Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали Исмоили Сомониро дар ноҳияи Рӯдакӣ аз пули мардум сохтанд, ё аз "Фонди ободонӣ"?


Аз рӯйи ин муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Шаҳринав рӯзи 30-юми сентябр пардабардорӣ шуд

Баъзе аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ки аз онҳо барои сохтани пайкараи Исмоилӣ Сомонӣ, асосгузори давлати Сомониён, аз 50 то 500 сомонӣ гирифтаанд. Масъулони ҳукумати ноҳия мегӯянд, пайкараи Исмоилӣ Сомонӣ бо пули "Фонди ободонӣ"‑и ноҳия сохта шудааст ва касе аз сокинон пул нагирифтааст.

Бунёди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, ки дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 9,3 метр баландӣ дорад, дар ноҳияи Рӯдакӣ ним сол пеш оғоз шуд ва рӯзи 1-уми октябр ҳангоми сафари раиси ҷумҳурӣ аз рӯйи он пардабардорӣ карданд.

Корманди яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 30-юми сентябр ба Радиои Озодӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, аз онҳо барои сохтмони ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва барои омодагӣ ба пешвози президент 500 сомонӣ гирифтаанд. “Ҳар ҷамоатро вобаста карда буданд, ки барои сохтмони ҳайкал аз соҳибкорон ва худи кормандони ҷамоату мактабҳо пул ҷамъ оранд. Аз худи ман 500 сомонӣ гирифтанд, ки ин маоши ниммоҳаам буд”, -- гуфт ин масъули яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ.

Хабари ҷамъ кардани маблағ барои пешвози президент ва сохтани ҳайкали Сомониро шаш тан, аз ҷумла омӯзгорон ва кормандони сатҳи поёнии ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ тасдиқ карданд. Як омӯзгор гуфт, ки аз ӯ 50 сомонӣ гирифтаанд.

Давлатманд Боронзода, раиси дастгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, иддаои кормандони ниҳодҳои давлатиро дар робита ба ҷамъоварии маблағ барои сохтани ҳайкали Исмоили Сомонӣ рад кард.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин пайкара бо маблағи “Фонди ободонӣ” сохта шудааст. “Чӣ қадар пул сарф шудааст, инро масъулони сохтмон медонанд”, ‑ гуфт ӯ.

“Фонди ободонӣ” дар шаҳру навоҳӣ чанд соле пеш ба хотири “бунёдкориҳо” таъсис ёфт. Дар асл ин фонди ҷамъиятӣ буда, бештар ба он сокинону соҳибкорон ё ба ибораи маъмули кормандони мақомот, “афроди саховатпешаю ватандӯст” пул мегузаронанд. Дар асл, ба гуфтаи сокинони аксар шаҳру навоҳӣ, онҳоро барои гузаронидани пул ба ин Фонд маҷбур мекунанд.

Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ касе дақиқ гуфта натавонист, ки барои ҳайкал чӣ қадар маблағ сарф шудааст. Абдукарим Суфизода, сармеъмори ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, “маблағи муайяне сарф шудааст”, вале фурсати шарҳ додани онро надорад.

Аммо ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ки аз ҷамотҳои ин ноҳия ҳудуди ним миллион сомонӣ ҷамъ шудааст, вале маълум нест, чӣ қадари он дар бунёди ин ҳайкал сарф шудааст.

Ҳайкали Исмоили Сомониро ҳамчун рамзи давлатдории миллии тоҷикон соли 1999 бори аввал дар маркази Душанбе сохтанд. Аксар таърихдонҳо бар ин боваранд, ки ӯ дар солҳои 874 то 892 нахустин давлати миллии тоҷиконро асос гузоштааст.

Мақомот мегӯянд, ҳайкал далели худшиносӣ ва “зеби як гӯшаи диёр аст”.

Коршиносон мегӯянд, дар шароите ки Тоҷикистон бо буҳрони коронавирус дасту панҷа нарм мекунад ва иқтисоди кишвар гирифтори мушкил аст, талаби пул аз кормандони одӣ ва сокинон барои сохтани ҳайкал “амали нозарур аст”.

Шуҳрат Шарифов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, “бояд ба президент расонанд, ки сохтмонҳову ҳайкалҳое, ки дар ифтитоҳашон иштирок мекунад, самимӣ нестанд. Ё соҳибкоронро маҷбур кардаанд, ки онҳоро созанд ва ё аз мардум маҷбуран пул ҷамъ кардаанд. Аз ҳамон ҳайкале, ки бо ними нони як омӯзгор сохта шудааст, чӣ фоида мебинем? Беҳтар буд, ки имсол ба хотири пандемия президенти кишвар ба навоҳӣ сафар намекард.”

Мақомот мегӯянд, президенти кишвар аз вазъи зиндагии мардум дар ин сафарҳо бохабар мешавад ва ҳар сафараш ба пешрафти шаҳру навоҳӣ мусоидат мекунад.

Солҳо боз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии кишвар сафар мекунад. Дар ҷараёни сафар биноҳои навсохти мактабу беморхона, корхонаҳои хурдро бо буридани лентаи рамзӣ ба истифода медиҳад.

Сафари президент имсол бо вуҷуди интиқодҳо дар авҷи пандемияи коронавирус бо ҷамъомадҳои бузург дар шаҳру навоҳӣ идома кард. Рӯзи 1-уми октябр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯдакӣ рафт ва дар қатори чанд иншоот, инчунин аз рӯйи ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази ин ноҳия парда бардошт.

Шарҳҳоро бинед (22)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG