барои тамаллуқкорӣ ба шахси аввал дар миёни мансабдорон як навъ озмун вуҷуд дорад. Ҳар кадом ба ҳар тарзе мехоҳанд, бо пешниҳодҳои тамаллуқкоронаи худ таваҷҷуҳ ҷалб кунанд. Кӣ оҳанги хуб менависад, кӣ суруди хуб менависад ё кӣ шахсиятсозии дурӯғин мекунад, ба як падидаи нохуб табдил ёфтааст," -- афзуд Ҳакимов.

Ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, маъмулан дар Тоҷикистон чунин пешниҳодҳоро аз номи сокинон ё адибону фаъолони ҷомеа дар миён мегузоранд ва вокуниши ҷомеаро мебинанд.

"Вақте Путин ҳайкал надорад..."

Бархе бар инанд, ки худи Эмомалӣ Раҳмон гузоштани ҳайкалро дар гузашта хуш надошт, чун дар ҷомеаи Тоҷикистон одат шудааст, танҳо барои шахсони фавтида пайкара гузоранд. Аммо ӯ замоне ба гузоштани аксҳояш дар кӯчаву хиёбонҳо низ зид буд. Баъдан гуё сокит шуд ва портретҳои бузургу барқадаш ҳама ҷоро фаро гирифт.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, бар ин аст, ки эҳтимол андешаи маъмул дар ҷомеа, ки ба афроди фавтида ҳайкал мегузоранд, дар сатҳи боло таъсир гузошта бошад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, "мо дар аксар ҳолат ба Русия тақлид мекунем. Вақте Путин ҳайкал надорад, ин ҷо ҳам фикр мекунанд, ки пас лозим нест. Ба фикрам, андешаи дар замони зиндагӣ ба инсон ҳайкал гузоштан хосияти хуб надорад, бештар таъсир гузоштааст."

Муаллифони пешниҳоди гузоштани ҳайкали Эмомалӣ Раҳмон бар инанд, ки бояд ин кор ҳатман анҷом ёбад. Зариф Ғулом ақидаи нагузоштани ҳайкали одами зиндаро "хурофот" медонад. Ӯ гуфт, ин пешниҳодашро расман ба ҳукумат нафиристодааст, вале бисёр мехоҳад, он амалӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон наздик ба сӣ сол аст, ки дар сари қудрат аст. Ҷонибдоронаш ӯро барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва ободкориҳо васф мекунанд. Мунтақидонаш мегӯянд, ӯ ҳукуматро хонаводагӣ кард, мухолифонро саркӯб намуду ронд, натавонист бар коррупсия пирӯз гардад ва кишварро ба буҳрони бекорию муҳоҷират печонд.

Дар зимн, баъзе аз расонаҳои байнулмилалӣ ишора мекунанд, ки ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе чеҳраи Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меорад.

XS
SM
MD
LG