Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллоҳои тоҷик дасти шикастаи Ленинро таъмир карданд


Муҷассамаи Владимир Ленин дар ноҳияи Шаҳритус

Имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъ дар ноҳияи Шаҳритус дар иқдоми камсобиқае як дасти шикастаи ҳайкали Владимир Ленин, пешвои коммунистҳоро таъмир карда, пайкараи дар зери барфу борон ва таъсири офтоб тирашудаашро рангу бор намуданд. Онҳо гуфтанд, ки ин кор ихтиёрӣ ва бо харҷи пулҳои хайрияи мардум сурат гирифтааст.

Нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст.

Пешвои коммунистҳо ба хотири ақидаҳои зиддидиниаш ҳамеша мавриди накӯҳиши руҳониёни мусалмон будааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баъзеҳо тахмин мезананд, ки шояд имом-хатибон таҳти фишор ваё бо дархости ҳукумати ноҳия ҳайкалро таъмир кардаанд.

Маҷбурӣ ё довталабона?

Меҳриннисо Раҷабзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин кори довталабонаи рӯҳониён буд". "Худашон омада, ҳайкалро таъмир ва атрофи онро аз ифлосиҳо тоза карданд. Фаввораи атрофи ҳайкал низ кор мекунад ва ин минтақа хеле зебо шудааст", - афзуд ӯ.

Масъули дигари ҳукумати Шаҳритус дар вилояти Хатлон гуфт, ки раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода аз имом-хатибон ситоиш кардааст. Раис гуфтааст, ки рӯҳоёнин бо ин корашон "рӯҳи Ленинро шод карданд".

"Пули хайрияи мардум буд"

Як имом-хатиби масҷиди ҷомеъ дар ноҳияи Шаҳритус бидуни бурдани номаш гуфт, ҳар ҳафта дар масҷид то 1000 сомонӣ пули хайрия ҷамъ мешавад ва онҳо ин маблағро ба корҳои ободонӣ сарф мекунанд. Мусоҳиби мо гуфт, ҳафтаи гузашта ин пулҳоро барои ободу зебо кардани муҷассамаи доҳии коммунистҳо ва атрофи он додаанд.

Исомиддин Муродов, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шаҳритус, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҷамъ шудани пули хайрия дар намозгоҳҳоро тасдиқ кард, аммо нахост дар бораи таъмири ҳайкали Ленин суҳбат кунад.

Ҳайкалҳои Ленинро бармечинанд

Таъмири дасти шикастаи Ленин аз тарафи масҷидҳои ноҳияи Шаҳритус дар ҳолест, ки соли 2016 мақомоти ин ноҳия бузургтарин муҷассамаи пешвои коммунистҳоро аз назди бозори марказӣ ба ҷамоати Обшорон бурданд. Ин ҳайкал то ба ҳол дар ҷойе насб нашудааст ва дар ҳоли харобшавист. Мақомот бо сабаби васеъ кардани назди бозор ин ҳайкалро, ки чаҳор метр дарозӣ дошт, барчида буданд.

Бузургтарин ҳайкали Владимир Ленин ҳафт сол пеш аз маркази вилояти Хатлон барчида ва ба идораи бунёди боғҳо супурда шудааст. Дар ҳоли ҳозир бузургтарин ҳайкали Ленин дар маркази шаҳри Норак боқӣ мондааст.

То чанд соли пеш муҷассамаҳои Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро зеб медод. Аммо ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленин бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ва асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ ё Рӯдакӣ ва Мавлавӣ иваз карда шуданд.

Муҷассамаи Ленин дар шаҳри Норак
Муҷассамаи Ленин дар шаҳри Норак

Нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом дар моҳи сентябри соли 1991 мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард ва ба силсилаи гирдиҳамоиҳо идома бахшид. Бисёриҳо ин воқеаро оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон мешуморанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG